Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БО АМРИ ИШҚ



1.
Дар замони гузаштаи бедод,
Ошиқонро набуд рӯзи сафед.
Ошиқи дилшикастаи ношод,
Дошт аммо ба дил ҷаҳони умед.
З-ин сабаб бо хаёли рӯзи висол,
Шаби торикро саҳар мекард.
Ҳар нафас он зи пастии иқбол
Оҳи ҷонсӯз аз ҷигар мекард.
Тира метофт пеши чашмаш рӯз,
Баски бахташ надошт ҳеҷ барор.
Толеу қисматаш набуд ба ҷуз,
Сахтии рӯзгори ноҳинҷор!
Расму оини он замонаи шум
Мефузуд бар дили ҷавонӣ дард.
Буд ишқи дил он замон маҳкум,
Ин ба ошиқ чӣ ғусса меовард!?
Мефиристод агар ба хонаи ёр
Хостгоре ҷавони дилдода,
Менамуданд шарти зӯре бор,
Ки ба иҷрош гардад омода.
"Синаи кӯҳро шикоф кунад,
Ё ки қасри бузург созонад.
Гар ба ин кор қувваташ нарасад,
Мон, ки аз ишқ рӯй гардонад".
Бо чунин шарти ишқ ошиқи зор,
Баҳри иҷрои он камар мебаст.
Лек нодида рӯзи васли нигор,
Аз ҳаёт ӯ ду чашми тар мебаст…
То кунун кӯҳҳои синашикоф,
Ёдгор аз гузашта мавҷуданд.
Ошиқон кандаанд бо дили соф,
Лек аз ранҷи хеш н-осуданд.
Низ ин гуна кӯҳ дар Қаратоғ,
Дар лаби рӯди шӯх истодаст.
Номи кобандааш намоӣ суроғ,
Ҳар кӣ гӯяд, ки кори Фарҳод аст.
Гарчи ошиқ менамуд иҷро
Шарту амри муҳаббати ҷонон,
Бар висолаш намерасид асло,
Дар ҳамин роҳ мешуд он қурбон.


II
Рафт он давру даври нав омад,
Роҳи ошиқ кунун ҳамеша сафед.
Шодмонии он надорад ҳад,
Дар дилаш ҳаст як ҷаҳон уммед.
Шартмонӣ агарчӣ ҳоло ҳам
Расму оини дӯстдоронанд,
Шартро назди ошиқон ин дам,
Падару модарон намемонанд.
Даври нав шартҳои нав дорад,
На шикофидани дили кӯҳе,
На ғаму кулфати берун аз ҳад,
На ҷудоии пур аз андӯҳе.
Хоҳиши духтарони давраи мо
Аз ҷавонони босабот ин аст:
Рафта хонанд то ба донишгоҳ,
Дониши пухта оваранд ба даст.
Ё ки дар кор пешрав бошанд,
Ки ҳама шод гардад аз онҳо.
Доимо ғолиби гарав бошанд. –
Ин бувад шарти духтарони мо.
Инчунин шарти ишқ бар ошиқ
Коми нав дар ҳаёт мебахшад.
Болад аз амри додааш маъшуқ,
Баски ин ҳиссиёт мебахшад.
Дар канори диёри хурраму шод:
Ишқи мо ҳаст
Комронии мо!
Зинда бош, эй муҳаббати озод!
Пеш рав!
Пеш рав,
Ҷавонии мо!







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »