Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ТӮҲФАИ ИДӢ



Тамоми рӯз андар пахтазорон
Намуда кор бо шавқи дучандон,
Графикро баҷо оварда, чидӣ
Фузун аз ҳосили хубу фаровон.

Бале бар ту, гаравро дина бурдӣ,
Ба хирман пахтаи афзун супурдӣ.

Ҳанӯз афзун бувад гавҳар ба саҳро,
Барои чиданаш ғайрат биафзо.
Бибояд саъю кӯшишҳо намоӣ,
Нагардад то талаф як пағға, асло!

Ватан меболад аз ин ҳиммати ту,
Аз ин рафтору азму ғайрати ту.

Зиҳӣ, парвардаӣ ин гуна ҳосил,
Ки он шуд боиси хурсандии дил.
Туро дар ҳар куҷо таъриф созанд,
Ҳама бар меҳнатат гаштанд қоил.

Ту фарзанди вафодори замонӣ,
Далеру бовафову қаҳрамонӣ.

Азизам, духтари хушбахти колхоз,
Туӣ аз бахту даври худ сарафроз.
Ҳусули меҳнатат бар ҷашни Октябр
Шавад як тӯҳфаи арзандаю соз.

Ба давре, к-орзӯ шуд ҳамнишинат,
Ҳунарвар дасти ту дарде набинад!

Ноябри 1953.







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »