Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ТӮЙ


Ба қишлоқи мо дина як тӯй шуд,
Чунон тӯи зебову дилҷӯй шуд,
Ки он на бо оини дерина буд,
Аз ин рӯй ҳам дилкашу нағз шуд.
Ҳама меҳмонон ба гирди стол
Нишастанд шодонаву некҳол.
Зиҳӣ, зиндагонии озоди мо,
Зиҳӣ, кишвари доимободи мо!
Зиҳӣ, навҷавонии бас дилписанд,
Ҳаёти дилафрӯзу бахти баланд!
Касе к-он ба паҳлӯи домод буд,
Арӯси фараҳманду дилшод буд
Ба як сӯ навозандагони ҷавон,
Навозанд оҳанги шӯхи замон.
Ба сӯи дигар соқӣ бар ҷомҳо
Ба шодӣ бирезад маи софро.
Дили ҳозирон шодмон сарбасар
Аз ин тӯи фирӯзи тоҷикписар.
Даме ки ҳама ҷом бардоштанд
Ба бахти ҷавонони толеъбаланд,
Яке кард таклиф аз он миён,
Ки гӯяд сухан модари меҳрубон.
Дар ин тӯи некӯи фарзанди худ,
Арӯси сарафрозу дилбанди худ.
Пас он дилҷавон модари мӯсафед
Гирифта қадаҳро ба ишқу умед,
Суханро ҳамоно чунин сар намуд:
"Ман имрӯз дар тӯи фарзанди худ
Ҳаменӯшам, эй меҳмонони ман,
Писарҳои беҳ аз дилу ҷони ман.
Зи ман орзӯю умеди калон
Ҳамин, ки ба ҳар кӯю ҳар хонадон
Фақат базму тӯю тамошо шавад,
Ки он боиси ҷӯши дилҳо шавад.
Ба мо даври нав дода қонуни нав,
Ки бо он ҳама кор шуд пешрав.
Аз он халқи мо сарбаланд асту шод,
Аз он комронии мо умрбод.
Арӯси азизам, ту озод зеҳ,
Писарҷони ман, доимо шод зеҳ!
Намоед хизмат барои Ватан,
Азизон, чу фарзандҳои Ватан.
Ки ман дар дами пириам аз шумо
Кунам фахру бошам ҳамеша ризо!"

Кунун тоҷикони саодатқарин
Ҳамоғӯши бахту ҳаёти навин.
Ба ҳар хонадон инчунин тӯйҳо
Фараҳбахш ҳар лаҳза гардад бапо.
Ба мо даври нав дода қонуни нав,
Ки бо он ҳама кор шуд пешрав!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »