Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МЕҲРИ МУАЛЛИМ



Имрӯз туро, азиз устод,
Бо меҳри зиёд мекунам ёд.
Бинмуда сухан ман аз ту оғоз,
Гаштам зи матонатат сарафроз.
Чун хома ба номи ту гирифтам,
Илҳоми нави накӯ гирифтам.
Бар ман ту дари фунун кушодӣ,
Ҳам дафтару ҳам китоб додӣ.
Дидам зи ту шафқату навозиш,
Ҳам меҳру муҳаббати зи ҳад беш.
Дар партаи мактабӣ нишондӣ,
Бар тарбиятам ту зеҳн мондӣ.
Аз ҳар суханат, ки мешунидам,
Ман гавҳари баҳри маънӣ чидам:
Маънии садоқату ҷавонӣ,
Маънии ҳаёту зиндагонӣ,
Маънии ба халқ бовафоӣ,
Мардонагию ғазалсароӣ.
Маънии Ватан, замонаи бахт,
Ҷонбозӣ барои хонаи бахт.
Бар ман ту зи илм бол додӣ,
Фазлу амалу камол додӣ.
Дар назди ту хонда чордаҳ сол,
Омӯхтам аз китоби иқбол.
Устоди ман, эй муаллими ман,
Дил аз суханони туст равшан.
Бар ин ҳама аз ту шодмонам,
Васфи ту ҳамеша дар забонам.
Аз меҳру вафот шеър гуфтан
Осон набувад, азиз, бар ман.
Зеро ки ҳанӯз ман ҷавонам,
Тавсифи туро куҷо тавонам?
Ҳар гаҳ, ки замон маҳоратам дод,
Шоён асаре намоям эҷод,
К-он шоҳиди ҳиммати ту гардад,
Шоистаи шафқати ту гардад!

Соли 1951.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »