Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ШАБНАМ БА РУХИ ПАХТАИ ХАНДОН АФТОД



Саҳрои васеи мо аҷаб дилҷӯест,
Хушбаҳраву роҳатовару некӯест.
Ҳар сӯ нигарӣ, ҷӯшу хурӯши кор аст,
Дар водии зарфишон, бигӯӣ, тӯест.

Аз гармии меҳнаташ, нигар, бар сари кор,
Сурх аст ду рӯи ёри ман мисли анор.
Табъаш зи барори ҳимматаш меболад,
Завқи дилаш аст з-ин сабаб ҳам бисёр.

Вақте назарам ба рӯи ҷонон афтод,
Шавқи дили ман ба ҷӯшу туғён афтод.
Дидам ба рухаш арақ гумон бинмудам,
Шабнам ба рухи пахтаи хандон афтод.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »