Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ПОСБОНИ СУЛҲ



Дар шаби дилкушои роҳатбахш,
Ки ба кас шавқи тоза мебахшад.
Нашъаи нав, ҳаловату роҳат,
Рӯҳи нав, завқи тоза мебахшад,
Коргар баъди кори рӯзона,
Ки ба кори азим саҳм гузошт,
Мекунад истироҳати маданӣ.
Рӯзи нав боз ҳисса бояд дошт.
Инчунин колхозчии машҳур,
Ки ба саҳро намуд кори фузун,
Бофароғат ба хоби ширин аст,
Ӯст аз бахту даври худ мамнун.
Ана, он боғбони таҷрибадор,
Ки ба ҳар як ниҳоли боғи ҷавон,
Бо муҳаббат нигоҳубин мекард,
Хоб ҳоло намуда роҳати ҷон.
Лек бо меҳр дар ҳамин гуна шаб,
Аз зафарҳои кишвари обод,
Бастакори ҳунарвари тоҷик
Мекунад савти тозае эҷод.
Ончунон савти шӯхи тантананок,
Ки дили одамон аз он ҷӯшад.
Баҳри ҳар як муборизи раҳи сулҳ
Бахшад уммеду қувваи беҳад.
Меҳрубон модари шафиқу азиз,
Назди гаҳвораи ҷигарбандаш,
Ноғунуда нишастааст бедор,
Ки равад хоб тифли дилбандаш.
Бо камоли вафову меҳри баланд,
Маҳд ҷунбонда "алла" мехонад.
Ваҳм аз ҳеҷ кас надорад ӯ,
Баски мардонагет медонад.
Дар шабе, ки надорад ӯ ҳамто,
Ҷовидон гаштааст ғарқи нур,
Баҳри ҳифзи ҳаёту осоиш,
Ту ба сарҳад ситодаӣ масрур.
Карда иҷро вазифаи олӣ,
Ки туро он супориши халқ аст,
Қарзи фарзандиат адо созӣ,
Шаъни худро наменамоӣ паст.
Нағз медонӣ ин ки мебошӣ
Посбони ҳаёти хуррами халқ,
Рӯзҳои бузургу давраи нек,
Кишвари ботавону аъзами халқ.
Менамоӣ ҳимоя з-офату шар,
Бахти мо, комронии моро,
Меҳнате, ки барои ободист,
Ватани шодмонии моро.
Ту ба сарҳад ситодаӣ маҳкам,
Устувору далер мебошӣ.
Шаби хушбаҳраи Ватанро низ
Бонии беназир мебошӣ
Солдати амният ва осоиш
Туӣ, эй ҳомии диёри мо!
Зираку тезбину ҳушёрӣ,
З-ин сабаб ҳастӣ ифтихори мо.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »