Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

СТУДЕНТ




Шаб…
Ту биншастаӣ ба назди стол,
Чашми худро намеканӣ зи китоб.
Ҳар варақро ба сидқ мехонӣ,
Нест дар дидаат нишон аз хоб.

Мумкин аст ин ки аҳли хонаи ту,
Ҷумла хобидаанд бороҳат,
Ҳама хобидаанд, дар воқеъ
Тез хуфтан туро нашуд одат.

Хуб медонӣ, он чиро дар синф
Аз забони муаллимат шунавӣ,
Пурра дар ёди кас намемонад,
З-ин сабаб лозим аст саъйи қавӣ.

Мешавад пурра дониши одам,
Хондаашро агар кунад такрор,
Чунки такрор – модари дониш –
Гуфтаанд одамони таҷрибадор.

Ту ҳамин гуфтаро ба хотири худ
Нағз бигрифтаӣ, шараф бодат!
Саъю кӯшиш намуда бо дили соф,
Илмомӯзӣ кардаӣ мақсад.

Дар ҳамин роҳи нек мекӯшӣ,
То қариби саҳар нахуфта мудом.
Ҳар варақро ба сидқ мехонӣ
Гашта-гашта ба тамкину ором.

Ман туро дида, ёд меорам
Давраи студентии худро.
Ҳам ҳамон дӯстони ҳамтаҳсил,
Ки ба ҳам ғамгусор будем мо.

Институт чун тамом бинмудем,
Мо шитобон шудем аз паи кор,
Бо дили шоду ҳиммати афзун,
Бо камоли муҳаббати бисёр.

Мумкин аст он рафиқи ғармии ман,
Чун ту ҳоло нишаста назди стол,
Ҳар варақро ба сидқ мехонад,
Бо дили пур зи меҳр некӯҳол.

То саҳар аз барои шогирдон
Шодмонона фикри нав гӯяд,
Дониши нав бубахшад онҳоро,
Мушкилаш аз китоб меҷӯяд.

Ана, ман ҳам нишастаам бедор,
Кардаам тарк хоби ширинро,
То яке шеър бахшамат, ҳастӣ
Қуллаи илмро ту фатҳнамо!
Соли 1951.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »