Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

АГАР СУРАТКАШЕ ҲАМРОҲ МЕБУД



Ба вақти кори саҳро дидам ӯро,
Қависаъю тавоно дидам ӯро.
Миёни пахтазорони сафобахш,
Чунон хушрӯю зебо дидам ӯро.

Ба сар рӯмолчаи ранги гулобӣ,
Ба тан пироҳани оддӣ-нилобӣ.
Ба дил як олам ишқ ӯ кор мекард,
Зи меҳнат баски дида комёбӣ.

Гаҳе бар сӯи як зебоҷавоне,
Нигоҳе карда мемонад ниҳонӣ.
Ҷавон ҳам гоҳ-гоҳе ҷониби он
Назар меафканад бо меҳрубонӣ.

Барои он, ки дигарҳо надонанд,
Намуда шӯхӣ номи нав намонанд,
Нигоҳи ҳарду ҳам рустию дуздист,
Ба як тарзе, ки хоси ошиқонанд.

Бигӯӣ, ҳарду ҳамро бо назора,
Ба сӯи пеш бинмоянд ишора,
Ҷасоратро бидида фахр созад
Фазои кор з-ин ҷуфти ситора.

Ба ман табелчии колхоз гуфто:
"Далеру кордон ин духтари мо.
Агар сураткаше ҳамроҳ мебуд,
Ҳамебурдед бо худ сураташро.

Дар он сурат намерафт ин мулоқот
Шуморо дар тамоми умр аз ёд.
Агар ҳар бор медидед, шояд,
Барои шеъри нав илҳом медод".

Гумон мекардам он ёри накӯкор,
Ба кор устою усто не ба гуфтор.
Хато кардам, хатои сахт кардам,
Маҳорат дошт он дар нутқ бисёр.

Ба моён гуфт ӯ бо рӯи хандон:
"Наям ман зидди ин фикри шумоён,
Вале бахшидани сурат хуш он гоҳ,
Ки кас иҷро намояд аҳду паймон.

Даме, ки дар гарав ғолиб оям,
Планро барзиёд иҷро намоям,
Фиристам сурате он гоҳ шуморо".
Ҷавоби он писанд омад бароям.

Пас аз ин гуфтаҳо бар кор биштофт,
Ба пеши чашмам истиқболи ӯ тофт.
Агарчӣ сураташ ҳамраҳ набурдам,
Ба албоми дилам арзанда ҷо ёфт.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »