Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ДУХТАРИ ҒАЙРАТМАНД



Ин духтари номдори меҳнатро бин,
Мардонагию вафою ҳимматро бин.
Ҳаргиз накунад ба кори саҳро сустӣ,
Саъю амалу кӯшишу ғайратро бин!

Дар маҷлиси колхоз – байни ёрон,
Бар зимма гирифт ӯҳдадории калон.
Дод ӯ сухане, ки мечинад дар мавсим
Аз пахтаи навъи яккачин понздаҳ тонн.

Пеш аз ҳама кас ба пахтазорон ояд,
Бо меҳри бузургу шавқи ҷӯшон ояд.
Раққоса барин панҷаи ӯ дар ҳаракат,
Дар байни ниҳолҳо ба ҷавлон ояд.

Ӯ соли гузашта ғолиби сабқат буд,
Имсол зи нав ғайрати худро афзуд.
То шӯҳрати порсола аз каф наравад,
Аз аввали сол кори шоён бинмуд.

Дирӯз ба вақти кор дидем ӯро,
Пурғайрату зарбдор дидем ӯро.
З-андоза бурун зи ҳимматаш шод шудем,
Дар шодиву ифтихор дидем ӯро.

Бинед, ки ӯ чӣ қаҳрамонӣ дорад,
Дар арсаи кор паҳлавонӣ дорад.
Оре, ба Ватан мекунад изҳори вафо,
Иқболи баланди ҷовидонӣ дорад.

Ҳар гаҳ ки бигардад ӯҳдадорӣ иҷро,
Тӯи зафару фатҳ намоем бапо.
Дар васфи ту боз, духтари ғайратманд,
Шеъре бинавишта хонам аз рӯи вафо.

Октябри соли 1953.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »