Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

АЗ ВОДИИ НАВ

Сюита

1.
Дарахту сабзаву гул зеби боғу майдон аст,
Зи файзи зиндагии мо баҳор хандон аст.
Нигар, зи қудрати партия мамлакат хандон –
Ливои фатҳу зафар дар Ватан ба ҷавлон аст.

Чу дил ба синаи мо меҳри партия ҷо шуд,
Ки он асоси шууру саодати мо шуд.
Шараф ба партия, к-аз ҳар шарораи меҳраш
Ба ҳар канор замине шукуфту зебо шуд.

Диёри мо, ки кунун мулки пахтакорон аст,
Диёри мардуми аз пахта номдорон аст,
Замини нав бикушоем баҳри равнақи он,
Барои ин мадад аз ҳар тараф фаровон аст!

2.
Дар водии Ёвон
Бисёр замин аст.
Аммо набувад об,
Душворӣ ҳам ин аст.

Бигзашт замонҳо,
Ин ташнабиёбон
Лабташна бихобид.
Ғайр аз нами борон.

Оё гунаҳи ӯст,
Обаш набуд охир.
Омад ба сари ӯ
аври сара ҳозир!

Мо банд гузорем
Пеши раҳи дарё.
То ин ки биёрем
Мо об ба он ҷо.

Об ояду ин дашт
Гардад чаманистон.
Як водии дигар
Чун Вахш шавад он!

Васфаш бисароем
Бо шавқу ҳавас мо:
Як водии навбар
Шуд манбаи тилло!

3.
Дил ба туғён ояд аз шавқи тамошои шумо,
Дида вақти кор бинад рӯи зебои шумо.

Азматон бе мислу монанд аст дар кори Ватан,
Боиси хурсандии мо кори аълои шумо.

Дардро ҳаргиз набинед, эй рафиқони азиз,
Дард оҷиз пеши бозӯи тавонои шумо.

Чун замини нав барои кишти нав бикшодаед,
Ҳамсари хуршед хоҳад буд фардои шумо!

4.
Ҳар гиёҳе қад кашад дар хоки мо,
Файзи нав бахшад ба хоки поки мо.
Мевазад аз водии нав бӯи хуш
Бар машоми халқи шӯҳратноки мо.

Дар замони нав ба мақсад мерасем,
Мо камар бастем дар кори азим.
Бар замини бесамар бахшем нур,
Роҳи халқи мост – роҳи мустақим!

Мақсади мо равнақи боғу баҳор,
Шуд зи мо обод дашту кӯҳсор.
Ин барои он, ки дар рӯи ҷаҳон
Дӯстиву сулҳ монад пойдор!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »