Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ЯК ҶАҲОН ОРЗӮ БА ДИЛ ДОРАМ



Роҳи ман равшану садафосост,
Толеам беназир дар олам.
Бахти ман пурзиёю бекамукост,
Ишқи ман бебаҳою мустаҳкам.
Шодам аз модари киромии худ,
Ки маро дар чунин замона бизод.
Зиндагии накӯ насибам шуд,
Давр иқболи бемисолам дод.
Чашм бикшодаму ба пеши назар
Дидам айёми нусратоинро,
Дар нигоҳу табассуми модар
Завқро, хандаҳои ширинро.
Чун гули боғ аз ҳавои баҳор,
Ҳар нафас, ҳар дақиқа мерастам.
Баъди чанде муаллими ғамхор
Хома доду китоб бар дастам,
То ки хонам, савод омӯзам,
То ки як вақт ман ба кор оям.
Баҳри халқу диёри фирӯзам,
Хизмати содиқона бинмоям.
Саъю ғайрат намудаму хондам
Бо ҳазор ишқу бо ҳазор уммед.
Зеҳну диққат ба хонданам мондам,
Мақсадам ҷомаи амал пӯшид.
Бин, ба меҳнат кушода шуд роҳам,
Дод бар ман ҳаёт номаи кор.
Гуфт: акнун миёни худ маҳкам,
Баста хизмат намо барои диёр.
Кор бояд намуд мардона,
Хоҳиши халқу мамлакат ин аст.
Раъйи модар ва ёри ҷонона,
Матлаби дӯстон фақат ин аст.
Дилам имрӯз медиҳад фармон,
К-азми худро нишон диҳам дар кор.
Кор бояд намуд бо виҷдон,
То писанд ояд он ба халқу диёр.
Ватанам – модарам барои ман
Зиндагонии чун шакар додаст.
Дили пурҷӯшу азми бемонанд,
Давлати зӯру пурзафар додаст.
Ман дар оғӯши гарми ӯ растам,
Шодфарзанди арсаи корам.
Чун ба кори Ватан камар бастам,
Як ҷаҳон орзӯ ба дил дорам.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »