Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БА АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО



"Эй кош бидонаме, ки ман кистаме
Саргашта ба олам аз паи чистаме.
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме
В-арна ба ҳазор дида бигиристаме".
(Абуалӣ ибни Сино)


Он тиразамон, ки зистаӣ андар он,
Ҳаргиз нашинохт қиматат он даврон.
Афтода ба зери бори таъқиб шудӣ
Аз дарду ғами замонаи худ нолон.

Нолидиву ҳеҷ кас ба додат нарасид,
Бар қимати донишу саводат нарасид.
Азбар бинамудӣ илми дунёю валек
Як лаҳзаи хуррамеву шодат нарасид.

Гуфтӣ, ки ту аз бахти забун н-осудӣ,
Аз пастии иқболи нагун н-осудӣ.
Оре, ту ҳаёти халқро дида ба чашм,
Резонда ба ҷои ашк хун, н-осудӣ.

Даври ту, ки буд давраи тираву тор,
Даври ситаму ҷафову зулми бисёр,
Аз мушкилии ҳаёт дилтанг шудӣ,
Аз дасти гурӯҳи нокасони ғаддор.

Илми ту ба даҳр шӯҳрататро афзуд,
Шахсе ба фунун баробарат ҳеҷ набуд.
Бо ин ҳама, як тӯда харон аз баҳрат
Бинмуда буданд дору зиндон мавҷуд.

Аммо наҳаросидӣ зи бӯҳтони зиёд,
Бинмудӣ зи кори хеш халқатро шод.
Кӯшидӣ барои илм, агарчи даврат
"Ҳаргиз гираҳи кори касеро накшод" .

Бар махзани илм ганҷи афзун додӣ,
З-ин рӯй ба аҳли илм ту устодӣ.
Зеро ки ба азми зӯру бо фикри баланд
Таҳкурсии илми тибро бинҳодӣ.

Бо ёрии дӯстонаи халки кабир –
Руси башуҷоати тавонову далер,
Мисли ҳамаи халқи Ватан, халқи ту ҳам
Озод шуд аз доми ҷафову тазвир.

Халқи ту кунун вафову ҳиммат дорад,
Дар меҳнату кори худ шуҷоат дорад.
Дар оилаи муқаддаси беҳамто
Хуш зиндагӣ, обрӯву иззат дорад.

Бикшода ҳамон дидаи гирён акнун,
Бингар ту ба халқи чеҳрахандон акнун.
Дар байни тамоми халқҳо гардидӣ
Лоиқ ба ҳазор ҳурмату шон акнун!

Ту марди ҳазорсолаӣ, шод бизеҳ.
Ҷовид, зи ҷабру ғусса озод, бизеҳ.
Бикшода ҳамон дидаи гирён акнун
Бо халқ дар ин кишвари обод бизеҳ.

Насли ту аз он шод, ки дар ин даврон
Бо хоҳиши ҷумла сулҳҷӯёни ҷаҳон,
Ҷашни ту ба қайд мерасад дар олам,
К-ин боиси шодии ҳама – хурду калон!

Соли 1952.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »