Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҲАЙКАЛИ ШОИР



Ситода андаруни боғи зебо ҳайкали шоир,
Ки он симои доимзиндаи Пушкини аъзам буд.
Қалам бигрифта ӯ дар даст,
Як сӯ бо нигоҳи худ,
Ки гӯё ин баҳористони моро мекунад тасвир.
Дар он боғи сафобахшанда ӯ ором меистод,
Ки гирдогирди ӯро сабзаву себарга печонда,
Насими анбарафшон бо муҳаббат анбар афшонда,
Ба ӯ бо эҳтирому комёбӣ бӯи хуш медод.
Дарахтон инчунин андар сари ӯ соя афканда,
Басо бо меҳру ҳурмат гӯиё хизмат баҷо оранд.
Мисоли соябон сар хам намуда,
Шод менозанд,
Намуди боғи зебо бар дили кас руҳбахшанда.
Зи як сӯ оби софи нуқраосо ҷилваҳо дорад,
Зи дигар сӯ навои булбулон бар гӯш меояд.
Дар он ҷо фонтане
Чун шавқи дил фаввора бинмояд,
Саросар боғ зебанда, намуди босафо дорад.
Ба дил илҳоми беҳадду ҳисоби тоза меорад
Паёпай ҳусни беандозаи он боғи навобод.
Ба рӯи курсие он ҷо нишаста духтаре,
Дилшод,
Китобе во намуда, гаштаю баргашта мехонад:
"Тамоман ман намемирам,
На!
Ҷисмам гарчи гардад хок,
Раҳад руҳ аз фанову
Монад андар назми арзанда,
Бимонам шӯҳра то боқӣ
Бувад дар зери ин афлок
Валав як шоири зинда".
Гаҳе бо шавқи хурсандӣ назар меафканад ҳар сӯ,
Самимона тамошо менамояд зиннати он боғ.
Гаҳе аз рӯи гулҳо пок созад гарду
Чангу
Доғ,
Зи нав васфи Ватанро месарояд,
Ҳисси ӯ некӯ.
Ба он симои ҷовид рӯ намуда бо дили пурҷӯш
Суханҳои нафису тозаеро мекунад изҳор:
" – Агар кас гуфтаҳоятро намояд борҳо такрор,
Ғизои руҳ мебахшад ба кас он гуфтаҳоят хуш".
Ба ӯ мегуфт:
"Ҳо, ман, низ акнун соҳибэҷодам,
Зи ту ман санъати эҷодкориро биёмӯзам.
Ба дил шавқи Ватанро чун чароғи меҳр афрӯзам,
Ба нафъи халқ хизмат мекунам ҳамчун ту, устодам.
Кунун дар байни халқи мо ҷудоӣ ё рақобат нест,
Бародар гашта бо ҳам ҷумла халқи ин диёри мо.
Ба ҳифзи сарзамини хеш тайёрем дар ҳар ҷо
Ҳама дар ин Ватан фарзанди як оилаи олист.
Нишоту санъати бемисл андар сарзамини мост,
Ки ишқи ин Ватан моро ба дил афзуну беохир…
Туро, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ медонем, эй шоир!
Ҳамеша зиндаӣ,
Имрӯз манзилгоҳи ту дилҳост".

Май, 1949.







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »