Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ОҲАНГИ ШОЁНИ ҲАЁТ



Мутрибо, оҳанги нав аз зиндагии мо навоз,
Аз шукӯҳи ишқу иқболи баланди хубу соз,
Меҳнати шоистаи моён шавад илҳоми ту,
Сози нав иншо намо аз бахти халқи сарфароз!

Даври мо оҳанги аҳду паҳлавонӣ парварад,
Чунки халқи мо суруди қаҳрамонӣ парварад.
Тоза-тоза, нав ба нав, форам суруд эҷод кун,
Ёри мо савти ҷасурию ҷавонӣ парварад.

Хоҳад аз ту халқи мо оҳанги шоёни ҳаёт,
Аз фидокории фарзандони боазму сабот.
Шеъри шоир то ки ёбад зеб бо оҳанги ту,
Сози давронро барор аз синаат бо ҳиссиёт!

Соли 1950.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »