Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

СТАЛИНОБОД



Деҳи наву шаҳри шӯҳратдор,
Дар ин Ватани бузург бисёр.
Ҳар шаҳр ба хеш ном дорад,
Номе ки шудаст он сазовор.

Ту низ дар он миёна ҳастӣ,
Дар кору вафо баланддастӣ.
Номи хуши ту Сталинобод,
Дар давраи нав ба авҷ растӣ.

Маскав ба ту кард меҳрубонӣ,
З-он дорӣ шукӯҳи ҷовидонӣ.
Ҳар як зафарат таронабоб аст,
Ту зеби суруду достонӣ.

Эй шаҳри азизи мо, навӣ ту,
Фарзанди азизи Маскавӣ ту.
Сарсабзӣ намову пеш рав боз,
Ҳар лаҳза базеб мешавӣ ту.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »