Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҶАВОНАМ, МЕСАРОЯМ БАХТУ ИҚБОЛИ БАЛАНДАМРО



Ҷавонам, месароям бахту иқболи баландамро,
Шукӯҳу иқтидори давру халқи арҷмандамро,
Замони хурраму айёми неки дилписандамро,

Ки ҳиссу ишқаш андар сина беандоза меҷӯшад,
Ба мисли чашмасори зиндагонӣ тоза меҷӯшад.

Накӯбахтам, ки ин сон даври хуби бебаҳо дорам,
Ҳаёти безаволу сарзамини дилкушо дорам,
Барои ҳифзи ӯ ҳушёрию сидқу вафо дорам.

Вуҷудам аз ҳавои ин чаман дорад ҳаловатҳо,
Дилам аз меҳри беҳадди Ватан дорад ҳаловатҳо.

Валекин дидаи бадбин бувад сӯи диёри ман,
Ба сӯи хонаи ободу сӯи рӯзгори ман,
Ба умеде, ки аз ман ӯ бигирад ифтихори ман?

На! Ҳаргиз ман намемонам, ки гирад зарра аз хокам,
Ниҳад ӯ пои нопокаш ба хоки гулшани покам.

Баҳори зиндагиам доимо шодона мебошад,
Бароям ҷовидонӣ ин Ватан ҷонона мебошад,
Қадамро сӯи коммун монданам мардона мебошад,

Ки моро партияи бошаҳомат бонию ҳомист,
Ягона мақсади мо коммунизм – мақсади олист!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »