Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ГУЛДАСТАИ ДӮСТӢ



Ҳанӯз аз дур наҷми рӯз метофт,
Ба сӯям чашмакӣ мезад паёпай,
Ки гӯё аз барои дидани Май,
Ба ин чашмакзаниҳо роҳ мекофт.

Чӣ форам, шар-шари дарёи пурҷӯш,
Навою чир-чири мурғони хушхон,
Ҳам овози хуши танбӯри чӯпон,
Зи ҳар сӯ мерасад ин лаҳза бар гӯш.

Ба ин оҳангҳо аз наздику дур,
Паи ҳам нав ҳавоҳо ҷӯр мешуд.
Суруди идии мо зӯр мешуд,
Ки аз он менамудам ман тафохур.

Дар ин дам шаҳри ман – Сталинобод,
Ки он дорад шукӯҳ аз меҳри Маскав,
Гирифта ҳусни нав, зебоии нав,
Ба субҳи ид дигар нашъа медод.

Рафиқи роҳдури ношиносам,
Туро ҳоло намудам ман тасаввур,
Ки чун ман аз насими субҳи пурнур,
Ту ҳам шояд намои пурсупосам.

Агарчӣ ҳамдигарро мо надидем,
Вале бо як хаёлу фикру хоҳиш
Бароем ин саҳар мо бар намоиш,
Дили мо мезанад як хел доим.

Манам тоҷикписар, ту украинӣ,
Забон ҳар хела моро, роҳамон як,
Ба сарҳо меҳри нурафшонамон як,
Ба дил як орзӯ, азми матине.

Бубастам ин саҳар шоду фараҳманд,
Зи боғи дӯстӣ гулдастаеро,
Ки онро шонздаҳ рангест зебо,
Тамоми рангҳо як бӯй доранд.

Даме ки аз намоиш бозгаштам,
Ба худ овардам он гулдастаро ҳам.
Ба бахти дӯстони бемисолам,
Бишуд он зиннати рӯи столам.

Бале, гулдастаи ман беназир аст,
Аз он шоданд ин дам меҳмонон.
Тамошояш намоянд аз дилу ҷон,
Дар он рамзи муҳаббат ҷойгир аст.

Тарас ҳам, бин, аз девори хона
Ба ин гулдаста чашми хеш медӯхт.
Ба дил гӯё ҷаҳони меҳр афрӯхт,
Нигоҳаш буд гарму ошиқона.

Магар он шеъри нав бинвиштанӣ буд,
Ба васфи дастагул бо шавқи ҷӯшон!
Дар ин асно яке аз меҳмонон,
Ба тоҷикӣ бихонд аз шеъри ӯ зуд.

Ту ҳам шояд дар он як лаҳзаи нек,
Ба болои столи иди озод,
Чунин гулдастае бинҳодаӣ шод,
Ки мебинад варо Саъдии тоҷик…

Сари столи идием ҳоло,
Ниҳонӣ ҷоми мову ту ба ҳам хӯрд.
Агарчанде касе з-ин пай намебурд,
Шунидам ман садои шӯхи онро.

Нишони дӯстии умрбод аст
Тамоми ин, рафиқи украинӣ,
Равонем сӯи коммун бо матинӣ,
Ба мо ин бахтро Партия додаст!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »