Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҲАЁТИ МАН



Ҳаёти ман шукуфон асту давронам ҳаловатбахш,
Шукӯҳи бемисоли мулки ҷононам ҳаловатбахш,
Ба фармони диёрам шавқи ҷӯшонам ҳаловатбахш,
Дар оғӯши дилам ишқи хурӯшонам ҳаловатбахш.

Насими форами боғи саодат мевазад сӯям,
Хабарҳои навин меоварад аз бахти некӯям,
Дилам фархунда мегардад зи ишқи даври дилҷӯям,
Зи шавқу завқи беҳадду ҳисоби тоза мегӯям:

– Манам фарзанди бовиҷдони тоҷик, азми ман сангин,
Расидам бар камол андар замони хуби фатҳоин.
Намемонам адӯро, к-ин ҳаётамро кунад нангин,
Ба ҳифзи ин Ватан ҷон медиҳам, савганди сидқам ин!

Соли 1949.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »