Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МЕҲНАТ



Меҳнат шараф асту қаҳрамонӣ дар мо,
Сарчашмаи бахту зиндагонӣ дар мо,
Иқболи баланду шодмонӣ аз ӯст,
Аз ӯст ҳаёти ҷовидонӣ дар мо.
Меҳнат – шараф аст,
Меҳнат – шараф аст.
Дар роҳи ҳаёт фатҳи нав овардан,
Ободии ҳар иморати хоки Ватан,
Сарсабзии ҳар ниҳоли ҳосиловар,
Зебоии ҳар кӯчаву гулбоғу чаман,
Аз меҳнати мост,
Аз меҳнати мост.
Ин меҳнати озод ҳузур овардаст,
Дар дил ҳавасу шавқу сурур овардаст.
Меҳнат, ки асоси ин ҳаёти зебост,
Аз фатҳу зафар ба дида нур овардас.
Меҳнат – шараф аст,
Меҳнат – шараф аст!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »