Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ДАСТҲОИ ҶАВОНӢ



Дасти пуриқтидору бардаму зӯр
Дасти дар меҳнат устувору матин,
Дасти шоистакору сахту ҷасур,
Дасти тобеънамои обу замин –
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст.
Ӯ на аз фитнаи адӯ ларзад,
На зи ғавғои нокасони лаин.
Ӯ на аз кори ваҳшиён ваҳмад,
Бо адӯ доимост дар сари кин. –
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст.
Беамон ӯ ба душмани инсон,
Ватан аз ӯ ҳамеша менозад.
Чунки он дастҳои зӯру ҷавон
Ба худ ояндаи накӯ созад. –
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст.
Ин замон ӯ ба меҳнати озод
Баҳри ободии Ватан кӯшад.
Мекунад роҳҳои нав бунёд,
Шавқи дилҳо зи ҷаҳди ӯ ҷӯшад.
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст.
Чӯлу саҳрои ташна аз он даст
Нӯшад оби фараҳфизои ҳаёт.
Шаҳру колхози нав бино кардаст,
Кори ӯ мефазояд азму сабот.
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст.
Ҷовидон шодмонам аз он даст,
Дасти пурқудрати ҷавонии мо,
Ки ба сидқу вафо маро пайваст;
З-ӯ маро ҳиссиёти беҳамто.
Донӣ он даст аз чӣ? – пӯлод аст,
Дасти фарзанди халқи озод аст!

Соли 1950.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »