Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БА ПАРТИЯ



Вақти ҷанг аз барои дафъи адӯ,
Баҳри осудагии халқи Ватан,
Аз барои ҳимояи кишвар –
Кишвари беназиру бемонанд,
Аз барои ҳимояи иқбол,
Зиндагию ҳаёти беҳамто,
Баҳри ҳифзи саодату шодӣ –
Шодии кӯдакону модарҳо,
Рафт бар зидди душмани инсон,
Комсомоли диловари даврон.
Ту ба он раҳнамоӣ мекардӣ,
К-ӯ биёмӯхт аз ту дарси зафар.
Ҳамчу шогирди бовафову далер,
Бо ту мерафт зидди ғоратгар.
Ҳамраҳи хеш пеш мебурдӣ,
Аз суханҳоят ӯ мадор гирифт.
Бо нишондодат он амал мекард,
З-ин сабаб кори ӯ барор гирифт.
Ғолиб омад ба душмани манфур,
Қаҳрамон комсомоли беҳад зӯр!
Баъди ҷангу ҷидоли мардона,
Комсомоли диловари даврон.
Баҳри ободии Ватан кӯшид,
Қаҳрамонона аз дилу аз ҷон.
Шаҳрҳорову деҳаҳоеро,
Ки разилони зишту ноҳинҷор,
Карда буданд сар ба сар вайрон,
Карда буданд бо замин ҳамвор,
Мардварона менамуд обод,
Комсомоли далери кишвари шод.
Ту ба он раҳнамоӣ мекардӣ,
Боз ӯро гирифта дар паҳлӯт,
Ёд медодӣ корро ту ба он,
Иқтидори вай аз ту меафзуд,
Меравӣ пешу мебарӣ ӯро
Аз паят, доимо ба сӯи зафар,
Нест бар комсомоли ленинӣ
Ҷуз ту устоду раҳнамо дигар.
Ба ту шогирди босадоқат ӯ,
Чун худат марди бошуҷоат ӯ.
Боз дар сохтмонҳои азим,
Ҳиссаи хеш мегузорад он.
Мекунад кори қаҳрамонона,
Комсомоли диловари даврон.
Ту ба он раҳнамоӣ бинмуда,
Ҳамраҳи хеш мебарӣ ӯро –
Сӯи фатҳи азиму корҳои бузург
Мебарӣ бо ҳазор меҳру вафо.
Комсомол аз ту фахр дорад беш,
Меравад ҳамраҳат ба пеш, ба пеш!
Ҳар ки бо роҳи ту қадам монад,
Мерасад бар муроду авҷи камол.
Ҳар ки бо роҳи ту қадам монад,
Мебарояд ба қуллаи иқбол.
Комсомол аз ту фахр дорад беш,
Меравад ҳамраҳат ба пеш, ба пеш!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »