Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МО ТОЛИБИ СУЛҲЕМ

(Суруд)


Меҳри Ватани мо,
Боғу чамани мо,
Сад қувва бубахшад
Бар ҷону тани мо.
Бобахту нишотем,
Осудаҳаётем.
Дар хизмати кишвар
Бо азму саботем.
Мо толиби сулҳем,
Мо толиби сулҳем!
Хар як зафари мо,
Дар соҳаи ҳар кор,
Сад зарба расонад
Бар душмани маккор.
Партияи моён
Бар сулҳ нигаҳбон.
Меҳраш ба сари мо
Як умр нурафшон.
Мо толиби сулҳем,
Мо толиби сулҳем!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »