Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БА МАЯКОВСКИЙ



Менишастам ба хонаам танҳо,
Нисфишаб… Ҳамраҳам китоби ту.
Диққатамро рабуда буд кайҳо
Суханони фасеҳу боби ту.

Менишастам намуда фикру хаёл,
То ки шеъри наве кунам эҷод.
Бахшам онро ба ту, ба қадри ҳол
То туро тӯҳфа гардад он, устод.

Ман суханҳои тоза меҷустам,
То шукӯҳи туро кунам тасвир.
Навқалам шоирам, аз ин рӯ ҳам
Оҷизӣ мекашидам, эй шоир.

Менишастам гирифта шеъри туро,
Хонда бо меҳр, менамудам ёд.
Он суханҳои тозаю бурро,
Лаззату шавқи бебаҳо медод.

Аз суханҳот ҷумла аҳли қалам,
Халқи озоди сарзамини ман,
Фахр бинмудаву туро ҳар дам
Ёд оранд ҳамчу меҳри сухан.

Бесабаб не ки бар ту ҳар шоир
Менамояд муроҷиат "Устод!"
Ёд бигрифта аз ту илми шеър,
Менамоям суруди нав эҷод.

Мешунидам зи водии меҳнат,
Духтари тоҷик аз каломи ту
Карда такрор шоду боҳиммат,
Кор мекард хурраму некӯ.

Ҳар куҷо меравам – ту он ҷоӣ,
Халқи мо аз ту сарфароз имрӯз.
Дида бикшо, ба дидаи моӣ,
Шоири даври аъзаму фирӯз!

Дар дили халқи мо, аё шоир,
Солҳо шуд, ки кардаӣ маъво.
Зиндаӣ…
Зиндагӣ намо шоир,
Ҳамраҳи шамсу одаму дунё!
Соли 1950.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »