Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

САОДАТХОЛАИ МО


Саодатхолаи мо меҳрубон аст,
Азизу ҳамдами ширинбаён аст.
Ба мо нақлу ҳикоят менамояд,
Гиреҳи фикри моро мекушояд.
Ба синну сол гарчанде калон аст,
Валекин доимо ӯ дилҷавон аст.
Ба деҳи мо бувад наздик лагер…
Ба назди хола мегардем ҳозир,
Ҳамеша вақт пайдо карда моён,
Ба ӯ одат намудем аз дилу ҷон.
Саодатхола, медонед, кай боз,
Мудири боғчаву яслии колхоз,
Зи лагер омадем бар назди вай мо –
Ба назди холаи маҳбубу доно.
Навозиш кардаву моро бигуфт ӯ,
Чунин як нақли ибратбахши некӯ:
– Ки бо ҳам ду рафиқи навҷавоне,
Бародарҳои хубу меҳрубоне,
Чунон ҳам дӯстӣ пайдо намуданд,
Ба дилҳо меҳри якдигар фузуданд.
Зи ҳоли ҳамдигар огоҳ доим,
Ба ҳар ҷое раванд, ҳамроҳ доим.
Барои дӯстӣ лозим шавад ҷон,
Шаванд омода, то созанд қурбон.
Зи нафъи хеш нафъи дӯст онҳо,
Бидонистанд олитар ва боло.
Чӣ шуд, як рӯз саҳве гашт содир,
Рафоқат андар он карданд зоҳир.
Дар он дам дар лаби дарё тамошо
Намуда, сайр мекарданд онҳо.
Ба ногаҳ майли оббозӣ намуданд,
Пас онҳо дохили дарё бигаштанд,
Валекин оби дарё буд бисёр,
Шино кардан ба онҳо гашт душвор.
Ҳамон ду ҷӯраи маҳбубу дилбанд,
Қариб омад, ки он ҷо ғарқ гарданд.
Яке фикри халосии дигарро,
Ҳамекард орзӯ аз байни дарё.
Дар он ҷо мӯсафеди обдоне,
Саломатҷуссаеву меҳрубоне,
Бишуд пайдову дид ин гуна аҳвол,
Ба об ӯ хешро партофт дар ҳол.
Якеро хост аввалтар барорад,
Пас аз он дигареро низ дорад,
Ба назди ҳар яке наздик мешуд,
Ҳамин як байтро ӯ мешунид зуд:
"Ки эй пир! Андар ин гирдоби ташвир,
Маро бигзору дасти ёри ман гир!"
Валекин тезкорӣ карда он мард,
Дуи он ҷӯраро берун баровард.
Ва гуфт: Эй дӯстони меҳрубонам,
Писарҳои азизу навҷавонам,
Агар ки оббозиро надонед,
Ба дарё ҳеҷ пои худ намонед!..
Саодатхола баъд аз ин ҳикоят,
Намуд аз баҳри мо ин сон насиҳат:
– Шумо нафъи бародарҳои худро,
Зи нафъи хештан донед боло.
Шино кардан, давидан ёд гиред,
Зи пастиҳо паридан ёд гиред.
Биёмӯзед ҳар як хели бозӣ,
Фараҳмандонаву бо сарфарозӣ.
Намоед истироҳат нағзу аъло,
Зи амри вожатии хеш асло,
Писарҳои азизам, сар натобед,
Чи хуш, авлоди шоду комёбед…

***
Саодатхола бар мо доим ин хел,
Ҳикоятҳо намояд аз таҳи дил.
Саодатхоларо мо дӯстдорем,
Ба ӯ гулдастаи ҳурмат супорем…

 

Соли 1952.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА