Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

НАСИМИ САҲАР



Субҳидам боди муаттарбӯи даврон мевазад,
Фораму роҳатфазо аз кӯи ҷонон мевазад.

Қосидосо муждаҳои меҳнати ёри маро
Мебарад шодона ҳар сӯ, анбарафшон мевазад.

Ин насими субҳи саҳроҳои колхозии мост,
Медиҳад афзун ҳаловат дар тану ҷон, мевазад.

Ман ҷавонам, чун кунам тасвири субҳи нозанин,
Сад латофат дораду боз аз гулистон мевазад.

Месароям ман ба васфи қаҳрамондухтар суруд,
Он даме, ки ин насим аз пахтазорон мевазад.

Аз ҳаёт, Ансорӣ, омӯзу намо васфи ҳаёт,
Баски ин накҳат зи рӯи аҳду паймон мевазад.

Соли 1949.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »