Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МЕДАЛИ ТИЛЛО



Зидди хасми Ватан далерона
Бо камоли вафою ҳисси баланд,
Ҷонсупорӣ намуда мардона
Писарони Ватан биҷангиданд –

Шоҳиди ин саботу азму вафо:
Номи неку ситораи тилло.

Меҳнати содиқона дар майдон
Зодагони Ватан намуда фузун,
Қаҳрамонӣ намудаанд, аз он
Халқ шод асту мамлакат мамнун –

Шоҳиди ин саботу азму вафо:
Номи неку ситораи тилло.

Ту ки дар хониш аз самими дил
Ҷаҳд бинмудӣ, духтари озод,
Ғайрататро шараф бишуд ҳосил –
Ин шарафмандиат муборак бод! –

Шоҳиди ин саботу азму вафо:
Номи нек асту медали тилло.

Боз ҳам кӯшишу ҷадал бинмо,
То шавӣ соҳибиззат аз ин беш.
Ватану халқ гардад аз ту ризо,
Шод гардӣ зи шаъну шӯҳрати хеш.

То ки шоҳид шавад ба сидқу вафо:
Номи неку ситораи тилло!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »