Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МАН БА ФАРМОНИ ВАТАН



Зи ҷонам ман ба фармони ту ҳастам,
Ба роҳи сидқу паймони ту ҳастам.
Диламро ишқи ту маъво намудаст,
Накӯфарзанди даврони ту ҳастам.

Ба зебоӣ – ту ҳамчун навбаҳорӣ,
Макони ғолибони бахтёрӣ.
Ба ҳар як соҳа фатҳи тоза дорӣ,
Диёрам, сарзамини ифтихорӣ.

Хаёти мо дар оғӯши ту зебост,
Фараҳбахшандаю дилчаспу аълост.
Аз имрӯзат пагоҳи ту аён аст,
Ки ҳар як водии ту шодиафзост.

Дар ин фархундадаври бебаҳоям,
Ба халқам хизмат афзун менамоям.
Шукӯҳатро, аё мулки азизам,
Сарафрозона, бо ҷон месароям.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »