СОҲИБЗАФАРӢ ТУ
Дар мактаби ленинӣ, аё духтари тоҷик,
Хонандаи соҳибшарафу мӯътабарӣ ту.
Ояндаву имрӯзи ту шоистаи табрик –
Соҳибзафарӣ ту,
Соҳибзафарӣ ту.
Вақти сухан аз ҳар суханат оташи дониш
Ояд ба ҷило, дилбари ман, боҳунарӣ ту.
Дар соҳаи кору амалу соҳаи хониш –
Соҳибзафарӣ ту,
Соҳибзафарӣ ту.
Аз дафтари таълими Ватан дарси вафоро
Омӯхта, аз илму ҳунар бохабарӣ ту.
Гардида аз он зеби сухан шоири моро –
Соҳибзафарӣ ту,
Соҳибзафарӣ ту.