Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ДАВРОНИ МАН



Нест ҳамтое ба олам мулки ҷонони маро,
Зиндагии безаволу бахту даврони маро.

Мезанад фаввора доим дил аз ишқи поки ӯ,
Ишқи поки ӯ ҳаловат медиҳад ҷони маро.

То абад ҳастам ба ҳифзаш бовафову устувор,
Огаҳонед аз вафоям ёри хандони маро!

Мезанам худро ҳамеша ман ба баҳри маърифат,
Баски парварда Ватан ин сидқи ҷӯшони маро.

Доимо Ансорӣ аз баҳри Ватан содиқ бувад,
Дар амал санҷед, ёрон, аҳду паймони маро!

Соли 1950.








« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »