Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ОДАМ ДИЛ ДОРАДУ ДИЛ ИШҚ



Одамам ман, на санги хороям,
Дили ман – дил, на пораи оҳан.
Дилбари шӯхи чашмшаҳлоям.
Ғофил оё ту аз муҳаббати ман?

Дашти беоб аз самар холист,
Дили беишқ ҳам мисоли он.
Дашти беобро кунун ғам чист,
Ба сараш нур борад ин даврон!

Дар ҳақиқат замони мо некӯст,
Даштро ташналаб намемонад.
Дили ман ташнаи висоли туст,
Ту магар дил надорӣ, фаҳмонад?

Синаро мефишорад, оҳ ин дил!..
З-он гаҳе шоду гоҳ ғамгинам.
Ростӣ ҳам, барои ман мушкил,
Лаҳзае лутфи ту намебинам.

Одамам, ки ба ишқ дороям,
Дили ман – дил, на пораи оҳан.
Дилбари шӯхи чашмшаҳлоям,
Ғофил оё ту аз муҳаббати ман?





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »