Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

СУРУДИ ДУХТАРИ ҲАМСОЯ



Дилам дар ихтиёрам буд доим,
Хаёлу хотирам ҳам ҷо ба ҷо буд.
Ба худ сабру қарорам буд доим,
Парешонӣ ба ман ноошно буд.

Ҳар он чӣ буд дар ман, буд бо ман,
Ҳамеша ростқавлӣ устуворӣ.
Ҷавононро ягон диққат надодан,
Агарчи доштанд уммедворӣ.

Ҳар он шахсе ба ин дил дом партофт,
Нашуд бар мақсадаш зинҳор ноил.
Илоҷи дигареро низ мекофт,
Намешуд муддаояш ҳеҷ ҳосил.

Шикори чашми шаҳлое намешуд
Ягон бор ин дили якроҳаи ман.
Ҳамеша касбу кораш саркашӣ буд,
Ки мешуд бар ҷавонон тез равшан.

Дили якроҳаи гарданшах имрӯз,
Чӣ шуд, аз ихтиёрам рафт берун.
Намедонад каси дилбурда афсӯс,
Ки фикру ёди ман бо ӯст акнун.

Туро шояд намедидам, азизам,
Дилам дар ихтиёрам боз мемонд.
Туро дидам, чаро дидам, азизам?
Дилам акнун маро з-осудагӣ ронд!..





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »