Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БО ҲУНАР ЗЕБОСТ ЁР



Бо дарахту сабзаву гул боғ дорад рангу бор,
Кӯҳ ҳам бо маъдани худ менамояд ифтихор.
Гар намедодаш табиат ҷӯшишу фаввораро,
Пас чӣ фарқе дошт оби ҳавзу оби чашмасор?..
Дашт бо кишту сухан бо меҳру гул бо рангу бӯй,
Бо иморат шаҳру деҳу бо ҳунар зебост ёр!
Хуш саёҳат, истироҳат менамояд кас, агар
Бигзарад фасли баҳорон аз канори обшор.
Дил ситоиш мекунад хубии давру бахтро,
Инчунин ҳар фатҳи навро, к-ӯст шоёни диёр.
З-ин сабаб ҳам ман ситоиш мекунам дилро мудом,
Чунки он дорад тамоми умри худ бо ишқ кор!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »