Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

БО ТУ ДИЛҶУЙ БОҒУ БАҲОР



Ҳавои Ватан тоза аст аз ғубор,
Фазои Ватан соф оинавор.
Суруди насими саҳар дилкушо,
Ки бахшад ба дилҳои мо ифтихор.

Дар оғӯши гарми Ватан растаем,
Ба кор аз дилу ҷон камар бастаем,
Сухан дода, бар он вафо мекунем,
Сухан бо амал чунки пайвастаем.

Равад шӯҳрату номи колхози мо
Ба ҳар сӯи мулки пурэъҷози мо.
Ватан қувва бахшад ба ҳар корамон,
Ҷаҳон бишнавад нағмаву сози мо.

Бубин, кӯҳҳо махзани маъдананд,
Заминҳоямон сар ба сар гулшананд.
Зафарҳои бемисли халқи далер,
Сабабгори илҳому шавқи мананд.

Ба як сӯй мактаб, ба як сӯ завод,
Ба сӯи дигар киштзори кушод…
Бубинам ба ҳар соҳа саҳми туро,
Туро партия бахту иқбол дод!

Ба ҳар нусрати халқи пуриқтидор,
Ба ҳар фатҳи бемисли майдони кор,
Хушо, ҳиссаи беназири ту ҳаст,
Бувад бо ту дилҷӯй боғу баҳор.

Ба меҳнат туро пешсаф дидаам,
Ба ҳар соҳаи кор санҷидаам.
Ту зӯру тавоно, зафароварӣ,
Аз ин рӯй ман шеър бахшидаам!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »