Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҲАЁТИ МО

Суруд

Дар оғӯши диёри мо,
Диёри номдори мо,
Шавад ҳар лаҳза зеботар
Ҳаёти беғубори мо,
Ҳаёти беғубори мо.
Ҳаёти мо,
Ҳаёти мо!
Зи ҳар як кори эҷодӣ,
Барои роҳи ободӣ,
Зи ҳар як нусрати комил
Ба дил мепарварад шодӣ,
Ба дил мепарварад шодӣ,
Ҳаёти мо,
Ҳаёти мо!
Ба партия зи номи мо,
Ҳазорон офарин бодо.
Ба мо бахту саодат дод,
Аз ӯ шуд дилкашу аъло,
Аз ӯ шуд дилкашу аъло
Ҳаёти мо,
Ҳаёти мо!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »