Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

МЕНАМОЯМ ОРЗУ БЕДАРДИИ ҶОНИ ТУРО



Месароям ғайрати бемислу шоёни туро,
Меҳнати шоистаю иқболи тобони туро.
Вақти корат дидаму омад дилам аз он ба ҷӯш,
Қоилам, ёри азизам, азми ҷӯшони туро.
Аз ҳамон рӯзе, ки меҳрат дар дили ман хона кард,
Менамоям орзӯ бедардии ҷони туро.
Дар сафи пеши забардастон қадам мемонӣ ту,
Нест ҳамтое дигар шавқи хурӯшони туро.
Номи ту машҳур шуд дар кордонию вафо,
Офарин бодо ҳазорон аҳду паймони туро.
Ҳар гаҳе хоҳам, ки бинвисам ба васфат шеъри нав,
Пеши чашмонам бубинам рӯи хандони туро!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »