ИДИ БАҲОР
Мевазад боди баҳор аз тарфи кӯҳ
Дода бар майдону боғи мо шукӯҳ.
Мевазад ором, аммо бардавом,
Мерасад з-он бӯи гулҳо бар машом.
Мевазад, то ки расонад ӯ ба мо
Муждаи иди баҳори дилкушо.
Муждаи иде, ки дар айёми нав
Ҳусни нав бигрифтаасту номи нав.
Мевазад бар ҳар диле раҳ ёфта,
Кӯҳу талро пушти сар партофта…
…Рӯз беандоза зебо, хушнамуд,
Рӯзи сайри духтарони деҳа буд.
Дар канори ҷӯйбор истодаам,
Шодмон бо ифтихор истодаам,
Аз тамошои диёри беназир
Як ҷаҳон шавқе ба дил шуд ҷойгир.
Ёдам омад қиссаи иди баҳор,
Гуфта буд онро яке омӯзгор.
Гашт дар қалби яке чӯпонписар
Оташи ишқу муҳаббат шӯълавар.
Ин аз он сар зад, ки боре чоштгоҳ,
Гӯсфандонаш чу гаштанд обхоҳ,
Рамаашро ӯ ба сӯи об ронд,
Дар ҳамон ҷо духтареро дида монд.
Як нигоҳи гарм сӯи ӯ намуд,
Хотираш хуррам зи рӯи ӯ намуд.
Худ ба худ гардид шавқаш беҳисоб,
Дар дили тангаш даромад офтоб!
Лек чун як нуқтаи хобу хаёл,
Кӯза бар сар, рафт он соҳибҷамол.
Навҷавон чӯпон аз ин мадҳуш монд,
Ҳайкалосо сокину хомӯш монд.
Рафт-рафту духтарак аз ними роҳ
Бо табассум кард бар чӯпон нигоҳ.
Пас ба роҳаш боз рӯ гардонда рафт,
Ишқу ёдашро ба чӯпон монда рафт…
Чанд рӯзе баъд аз он дар кӯҳу дашт
Аз наи чӯпон навое паҳн гашт:
Кай шавад, ки боз бинам рӯи ёр,
Сер бинам, дил аз он ёбад қарор…
Лек дигар дилбари худро надид,
Дар сари раҳ, дар лаби дарё надид.
Деҳаро бигзашт, н-омад рӯ ба рӯ,
Рӯзу шаб бинмуд ӯро ҷустуҷӯ.
Гуфт бар ӯ як рафиқи раҳгузар,
Ки ба сӯи шаҳр мекард он сафар:
– Сабр бинмову каме шав интизор,
Баъди чанде мешавад иди баҳор.
Рӯзи сайри гулчинии духтарон
Бинӣ ёратро ту ҳам, эй навҷавон!..
Баъд аз он дар кӯҳ, дар оғӯши дашт,
Нолаи най боз ҳам бисёр гашт.
Нола мебардошт он чӯпонписар
Бо забони най, валекин аз ҷигар.
Рӯз ҳам шаб мешуду шаб ҳам саҳар,
Ҳар нафас мегашт ишқаш зӯртар.
Ногаҳон рӯзе гурӯҳи духтарон,
Дафнавозон омаданду шеърхон.
Дар тани ҳар як либоси ранг-ранг,
Шуд аз ин ҳол ақли чӯпон ҳам гаранг.
Камбағалдухтар надорад нав либос,
Шоҳипӯшӣ баҳри боён ҳаст хос.
Дар ҳамон мобайн, боз аз эҳтиёт,
Ҷустуҷӯ бинмуд ёрашро зиёд.
Лек дар он байн ёри ӯ набуд,
Қуввати ҷисми фигори ӯ набуд.
Буд аён қишлоқ пеши чашми ӯ,
Шуд ба он сӯ дидаи пурхашми ӯ,
Дид дар ҳавлии бое як гурӯҳ
Духтарони хастаи пажмурдарӯҳ,
Дар чунин рӯзе, ки буд иди баҳор,
Кор мекарданд бо ҷисми фигор.
Духтареро бои бадкирдор кӯфт,
"Ёри ман шояд, ки ӯ" – чӯпон бигуфт. –
– Ин ҳаёти нобаробарро нигар –
Бар кӣ шаҳд асту ба кӣ хуни ҷигар.
Баркашид оҳ аз дили ғамнок ӯ,
Фош гуфт айёмро бебок ӯ.
Бурд хобаш бо хаёли бешумор,
Хоб дид, ки: "Омадаст иди баҳор.
Духтарон сайру тамошо мекунанд,
Чида гулҳо рӯи дил ҷо мекунанд.
Ҳамраҳи онҳо ҷавонони диёр
Ҳамсафар, хурсанд аз иди баҳор.
Дилбари маҳбуб дар паҳлӯи он,
Будааст аз ид ӯ ҳам шодмон.
Чун шарики гуфтугӯ бо ёр шуд,
Ногаҳон аз хоби хуш бедор шуд.
Дид санге ҷои болин зери сар,
Нест дар атрофи он чизи дигар…
Мевазад боди баҳор аз тарфи кӯҳ
Дода бар майдону боғи мо шукӯҳ.
Мевазад бар ҳар диле раҳ ёфта,
Кӯҳу талро пушти сар партофта.
Дар канори ҷӯйбор истодаам,
Бо камоли ифтихор истодаам.
Дуртар аз ман гурӯҳи духтарон
Сайри гул доранд бо шавқи калон.
Ҳамраҳи онҳо ҷавонон сарфароз,
Бе ғаму андӯҳу бе сӯзу гудоз.
Дар дили ҳар як ҷаҳони ҳиссиёт
Ҷой дорад, ҷумла мамнун аз ҳаёт.
Мумкин аст имрӯз – дар иди баҳор,
Бо ҳамин хуррамгурӯҳи бахтёр,
Ё писар, ё духтари он ду ҷавон
Аз паи гул чидананду шодмон.
Ку ҳамон чӯпонписар – он дилфигор?
То бубинад ид дар фасли баҳор.
То бубинад ин ҳаёт афсона не,
Шодию фахру нишот афсона не.
Болад аз ин давраи афсонавор,
Шод гӯяд:
"Зинда бод иди баҳор!"
Апрели 1955, ш. Сталинобод.