Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

СУРУДИ ҶАВОНӢ



1.
Дар канори диёри муаззам,
Дар дили сарзамини далерон,
Медиҳад хуш садо сахту бардам
Аз сари нав суруди ҷавонон.

Нақорот:
Роҳи мо – роҳи бахту саодат,
Кори мо пур зи фатҳу зафарҳост.
Даври мо – даври амну адолат,
Ишқи мо – ишқи халқи тавоност.

Месароем, азизон, рафиқон,
Мо ба шаъни ҳаёти ҷавонӣ.
Сар бароварда аз як гиребон,
Мекунем меҳнату зиндагонӣ.

2.
Навҷавонони ҳар миллат ин ҷо
Якдилу якраҳу ҳаммароманд.
Мақсаду раъйи мо, дӯстии мо
Устувору қавӣ, бардавоманд.


Нақарот:


3.
Москва роҳи моро дурахшонд,
Партия зиндагонии нав до
Аз барои ҳаёти фурӯзон,
Партия зиндаву ҷовидон бод!

Нақарот:
Роҳи мо – роҳи бахту саодат,
Кори мо – пур зи фатҳу зафарҳост.
Даври мо – даври амну адолат
Ишқи мо – ишқи халқи тавоност.

Месароем, азизон, рафиқон,
Мо ба шаъни ҳаёти ҷавонӣ.
Сар бароварда аз як гиребон,
Мекунем меҳнату зиндагонӣ.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »