Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

АГРОНОМ



Ҳаво софу табиат рӯҳпарвар,
Шаби хушбаҳраи бемислу шоён.
Вазад шаббодаи фархундакишвар
Фазояд роҳате бар ҷисму бар ҷон.

Даруни хонаи зебову олӣ,
Ҷавони навчаи сабзинаандом,
Ба сар андешаву фикру хаёле,
Нишаста бар сари стол ором.

Назар афканда бар як нуқтае ӯ,
Намеҷунбад зи ҷояш ҳайкалосо.
Ҷабин пурчину мӯ болои абрӯ,
Рухаш ҷиддиву чашмаш ҳайратафзо.

Магар меҷӯяд ӯ ҳарфе чу шоир,
Ки бинвисад суруди дилпазире,
Шаби хушбаҳраро бинмуда тасвир,
Сарояд васфи даври беназире?

Магар ёди нигоре бурда ӯро,
Ҳамин дам бар мақоми меҳру уммед?
Магар чашми хуморе бурда ӯро,
Ба роҳи пурсафои ишқи ҷовид?

Магар бар кори фардоинаи хеш
Асоси сахту бардам мегузорад?
Кашида нақшаҳои беш аз пеш,
Саҳаргаҳ боз нав таклиф орад.

Назар афканда бар як нуқтае ӯ,
Намеҷунбад зи ҷояш ҳайкалосо.
Ҷабин пурчину мӯ болои абрӯ,
Рухаш ҷиддиву чашмаш ҳайратафзо.

Сукут, андешаро бигзошт охир,
Пас ӯ бархост хомӯшона аз ҷо.
Гирифт аз ҷайби худ "Казбек"-у гӯгирд
Гиронду дуди он "пуф" кард боло.

Ба як расми калоне чашмаш афтод,
Ки меистод дар девори хона,
Лабонаш пуртабассум, чеҳрааш шод,
Нигоҳаш гарм буду фотеҳона.

Аз он дере наканда дидаи худ:
"Падар!"… мегуфту мешуд боз хомӯш…
"Падар, – гӯён ба гап оғоз бинмуд, –
Диҳед имрӯз бар гуфтори ман гӯш:

"Зи ман беҳуда ранҷидед, фаҳмед,
Шуморо бовафо фарзанд ҳастам.
Шумо, бар ман падар, маҳбуб ҳастед,
Ба дил меҳри шуморо мепарастам.

Насиҳатҳои некӯтон фаромӯш
Намегарданд ҳеҷ аз хотири ман.
Ки мегуфтед:
"Шав пурдону боҳуш,
Асоси илмро омӯз, фарзанд.

Ҳамеша ростқавлӣ пеша бинмо,
Ба корат устувору ботавон бош!
Магардон рӯй аз танқиди бурро,
Каси шоиста баҳри мардумон бош!"

Барои он суханҳо бениҳоят,
Падар, бодо шуморо эҳтироме.
Ба колхоз омадам аз баҳри хизмат,
Зи худ бинмуда илми агрономӣ.

Касе аз рӯи виҷдон кор мекард,
Ба ҳар ҷо доимо тамҷид кардам.
Нишондод он касе бар ҷо наовард,
Ба маҷлис сахтакак танқид кардам.

Вале имрӯз як моҳи расо шуд,
Ки бо ман ногапед… Ин ногувор аст.
Падар, он фикратон, охир, куҷо шуд?
Ба зидди фикратонед, ин чи кор аст?

"Замини ман басе нобоб", – гуфта,
Ба худ таскин бидодед, эй падарҷон.
Набурдед аз шароит истифода,
Ҳамин кори шуморо зад ба поён.

Зи рӯи кибру мағрурии ноҷо,
Нишондоди маро "беҳуда" гуфтед.
"Ту аз ман пахтаро омӯз ҳоло,
Зи ҷон саъю ҷадал бинмуда" – гуфтед.

Чӣ ҳосил дод он сон худписандӣ,
Ҳамон мағрурии з-андоза берун?
Ҳамедодед-ку бисёр панде,
"Ҳақиқатро бидон дар кор..." Акнун…

Саломам беҷавобу эътиборе,
Агарчи ҳар ду дар як хона бошем.
Падар, оё ҳамин фарзанддорӣ?
Чунон, мегӯӣ, мо бегона бошем.

"Падар" – гӯён, риоя менамудам,
Магар ин кори ман шоиста мебуд?
На! Бегонаст ин андар вуҷудам,
Маро даврон чунин тарбия нанмуд.

Агар дар хона фармоед ҳар кор,
Бикӯшам аз паи иҷрош бо ҷон.
Шумо дар хона чун ҳастед сардор,
Чу солдат интизорам ман ба фармон.

Вале аз хона берун ҳардуи мо,
Падар, ҳастем солдатҳои кишвар.
Ба фармони Ватан омода ҳар ҷо, –
Дар ин хизмат шумою ман баробар.

Накардам ман хатое, эй падарҷон,
Фақат – бо фикри нав пайванд ҳастам.
Маро фаҳмед,
Бикшоед чашмон,
Шуморо бовафо фарзанд ҳастам!"

Соли 1951.






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »