Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҚАНД ЗАН, ЭЙ РАФИҚИ ҲАМГУЗАРАМ!



Як табассум, табассуми зебо
Бурд ақли марову мафтун кард.
Як нигоҳе зи дидаи шаҳло
Шавқро дар дили ман афзун кард.

Аз хиёбон гузашта мерафтем
Ҷӯраҳо – ду рафиқи ҳамгузаре.
Духтаре кард хандае тақдим
Гарм афканда сӯи мо назаре.

Аз табассум, нигоҳи дилҷӯяш
Хотири ман мисоли гул бишкуфт.
Ҷӯраам дӯхт чашм бар сӯяш,
Шод шуд, лек рози худ бинҳуфт.

Ман надонистам ин чӣ маъно дошт,
Қаҳрам омад зи кори ӯ қадаре.
Хостам пурсамаш, вале нагзошт:
"Гӯямат, – гуфт, – дафъаи дигаре".

Дили ман метапид… якбора
Ақл онро ба ҳолаташ овард.
Гуфт: "Ин кори туст бекора,
Аввал андеша, фаҳм бояд кард.

Ин нигоҳ, ин табассуми зебо
На ба ту, аз барои ҷӯраи туст.
Ҷустуҷӯ кун ту ҳам нигоратро,
Ки ба сӯи ту хандад! – ин накӯст".

Кош, чун ин, зи кӯчаи дигарам
Ёри ман хандаи базеб кунад…
Қанд зан, эй рафиқи ҳамгузарам,
Ёфтӣ, ин гулат насиб кунад!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »