Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

РАШК



Дилам мехост донам як суханро,
Ки чун хуш кардаӣ, эй ёр, манро.
Нишастам дар сари роҳат пас аз кор
Ба сӯҳбат дошта ҳамсоязанро…

Маро дар хандаю гап дида, рафтӣ,
Нагуфта "Кист ӯ?" ранҷида рафтӣ.
Садо кардам, ки оию бигӯям,
Ту овози маро нашнида рафтӣ.

Дар аввал кардамат бо чашм ишора,
Ки "наздиктар биё, эй моҳпора,
Миёни мо сухан дар бораи туст!"
Раҳи худро гирифтӣ аз канора…

Вале, бо ин ҳама, дил гашт масрур,
Ки ишқи ман туро будаст манзур.
Маро дод огаҳӣ аз меҳри гармат.
Ба ин як рашки ту садҳо ташаккур!

Ба ман – рашки ту лозим буд як бор,
Ки аз майли дилат гардам хабардор.
Кунун хоҳӣ, ки бошад ишқи мо пок,
Макун дигар, азизам, рашк зинҳор!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »