Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ОИНАИ ДИЛ



Магар аз ту ягон розе нуҳуфтам?
Набуд ин одати ман ҳеҷ гоҳе.
Дили ман хонаи ишқи ту, гуфтам,
Ҳақиқатро чӣ ҷои иштибоҳе?

Нигар бар дидаам бо чашми ёрӣ,
Бубин з-он акси худ дар синаи дил!
Зи чашмам бин, агар бовар надорӣ,
Намегӯяд дурӯғ оинаи дил.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »