Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Гулдастаи дӯстӣ -

ҲУСНИ ТУ



Ту дорӣ ончунон ҳусну ҷамоле,
Ки рухсорат зиёву нур пошад.
Ба рӯят нури идроку камоле,
Ва ё акси дилат биншаста бошад?

Ва ё ин шӯълаҳои он чароғест,
Ки афрӯзад ба рӯи дастгоҳат?
Ва ё ин акси он гулҳои боғест,
Ки сар то сар шукуфта пеши роҳат?

Ҷавобам гӯй, мехоҳам шунидан!..
Яқин, ин ҳусн акси ботини туст.
Чунин маъно зи рӯят хондаам ман,
Дар он коғаз хате – як холи дилҷӯст!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »