Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ДУ ПАЛЛАИ ЯК ТАРОЗУ - ҚИСМИ ДУЮМ

Намоиши сеюм



Чанд муддат аз байн гузаштааст. Ҳамон манзара. Саҳна ҳоло холист. Баъди фурсате Мирфозил ба саҳна дохил мешавад, вай аз чизе дилтанг аст. Бо хаёли худ гузашта дар айвонча менишинад. Чашмаш ба як нуқта дӯхта мешавад… Холшариф дар даст тӯрхалта гузашта меравад. Мирфозил худ ба худ сар ҷунбонда мемонад… Аз тарафи дигар Сафарбек бо харидҳои худ меояду дар саҳна наистода меравад. Боз Мирфозил худ ба худ сар ҷунбонда мемонад.

МИРФОЗИЛ (худ ба худ). Аз мағали модари бачаҳо гӯё ин ҷо гурехта баромадам… Аммо назарам ба инҳо афтоду… Гӯр шоҳмот шавад. Ҳар ду бо ман гап намезананд. Ҳамсоягӣ чӣ мешавад?! Вақте рӯ ба рӯ оем – ҳар ду ҳам "салом" медоданд. Ҳайронам, ки ин саҳар чӣ воқеа рӯй дода бошад?! Маро надида гузашта рафтанд… Ҷаҳонгул мегӯяд, ки "Падар, аз онҳо узрхоҳӣ кунед!" Аммо гардан ёрӣ намедиҳад. Албатта, рафтори ман ношоиста буд. "Тӯпии дузд сӯхт" – гуфтагӣ барин – ман ба худам кашидам… Бале, ман муаллим будам. Будам, он давраҳое, ки босаводон намерасиданд… Аз ҷанг омадаму додарамро хонондам. Фурсати хондани худам набуд… Мебоист кор кунам. Одам намерасид… Акнун Ҷаҳонгули ман амакашро бештар дӯст медорад, чунки вай босаводтар аст, саволу ҷавоб карда метавонад. Духтарам намедонад, ки сабаби камсавод мондани падараш ҳамин амакаш буд. Албатта, Нур намехост, ки акааш камсавод монад, аммо шароити он замони баъдиҷангӣ ҳаминро талаб мекард. Мехостам, ки додарам худро бекасу кӯй напиндорад. Хонад, чунки вай ягона нишонаи падару модарам буд. Хонд, нағз хонд. Маро шарманда накард. Шукр мекунам, ки имрӯз додарам ба қатори мардум даромада тавонистааст! Фақат ҳаминашро мехоҳам, ки вай акнун гапи маро гирад. Дар байн надарояд. Ҷаҳонгул ӯро дӯст медорад, ҳамфикри амакаш шуда мондааст… Додарам духтури баобрӯ шуда, ҳар қадамаш барои ман ифтихор аст. Мехоҳам, ки лаҷоми додарзодаашро кашида, ба тарафи падараш ром кунад… Вай метавонад. Ҷаҳонгул ӯро дӯст медорад.

Дар ҳамин фурсат Ҷаҳонгул чою пиёла оварда, бо ҳурмат назди падараш мегузорад…

ҶАҲОНГУЛ. Дада, нону конфет биёрам?
МИРФОЗИЛ. Лозим нест, духтарам! Аммо ту каме ист… Андаке гапам ҳаст.
ҶАҲОНГУЛ. Дада, аз ёдам баромадааст…
МИРФОЗИЛ. Чӣ баромадааст?
ҶАҲОНГУЛ. Амакам телефон карданд… Шумо аз хона баромадеду телефон шуд.
МИРФОЗИЛ (бо киноя). Ту одати ба телефон даъват кардан доштӣ-ку?!
ҶАҲОНГУЛ. Он кас гуфтанд, ки агар Шумо бошед, меоянд. Ман гуфтам, ки Шумо ҳоло ба ҷое нарафтаед.
МИРФОЗИЛ. Ташаккур! Марҳамат, биёяд… Ту дар ин рӯзҳо назди амакат рафта будӣ?
ҶАҲОНГУЛ (хавотир). Не… фақат худашонро дар назди институт дида мондам. Баъди аз сафар омаданашон…
МИРФОЗИЛ (худ ба худ). Марҳамат биёяд. Боз маро ягон насиҳат мекардагист…
ҶАҲОНГУЛ. Умуман, худатонро диданӣ будаанд. Дар телефон гуфтанд, ки "Ман акоямро пазмон шудам, он кас дар хона ҳастанд?" Ман "ҳастанд" гуфтам.
МИРФОЗИЛ (бо писханд) Хуб кардӣ. Баъди омада рафтани амакат мову ту сӯҳбат мекунем…
ҶАҲОНГУЛ (писханди падарашро пай бурда). Хуб шудааст, дада!..

Ҷаҳонгул меравад. Мирфозил чойро гардон-гардон мекунаду ба хаёли чуқур фурӯ меравад. Ба назар мерасад, ки вай рӯзҳои гузаштаи ҳаёташро ба хотир меорад.

МИРФОЗИЛ (худ ба худ). Амакаш меомадааст. Хайр, ҷои меомадагиаш… Барои чӣ духтари ман бо амакаш ҳамроз асту бо ману модараш не?! Он давра ман Холшарифу Сафарбекро беҳуда ранҷондам. Асабонияти давраи ҷанг-дия… Аммо ҳозир барои ман аз онҳо дида, беҳтарин маслиҳатгар нест. Бояд узрхоҳӣ кунам! Онҳо ҳамсояҳое ҳастанд, ки ба маънои гап сарфаҳм мераванд…

Дар ин фурсат Нур меояду ба тарафи хонаи акояш гузашта рафтанӣ мешавад. Аммо ногаҳонӣ чашмаш ба акояш мефарояд, ки дар айвонча нишастасту хаёл мекунад. Нур табассумкунон ба айвонча наздик мешавад…

НУР. Асаалому алайкум, ако!
МИРФОЗИЛ (дида). Салом! Хуш омадӣ, додарам! Дилу ҷигари ман ҳанӯз дуруст мегӯянд. Мегӯянд, ки ба духтур ҳоҷат надоред.
НУР (каме ранҷида). Ако, агар додар ба дидорбинии ако биёяд, ягон масъала-мӣ?! Шумо вақтҳои охир маро гунаҳгор карда истодаед…
МИРФОЗИЛ. Ман намедонам, уко… Ту вақтҳои охир саробони бародарзодаат шудаӣ… Вай фақат гапи туро барояш қонун мешуморад.
НУР (узрхоҳона). Ако, Шумо хело монда шудаед ва дили бачаҳоятонро фаҳмида наметавонед.
МИРФОЗИЛ (чашмонашро калон кушода). Нур! Андеша кун! Ман фаҳмида наметавонам?.. Аз туи хамиртуруш нони духтур сохтан вазифаи ман буд. Чунки падарамон инро мехостанд. Ман аз ту духтур насохтаам... Худат духтур шудӣ! Фақат ман ба васияти падарамон такя намуда, ба ту роҳ нишон додам. Аммо имрӯз ту ба ман таъна мезанӣ?! Ман дар ҷанг будам. Ҳамеша ёди шумоёнро мекардам. Аммо боре аз мактубе фаҳмидам, ки падарамон дар дами марг аст. Омада натавонистам. Зеро ҷанг буд…

Сафарбек дар як гӯшаи саҳна пайдо мешаваду гӯш мекунад.

Ман медонистам, ки дар сари қабри падарамон як худи ту будӣ. Бачаи хурд, рангпарида ва пурдард… Акнун намехоҳам, ки ту ба рӯи ман давӣ, додарам! Ту ҳоло фақат дотсент ҳастӣ. Медонам, ки профессор мешавӣ… Аммо ҳаминро дар хотир дор, ки ту барои ман додарӣ… Вақташ ояд, шаллоқ ҳам зада метавонам!..
НУР (бо сари хам). Он мактубро ман навишта будам, ако!
МИРФОЗИЛ. Номе набуд. Ташаккур, ки иқрор мешавӣ!.. Ман метарсам, ки ягон гапро ба ту гӯям. Зеро ҳамааш "миннат" менамояд!..
НУР (мутаассир шуда) Ако, ин тавр нагӯед, Шумо ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ҷангидед! Ман ҳамроҳи падарам будам. Омадани Шумо барои ман мукофоте буд! Омадеду ба кор даромадед ва маро хонондед. Тамоми ҳастии ман аз Шумо вобаста аст, ако! Ягон гуфтори Шумо барои ман миннат наметобад… Аммо як чиз ба ман алам мекунад, ки акои ҷанговари ман дар назари баъзеҳо соддалавҳ метобанд. Ҳаминашро медонам, ки бо соддалавҳии мардуми ин диёр ғалаб ба даст омад. Ҳамаи мо бояд дар ин бора хаёл кунем. Онҳо ҷон ба каф гирифта буданд, яке доду яке зинда монд. Онҳое, ки зинда омаданд, монанди Шумо, ишқро ҳимоя карданд. Мо акнун ба назди артисте бояд сари саҷда орем, ки он рӯзҳоро ба назари мардум нишон дода метавонад…
МИРФОЗИЛ (бо хаёл). Додарам, хуб гуфтӣ! Ман бо ту фахр мекунам. Аммо як рафтори ноҷо карда будаму ду ҳамсояи азизи ман рӯй тофтанд. Дар байни он ҳарду артист ҳам буд. Онҳо, додарам, намедонанд, ки ман вақти ҷанг зери хок монда будам… Кадоме аз дӯстони рус маро аз марг наҷот доданд. Аммо майнаам андак дар он гирумон такон хӯрдагӣ.
НУР (оҳ кашида). Ако, аз он таконҳо дар ин рӯз чизе боқӣ намондааст, чаро ғам мехӯред?.. Дар ҷои коратон обрӯи босазо доред… Додаратон, ки хонондедашу ба қатори мардум даровардедаш – қадри Шуморо мешиносад.
МИРФОЗИЛ (оҳ кашида). Ташаккур, уко!.. Акнун гӯш кун: Ман аз ту, аз номзади илм, аз додари худам – илтимос мекунам, ки Ҷаҳонгулро аз ин азмаш гардон!.. Вай ният дораду мехоҳад, ки ҳукми амакашро фаҳмад…
НУР (айёрона). Ако, ман барои ҳукм баровардан наомадаам. Ман ягона фарзанди падар ҳастам, ки ба Шумо додарам…
МИРФОЗИЛ (каме хашмнок шуда). Ман ягона фарзанди падарам, ки бо хаёли ту аз муҳорибаҳои зиёд зинда баромада, бо як пои овезон назди ту, ба ҳимояти ту омадаам... Падарамонро ман нагӯрондаам, уко! Хаёл кун, ки доғаш дар дили ман аст… Акнун мебинам, ки ту хондию одам шудию акои дар муборизаи ҳаёт хун рехтаатро сарзаниш менамоӣ?!

Мирфозил аз ҷояш хеста, чашмонашро молида-молида, аз саҳна баромада рафтанӣ мешавад. Сафарбек пеши роҳи ӯро мегирад. Вай чун бисёр суханони ин давраро шунида буд, кӯшиш мекунад, ки амаки Мирфозилро ба ифоқа биёрад…

САФАРБЕК. Амаки Мирфозил, ба гумонам, мо Шуморо бахшидем… Аммо Шумо гумон накунед, ки додаратон, духтури арҷманд омадаанду мо Шуморо барои ҳамин бахшида бошем… Шуморо барои дили покатон бахшидем.
МИРФОЗИЛ. Агар шумоён, ҳамроҳи Холшариф, маро барои гуноҳи онрӯзаам бахшида бошетон, худамро сарбаланд мешуморам. Дар ин бобат додарам чизе гуфта наметавонад. Чунки гуноҳи ҳар касро ба худаш мебанданд.
НУР. Сафарбек одами нек, аммо артист ҳастанд… Ман метарсам, ки он кас дар ҳаёт рол бозида бошанд…
САФАРБЕК (аз Нур ранҷида). Дӯстам, духтур! Мову Шумо ҳамсол ҳастем… Ман ҳаргиз пичингу таънаро бардошта наметавонам. Илтимос мекунам, ки духтурҳо ҳам азоби кори моро чун азоби кори худ донанд. Онҳо, бештар аз ҳама ҷарроҳон, узви дарднокро бурида мепартоянду баъд саломатии соҳибдардро дида, меболанд. Аммо барои мо, артистон, душвортар аст. Мо ҷароҳати ҷамъиятро табобат мекунем. Доруҳо гуногун мешаванд. Яке шифобахшандаву дигаре оби равони ҷӯйбор… Ба қавли амаки Холшариф – мо худамонро дар ҳазор қиёфа нишон медиҳем… Ҳар як қиёфаи моро дар саҳнаи театр омада дидан лозим!..
НУР (табассум карда). Шуморо бисёр дидаем. Дар кадом қиёфа баромад накунед, – тамошобин меписандад. Бозии Шуморо меписандад. Албатта, нақшҳои манфии Шумо андаке дар дил нафрат пайдо мекунонанд. Аммо баъди аз театр баромадан кас хаёл мекунад, ки дар он нақш фалон артист буд ва дар дил як фараҳмандие аз маҳорати бозии шахси соҳибистеъдод ҳосил мешавад…
САФАРБЕК. Ташаккур! Ман аз аввал медонистам, ки Шумо, духтур, амаки меҳрубони Ҷаҳонгул, бисёр дақиқназаред!.. Афсӯс мехӯрам, ки ба ин ҳавлӣ кам меоеду мо ҳам кам дучор мешавем.
НУР (бо табассум). Ман меояму Шуморо кам мебинам. Шояд аз он сабаб бошад, ки рӯзи истироҳати мо мардум – рӯзи кори шумоён аст?!
САФАРБЕК (хушҳол шуда) Бале, бале!.. Шумо хуб дарк кардед! Охир касбу кори мо ба он равона шудааст, ки ба аҳли меҳнат истироҳат бахшад…
НУР (ба тарафи акояш нигоҳ карда мегирад). Мо ҳамеша аз садоқати Шумову ҳамкасбонатон мефахрем!.. Мо ғизои рӯҳию маънавии худро аз аҳли санъату адабиёт мегирем. Забони бенуқсони тоҷикиро аз Шумоён меомӯзем… Барои ҳамин ҳам, ман гумон мекунам, ки ҳамкасбони Шумову худатон, Сафарбек, ба мо як дараҷа ҳукми муаллимӣ доред…
МИРФОЗИЛ (бетоқат шуда). Мебинам, ки сӯҳбати ҳамсолон тафсида истодааст. Хайр, Нурмуҳаммад, ман дар хона мешавам. Гапатон тамом шавад, биё! Ман гапи зиёди ба ту мегуфтагӣ дорам!..

Мирфозил меравад. Нур ва Сафарбек аз паи вай, ҳар кас ба фаҳмиши худ, нигоҳ мекунанд… Дар ҳамин фурсат Умеда меояду ба Нур салом дода, сонӣ ба шавҳараш муроҷиат менамояд.

УМЕДА. Сафарбек!
САФАРБЕК. Лаббай, ҷонам!
УМЕДА. Магар ба коратон дер нашуд?
САФАРБЕК. Ҳанӯз не, ҷонам!
УМЕДА. Аз хона барвақт баромадед… Агар вақт бошад, меҳмонро ба хона баред! Ҳама чиз муҳайёст… Фақат ман ба назди дугонаам мераваму зуд меоям!.. Вай телефон кард…
НУР. Ташаккур янга, барои таклиф!
САФАРБЕК (ба занаш). Марҳамат, равед… То омаданатон мо интизор мешавем…
НУР. Шумо ҳам аз коратон намонед, Сафарбек! Таъкиди акоямро дидед-ку… Сӯҳбати мову Шумо боқист! Раҳмат, янга!.. Як рӯзи муайян худам назди Сафарбек омаданӣ ҳастам.
УМЕДА. Худатон, мардҳо, бинетон-дия!.. Хайр (Меравад).
САФАРБЕК (табассум карда). Хонуми мо берун аз ҳисоб меҳмондӯст ҳастанд.
НУР (қаноатманд). Шунидаам, Сафарбек!
САФАРБЕК. Рашкашон ҳам андоза надорад, Нурмуҳаммад.
НУР. Инашро нашунидаам.
САФАРБЕК. Агар зани Шумо рашк надошта бошад – марди хушбахт Шумо!
НУР (ба хаёл рафта). Шумо ба ман гӯед, Сафарбек, кадом зани дӯстдоранда берашк мешавад? Рашк дар ҳама ҳаст… Фақат дар яке зиёду дар дигаре камтар. Ман гумон мекунам, ки занҳои шумо, мардум, агар худашон ҳамкасбатон набошанд, мард ҳастанд…

САФАРБЕК. Ин гапатон рост, Нурмуҳаммад…
НУР (ба ваҷд омада). Боре Шуморо дар "Ҷоми ҷаҳон" дидам. Бовар кунед, ки ҳама аз бозии Шумо шод буданд. Ҳарчанд, ки дар нақши марди ба занаш хиёнаткор баромад кардед…
САФАРБЕК (хандида). Кам нашавед, дӯстам! Он бозии ба Шумо хушомада, қариб маро дар ҳаёт хонавайрон карда буд…
НУР (бо ҳайрат) Наход?! Аз муносибати янга чизи баде пай набурдам ман…
САФАРБЕК. Яхҳои кӯҳ оҳиста-оҳиста об мешаванд. Фақат офтоб ва ҳарорат лозим! Дар як муддат ҳам офтоб, ҳам ҳарорати он шуда, қариб мурда будам-ку… Як шаб аз хона берун мондам…
НУР. Ҳеҷ бовариам намеояд. Шумо ҳазл мекунед!?
САФАРБЕК (хандида). Шумо Умедаро ҳозир дидед, ки вай чунин хушмуомила аст. Он рӯзҳо медидед… Умуман, занҳо дар назди одами беруна чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё шавҳарашонро ба тори сарашон бардошта мегашта бошанд…
НУР (норозиёна). Шумо аз занатон шикоят мекунед?
САФАРБЕК (ифтихорманд). Худо нигаҳ дорад!.. Он кас беҳтарин ҷавоҳироти ҳаёти ман ҳастанд. Аммо, баъди он бозию гулдастаҳои қатор, навад фоизи ҳисси хушомадгӯиямро ба кор андохтам – то хонуми азиз нарм шаванд…
НУР (хандида). Аз он ҳис даҳ фоиз боқӣ монд, гӯед?!
САФАРБЕК. Бале, бале… агар бори дигар шӯрои бадеии театр чунин рол супорад, рад карданам лозим меояд. Бигзор мазаашро дӯстони дигарам ҳам як чашида гиранд. Охир, боз ҳаштод фоиз чунин ҳиссиётро аз куҷо гирам?
НУР (бурдборона). Ба Шумо ҳасад намебарам, Сафарбек!
САФАРБЕК (орзуманд). Нав ҳасад мебурдед. Ҳаргиз ҳасад набаред! Аммо ман ба корубору Шумо ҳасад мебарам. Боре дар ин хусус бо амаки Холшариф баҳс карда будем… Фақат ҳамин қадарашро медонам, ки мо ҳама узви ҷамъиятему вазифаҳои худро иҷро мекунем. Агар хуб иҷро кунем, халқамон моро, фарзандонашро, бад намебинад…

Дар ҳамин фурсат Холшариф бо тӯрхалтаи пур меояд ва Сафарбеку Нурмуҳаммадро дар сӯҳбат дида, тӯрхалтаро ба каноре мегузорад ва назди онҳо меравад…

ХОЛШАРИФ (оҳ кашида). Ҳӯ, касофате… То аз бозор омадан монда шудам… (Ба Нур). Ассалому алайкум, амаки Ҷаҳонгул! (Дастӣ мулоқот мекунад). Хуш омадед!
НУР (ҳазломез). Мо ба меҳмонии Шумо омадему қулфи якманиро пушти даратон дидем…
ХОЛШАРИФ (бо ҳазли ҷавобӣ). Ман омад-омади Шуморо дониста, бозор рафта будам, ҷони амак! Марҳамат, қулфи якманиро ҳозир мешиканем.
САФАРБЕК. Ҳа, амак, баъди омада рафтани шиноси падарам маро аз саломатон маҳрум мекардагӣ шудаед…
ХОЛШАРИФ. Бубахшед, Сафарбек, магар пагоҳӣ надида будем?
САФАРБЕК (ҳазломез). Шиноси падари ман фикри Шуморо каме парешон карда рафтааст. Диданамонро чанд ҳафта гузашт?! (Холшариф хаёл карда мемонад). Охир, амак…
НУР. Шумоён ҳамсояи дар ба дар. Як сол набинетон ҳам, боз нав дидагӣ барин. Ман аз маҳаллаи дигар омадаам, имтиёз дорам. Барои ҳамин, амаки Холшариф Шуморо надида монданд.
САФАРБЕК. Ин кас умуман маро чашми дидан надоранд. "Шабҳо рол ёд карда, маро аз хоб мемонад!" – гуфта, дар хаёлашон як шикоятномае ҳам ба идораҳои дахлдор навишта мондаанд…
ХОЛШАРИФ (ҷиддӣ шуда ба Сафарбек). Рафту меҳмон шӯхии Шуморо фаҳмида натавонад? Баъд номи кӣ бад мешавад?!
САФАРБЕК (бепарво). Номи Шумо!
НУР (ширинкорона). Метавонанд!.. Деворҳо ғафс-ку!..
САФАРБЕК. Ҳисси шунавоии амакам зӯр. Он кас аз пушти даҳ қабат девор мешунаванд. Ҳамон саҳарӣ шаби рол тайёр карданам, дучорашон шавам, мегӯянд, ки ман дар шаб кадом нақшро тайёр кардааму бозиам чӣ гуна мебарояд…
ХОЛШАРИФ (ҷиддӣ). Ин биотокӣ, додарам. Артистеро дӯст доред, ролаш дар хобатон медарояд. (Ба Нур) Шӯхиҳои ин касро ман мебардораму фақат дар вақти каси аз ин ҳавлӣ беруна набуданаш… Шумо ҳам азони худам. Бад гумон мабаред!
САФАРБЕК. Амак, Абдулрашид омада будааст, мегӯянд. Ман хона набудааму Шуморо дида будааст. Чӣ гуфт?
ХОЛШАРИФ (хушҳол шуда). Он ҷавони ҳамдиёратон-мӣ?.. Бачаи аҷоиб… Гуфт, ки: "Мебахшед, амакҷон! Ман ба назди акаи Сафарбек омада будам. Он кас набуданд. Мехостам хабар диҳам, ки ман аз як фан "панҷ" гирифтам. Аз ман хавотир нашаванд… Ролҳояшонро барои мардуми серталаб хубтар бозӣ кунанд!" Ҳаминро гуфту тозон баромада рафт...
САФАРБЕК (бетоқат шуда). Кай омад, кай гуфт?
ХОЛШАРИФ. Аввалан, ман барои одамони Шумо дарбон нестам. Баъдан, дирӯз ҳаминро гуфту зуд ғайб зад… Агар боз бо ман шӯхӣ карданӣ бошед, он вақт Шуморо ман ҳамсояи азиз нею марди ҷоҳил мешуморам!..
САФАРБЕК. Наметавонед, амак.
ХОЛШАРИФ. Барои чӣ наметавонистаам?
САФАРБЕК. Барои он ки мо ҳамсоя ҳастем.
ХОЛШАРИФ. Гуноҳатро ба Умеда мегӯям.
САФАРБЕК. Вай Шуморо дӯст медорад ва ҳамаи гапҳоятонро тилло мешуморад. Хешу табори бисёр дореду аҳли байтатон ҳамеша дар меҳмонӣ… Кайф мекунед, амак! Ман ҳам артистона чунон мебофам, ки янгаам бовар кунанд…
НУР. Амак, меҳмонро дар як гӯша гузошта, ду ҳамсоя он қадар гап задетон, ки…
ХОЛШАРИФ. Нурмуҳаммадҷон, агар одам бо артист рӯ ба рӯ зиндагонӣ кунад, аз як ҷиҳат хубу…
САФАРБЕК. … аз ҷиҳати дигар бад! Ҳаминро гуфтанӣ будед, амаки Холшариф! Ман барои Абдулрашид дард мекашам. Агар яктаашро панҷ супорида бошаду боз омада бошад, ки ба ман хабар диҳад, шодам ва минбаъд сутункӯҳи вай мешавам!..
ХОЛШАРИФ. Шумо, Сафарбек, Нурмуҳаммадро ба як тараф гузоштеду ба масъалаи хешутаборӣ овора шудед (ба Нурмуҳаммад). Марҳамат, ба хона даромадем…
НУР. Ташаккур, амак! Ман имрӯзи истироҳат барои дидани ҳамсояатон омадам. Мегӯянд, ки шумоён шоҳмот бозӣ мекардетон?
ХОЛШАРИФ (бардурӯғ ало нигоҳ карда, ба Нур). Хӯш-э… Ман Шуморо одами бамаънӣ гӯям…

Холшариф тӯрхалтаашро гирифта, ба қафояш нигоҳ намекунаду меравад. Сафарбек ишкамашро дошта баланд механдад. Нур чизеро пай набурда, бо хавотирӣ ба Сафарбек менигарад…

НУР (моту мабҳут). Магар ман ягон гапи носазо гуфтам?! Сафарбек, барои чӣ он кас ин хел рафтанду Шумо баланд хандидед?
САФАРБЕК. Маънои хандаи маро дуруст фаҳмед, дӯсти азиз! Худатон намедонед, ки мо барои Шумо қасри каснодидро ваъда кардаем…
НУР. Ин гапатон чӣ маънӣ дорад?
САФАРБЕК. Маънояш ҳамин, ки ба туфайли акоятон амаки Холшариф аз шоҳмот сахт қимоб шудаанд…
НУР (аз гуфтааш пушаймон шуда). Маро амаки Холшариф тамоман маъзур доранд, ки хабар надоштам…
САФАРБЕК (артистона). Минбаъд ба ин кас либос надӯзонед.
НУР (бо ҳайрат). Барои чӣ?
САФАРБЕК (хандида). Медонанд, ки Шумо додари "шоҳмот" ҳастед. Ё намедӯзанд, ё дӯзанд ҳам, бо он либос боиси хандаи мардуми шаҳр мешавед…
НУР. Амаки Холшариф хайёти беҳтарини шаҳр ҳисоб мешаванд-ку?!
САФАРБЕК (бурдборона). Ин гапатон дуруст… Аммо қимобии он касро намедонед. Қимобшудагон одамони махсусанд…
НУР (таслим шуда). Ба Шумо бовар мекунам. Бояд ин кас пеш аз ба ман либос дӯхтан, бо акоям оштӣ шаванд. (Ҷиддӣ) Вагарна ман либоси нав намепӯшам!
САФАРБЕК (қаноатманд). Мақсадро хуб фаҳмида тавонистед, офарин!.. (Ба соаташ нигоҳ карда). Акнун агар аз тарафи Шумо иҷозат мешуду бемалол мебуд, ман мерафтам. Зеро шаб намоишнома дорам…
НУР. Ман кайҳо иҷозат дода будам, аммо амаки "Шоҳмот" омада монданд…
САФАРБЕК (хандида). Шумо, Нурмуҳаммад, худатонро аз либоси шинам маҳрум мекунед-дия…
НУР (бо ҳайрат). Он кас нестанд-ку?! Ман ҳар гапамро монанди тӯтӣ аз забони Шумо гирифта гуфта истодаам…
САФАРБЕК (худро сафед намуданӣ шуда). Ман нагуфтаматон, ки амаки Холшариф аз паси сад қабат девор мешунаванд?
НУР. Гуфтед, аммо… Хуб, Шумо равед! Ман назди акоям рафта саҷда мекунам, ки аз он кас узрхоҳӣ кунанд.
САФАРБЕК. (ботинан хандида). Хуш бошед, то дидори нав!

Сафарбек меравад. Нур аз қафои вай нигоҳ карда мемонад. Ҷаҳонгул меояду дар қафои амакаш хомӯш меистад. Нур ӯро намебинад. Чашмонаш ба тарафи Сафарбек рафтагӣ равон аст…

НУР (худ ба худ). Одамони аҷоибе ҳастанд дар ҷаҳон. Ин Сафарбек бо санъаташ дили мардумро мебарад. Ман мафтунам! Ба назари ман – ҳамаи одамон неканд!.. Ман ягон касро гунаҳгор ҳисобиданӣ нестам… Аммо, худо умрашонро дароз кунад, акоям… Барои чӣ одамонро нашинохта, бад медида бошанд-а? Ҷаҳонгули ман дар байни обу оташ мондааст. Акоям аҷоиб-дия… Албатта, ман медонам, ки асаби дар ҷанг бохтаашон он касро ташвиш медиҳад… Лекин бо чунин ҳамсояҳои доно унс гирифтанашон шарт буд. Канӣ, наздашон равам, боз чӣ моҷаро мехезонда бошанд… Охир, ин Сафарбек ифтихори миллат аст. Амаки Холшариф-чӣ?! Бо ҳарду қаҳрӣ шуданд-а…

Нур рафтанӣ мешаваду ба атрофаш менигарад. Ногаҳон Ҷаҳонгулро мебинаду дар ҳайрат монда, табассум мекунад…

Жанна, ту дар ин саҳна бо чӣ машғулӣ?
ҶАҲОНГУЛ (бо хушзабонӣ). Амакҷон, ман Жанна не, ба қавли худатон, ман Ҷаҳонгул ҳастам. Ин – як. Бо ягон кори дигар шуғле надорам – ин ду. Маро падарам барои Шумо фиристоданд – ин се.
НУР (чашмонашро калон кушода). Ҷонам, дар вақти имтиҳонҳоят ҳам чунин буррозабонӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Имтиҳону хонданамро худатон медонед, амак!
НУР. Ин – як!
ҶАҲОНГУЛ. Хислати падару модарам аз Шумо пӯшида нест…
НУР. Ин – ду.
ҶАҲОНГУЛ. Амак, ба се намегузарем, ки маро коҳиш мекунед…
НУР (бо табассум). Ман туро коҳиш намекунам – ин се… Падарат маро коҳиш мекунад, албатта барои он гап шуда, ин – чор… Боз чӣ гӯям?..
ҶАҲОНГУЛ (ҷиддӣ шуда). Амак шартамон чӣ буд?
НУР. Баччем, ман барои ҳамин омадам. Ту аз худат эҳтиёт шуданат лозим. Падаратро ҳам розӣ кардан кори осон нест. Фақат ҳамин чизро аз ту пурсам, ки ҷиддӣ дӯст медорӣ?
ҶАҲОНГУЛ (бо нимханда). Амак, ба Шумо гуфта наметавонам… Ҳанӯз шимпӯш нашудаам-ку… Худатон гуфта будед!
НУР (ҷиддӣ шуда). Медонам. Хайр бахтат кушода шавад, бародарзодаам!.. Ман барои он назди падару модарат восита мешавам, ки то ҳанӯз "чор"-атро нашунидаам…
ҶАҲОНГУЛ (баъди гапи амакаш ҷуръат пайдо карда). Амакҷон, тарафи ман шавед!
НУР. Ҷони амак, аз тамизи падарат вобаста аст… Модарат чӣ мегӯянд?
ҶАҲОНГУЛ (ноумедона). Модарам мегӯянд, ки ҳукми падарат равост… Аммо амакат туро наҷот дода метавонанд!..
НУР (мутаассир). Ваъда намедиҳам, ҷонам. Аммо кӯшиш мекунам! Худат медонӣ, ки падарат барои амакат дар ҳукми падаранд… Падаронро азият додани фарзандон аз рӯи одоб нест… Сабаби имрӯз ба ин ҷо омадани ман ту ҳастӣ, Ҷаҳонгул!.. Канӣ, ба хона дароям, чӣ гапҳое бошанд? Ту худатро дур гир! Охир, ману ту рафиқ ҳастем ҷонам!.. Ман туро намедонам, ту маро намедонӣ… Албатта, то ҳалли масъала… (Табассум мекунад).
ҶАҲОНГУЛ (болида). Амакҷон, бахти ман дар дасти Шумост! (Аз рӯи амакаш мебӯсад)
НУР (месулфад). Хайр, ҷонам, андаке дуртар гард! Ку, бубинем, падарат чӣ мегуфта бошанд?! Агар ба раъйи ту розӣ нашаванд, – Сафарбек Камолов ва амаки "Шоҳмот", – гӯр забон шавад, – амаки Холшарифро ба кор медарорем…
ХОЛШАРИФ (дохили саҳна шуда). Амаки кӣ гуфтед?
НУР (таъкиди Сафарбек ба ёдаш расида). Амак, Шумо маро кӣ гумон кардед?.. Ман ба бародарзодаам гуфтам, ки агар мушкиле пеш ояд, ба амаки Холшариф муроҷиат мекунем…
ХОЛШАРИФ. Ин гапатонро ҳам шунидаму аммо…
НУР. Не, не, амакҷон, гапи дигар набуд, фақат забон-дия…
ХОЛШАРИФ (бепарво). Ҳа-а…

Холшариф ба тарафи айвонча меравад. Нур аз рафтори ӯ тамоман дар ҳайрат монда, ба Ҷаҳонгул ишора мекунад, ки истад… Худаш "Мебахшед, амак" гӯён аз саҳна баромада меравад. Ҷаҳонгул дар саҳна мемонаду назди амаки Холшариф парвона мешавад. Амаки Холшариф дар айвонча нишаста, ба Ҷаҳонгул бо муҳаббати падарона менигарад.

ҶАҲОНГУЛ. Амак!
ХОЛШАРИФ. Ҷони амак. Либос фармуданӣ ҳастӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Фармуданӣ бошам – чӣ мешавад, амак?!
ХОЛШАРИФ. Ҳеҷ чиз намешавад, ҷони амак… Аммо худат медонӣ, ки ман аксаран либосҳои мардона медӯзам. Агар худи ту хоҳӣ – барои домодшаванда либоси шинам дӯхта медиҳам…
ҶАҲОНГУЛ (шарм дошта). Э, Шумо чӣ хел, амак?!
ХОЛШАРИФ. Ин ҷои шарм надорад… Духтари калонии ман ҳам "Э, Шумо чӣ хел, дада?!" – гуфта, тӯй шуда рафт. Ҳатто, се моҳ ҷониб хат наменависад, падарсӯхта!.. Либоси тӯёнаи домодро худам дӯхта будам…
ҶАҲОНГУЛ (гапро ба дигар тараф бурда). Амакҷон, Шумо бо падарам оштӣ шавед?!
ХОЛШАРИФ. Мо ҷангӣ ҳам нашудаем, ҷони амак. Хайр, андаке ранҷидем…
ҶАҲОНГУЛ. Донистам… Ҳамон шоҳмот…
ХОЛШАРИФ (аз ҷо ҷаста). Чӣ-ӣ? Хӯш-э…
ҶАҲОНГУЛ (бепарво). Амакҷон, рафторатон худи қимобҳо барин-а?! Охир, шоҳмот бозии нағз-ку?!
ХОЛШАРИФ (бетоқат шуда). Ҷони амак, туро ман ҳамеша бамаънӣ ҳисоб мекардам. Тарафатро гирифтанӣ будам… Аммо…
ҶАҲОНГУЛ. Амакҷон, ин дафъа бозӣ кунед, ман ҳатман омада тарафатонро мегирам. Чунки рондани донаҳои шоҳмотро…
ХОЛШАРИФ. Чӣ-ӣ? Духтари бемаънӣ ту…

Холшариф дигар гап назада, баромада меравад. Ҷаҳонгул аз паи вай нигоҳ карда, ҳайрон шуда мемонад… Бо хаёли худ чанд қадам мемонаду дар маркази саҳна таваққуф мекунад. Худ ба худ гап мезанад.

ҶАҲОНГУЛ. Аҷоиб… Барои чӣ амаки Холшариф аз ман ранҷида рафтанд?! Амакам дар хона бо падарам дар баҳсу талоше будагистанд… Бечора, имсол қабул шуда метавониста бошад-а? Хайр, агар имсол ҳам қабул шуда натавонад, ман ҳамроҳаш меравам-дия… Ба хотири ман шуда, се сол боз барои қабул шудан ба мактаби олӣ меояд. Ин соли охирин будагист… Ё… Ё… (мусиқӣ. Ҷаҳонгул месарояд)

Ман надонам чист, охир, дар ҷаҳон афрӯхтан,
Ё ҳаёти мардумони покро омӯхтан,
Ё шукуфтан дар ҳамин раҳ аз ҳавои меҳри ёр
Ё ки андар оташи ҷабру ҷафояш сӯхтан?!
Дар забони миллати ман ишқ – ин покизагист.
Ҳар кас ин маъно нафаҳмад – одами покиза нест!
Ошиқон гӯянд агар беҳуда ҳарф аз аҳди худ,
Фарқ байни булҳавас ё одами ошиқ чист?
Буд рӯзе, он чӣ рӯзе, ботинан месӯхтам,
Гашта хокистар, валекин боз меафрӯхтам.
Хоки роҳи ёр гаштан ё ки хокистар шудан
Кош, ман аз мардумони пок меомӯхтам!
Кош меомӯхтам!..

Ҷаҳонгул бо хаёл қадам мезанад. Дар ҳамин фурсат Умеда меояд. Вай Ҷаҳонгулро дар чунин ҳолат дида, ғамхорӣ карданӣ мешавад…

УМЕДА. Ҷонам, андаке мушаввашхотир менамоӣ.
ҶАҲОНГУЛ. Ба Шумо чунин намудааст, Умеда-апа.
УМЕДА. Шояд… Аммо ба назарам намуд, ки дар бораи ишқ хаёл мекарда бошӣ.
ҶАҲОНГУЛ (ҳайрон шуда). Апа, аз Шумо як чизро пурсиданӣ будам…
УМЕДА. Марҳамат, пурс, Ҷаҳонгул!
ҶАҲОНГУЛ. Шумо акоямро нағз дида расида будед-а?
УМЕДА (ҳайрон шуда). Чунин саволро ту пештар ба ман дода будӣ-ку?! Агар касеро дӯст дошта бошию касе монеъ шавад – зуд таслим нашав! Ин маслиҳати ман аст… Маро падару модарам ба Сафарбек доданӣ набуданд. Мегуфтанд, ки: "Вай артист". Аммо акнун ҳамаашон фахр мекунанд, ки чунин домоди артист доранд…
ҶАҲОНГУЛ. Худатон?
УМЕДА (хандида). Ифтихори зан дар дилаш мешавад, аммо бо забон онро фош кардан намехоҳад. Метарсад, ки мабодо шавҳараш аз худ рафта монад… Ба хаёлам, он дафъа худат пай бурдӣ…
ҶАҲОНГУЛ. Ман аз шумоён мадад металабам… Ҳоло амакам дар назди падарам ҳастанд. Ба ман гуфтанд, ки "ту худатро дур гир!"
УМЕДА (бурдборона). Дуруст гуфтаанд. Сафарбек биёянд, хоҳиш мекунем, ки бо қуввати санъаташон мадад расонанд…
ҶАҲОНГУЛ. Ташаккур, Умеда-апа! Дӯсттар доред он касро…
УМЕДА (бо камоли муҳаббат нигариста). Хоҳарам, дӯст доштан решаҳои дарози худашро дорад. Мо дар хонадон аз ҳамон решаҳо баҳравар шудагӣ… Барои шумоён ҳам чунин решаҳои дарозро орзу мекунам!..

Умеда тарафи хонааш гузашта меравад. Дар саҳна Ҷаҳонгул танҳо мемонад. Худ ба худ гап мезанад.

ҶАҲОНГУЛ. Кошкӣ, ман ҳам аз решаҳои амиқи муҳаббатам қомат баланд мекардам!..

Ҳосиловар решаи уммед бод,
Хонаи дил дар бари хуршед бод!

Ҷаҳонгул ба тарафи хонаашон мераваду саҳна торик мешавад…
Охири намоиш.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »