Намоиши чорум
Манзараи намоишҳои пештара. Саҳна дар назари аввал холист. Сафарбек ва Холшариф дохили саҳна мешаванд ва онҳо ба ҷое равонанд. Аммо дар байни саҳна ду кас ғарқи сӯҳбат шуда мемонанд…
ХОЛШАРИФ (хандида). Шумо тамоман одами аҷоиб ҳастед!..
САФАРБЕК (мушавваш). Шӯхӣ мекунед, амак. Ман қариб як сол мешавад, ки падарамро надидаам. Бисёр мехоҳам, ки наздашон равам. Лекин…
ХОЛШАРИФ (бо писаханд). Шумоён бачаҳои ҳаминзамона. Падару модарро хабар нагиретон ҳам мешавад… Чунки шумоён шаҳрӣ шуда мондаетон… Давлат хонаҳои нағз додагӣ…
САФАРБЕК (табассум карда). Он қадар ҳам дар пичинг устодед, ки ба дастатон об рехта наметавонам.
ХОЛШАРИФ (бо санҷишкорӣ). Магар хонаҳои нағз додани давлатамон дурӯғ аст?.. Мову Шумо дар як иморат зиндагонӣ мекунем, Сафарбек!
САФАРБЕК. Ин гапатон рост, амак. Аммо падару модарамон омада – се рӯз намеистанд. Дилашон тангӣ мекардааст… Худатон, ба назарам, бохабар будед…
ХОЛШАРИФ. Умедахон куҷо рафтанд?
САФАРБЕК. Ба корашон.
ХОЛШАРИФ. Як муддат озод будаед-ку… Биёед, агар дар театр коратон набошад, каме дар айвонча нишинем!..
САФАРБЕК. Марҳамат, амак! Аммо ман аз имтиҳони охирини Абдулрашид дар хавотирам…
Холшариф ва Сафарбек гузашта дар айвонча менишинанд. Сафарбек бо хаёлу андешаи худ ба атроф менигарад.
ХОЛШАРИФ. Вай бачаи доност. Мегузарад…
САФАРБЕК. Аммо маротибаи сеюм омадани ҳамин бачаи доност-дия, амак!
ХОЛШАРИФ (оҳ кашида). Нурмуҳаммад ранҷида рафт, ба назарам. Ин Мирфозил сутункӯҳест дар назарам. Ман ба Шумо чизе гуфта наметавонам…
САФАРБЕК (кунҷкобона). Ҳамаи авлодро либоси якранг пӯшонида метавонед?
ХОЛШАРИФ. Метавонам, додарам. Ба шарти он, ки шумоён навбаромадҳо хайётро одам шуморед… Ман ҳамсояҳои зиёдро дидаам. Албатта, аз баъзеашон меболидам…
САФАРБЕК (табассум карда). Амаки Холшариф, мо бинои марҳаматро барои ҳамсояҳои неки Шумо андохтем. Худатон хуб медонед… Аммо имрӯз ман мехостам, ки қисмати ду ҷавони барнодил хуб шавад!..
ХОЛШАРИФ. Мирфозил намехоҳад.
САФАРБЕК. Шумо мехоҳед, амак?
ХОЛШАРИФ. Ман падари духтар нестам.
САФАРБЕК. Шумо падари маънавии ҳамин иморат ҳастед. Наход нахоҳед, ки бахти яке аз духтарони аҷоиби ҳамин бино ба дасти кадом як авбош фарояд?
ХОЛШАРИФ. Ҳаргиз намехоҳам, Сафарбек!
САФАРБЕК (хандида). Амаки Миршоҳмот, э мебахшед, Мирфозил аз Шумо фотиҳа гирифтанӣ будагистанд…
ХОЛШАРИФ (ранҷида). Шумо гапро ба дараҷаи "аъло" баровардед, артист! Дар ҳақиқат ҳам артистона рол бозӣ мекунед…
САФАРБЕК. Наранҷед, амак… Ман ба ҳамон "папа-а"-аш ҳам розӣ шудам. Ҷаҳонгул духтари поку ботамиз аст. Вай аъло мехонад. Ҳамаи муаллимонаш таъриф мекунанд. Амак, ба тӯй сарубар шавед!
ХОЛШАРИФ. Наметавонам! Сафарбек, маро илтимос накунед!.. Агар либос лозим шавад, марҳамат, бо навбаташ дӯхта медиҳам!..
САФАРБЕК (суханбозӣ карда). Либосро амак аз дӯкон ҳам харидан мумкин аст… Аммо дили инсонро, ақли солимро аз ягон бозори олам харидан мумкин нест, амак!..
ХОЛШАРИФ. Рост гапатон.
САФАРБЕК. Шумо дил доред, ақли солим доред… Ба миёна дароед, охир…
ХОЛШАРИФ. Наметавонам! Падару модараш одамони дилсард ҳастанд… Худи Ҷаҳонгулро ман ҳурмат мекунам…
САФАРБЕК. Худашро ҳурмат мекарда бошед – шуд! Мо барои бахти вай мададгорӣ карданӣ ҳастем…
ХОЛШАРИФ (андешаманд). Сафарбек!
САФАРБЕК. Лаббай, амак!
ХОЛШАРИФ (бо хаёл). Ин Абдулрашиди Шумо оё падару модар надорад?
САФАРБЕК. Дорад. Падару модари баобрӯй дорад…
ХОЛШАРИФ (хаёл карда). Барои чӣ онҳо миёнарав шуда намеоянду Шумо ба сари ман вазифаи душворро бор карданӣ ҳастед?
САФАРБЕК (табассум карда) Росташро гӯям, худам онҳоро намешиносам. Ман аз деҳаамон барвақт баромадаам…
ХОЛШАРИФ. Пай мебурдам. Инро медонам…
САФАРБЕК. Абдулрашид вақти маротибаи якум омаданаш худашро шиносонида буд. Баъд, дар дасташ аз падари ман мактуб дошт. Ба ман ин ҷавон бениҳоят маъқул афтод… Он вақт мо дар ин иморат намезистему бо Шумо ҳамсоя набудем, амак!
ХОЛШАРИФ (андеша намуда). Баъди ҳамсоя шуданамон Шумо хело гап мегуфтагӣ шудаед, Сафарбек! Либосатонро ман медӯзаму…
САФАРБЕК. Ташаккур, амак! Либоси кӯчапӯшамро Шумо медӯзед, беминнат шавад… Аммо либоси саҳнапӯшамро одамони дигари медӯхтагӣ ҳастанд…
ХОЛШАРИФ. Ман бо Шумо баҳс намекунам, додарам!
САФАРБЕК. Гапамон дар бораи Ҷаҳонгул буд, амак!
Ҷаҳонгул ва Умеда дохили саҳна мешаванд. Онҳо ба тарафи айвонча нигоҳ карда, аз роҳашон бозмеистанд.
ХОЛШАРИФ. Умеда, ту магар дар корат набудӣ?
УМЕДА. Будам, амак. Аммо рафтори Сафарбекро санҷидан омадам.
САФАРБЕК (дар ҳайрат). Кадом рафторамро азизам?
УМЕДА. Фаҳмидам, ки Шумо зани дигар гирифтанӣ будаед…
САФАРБЕК (хандида). Ё тавба!.. Ин гапи нав-ку, ҷонам?!
ХОЛШАРИФ (ҳайрон шуда). Духтарам, ту чунин гапро аз кӣ ва аз куҷо шунидӣ?
УМЕДА. Аз одамон…
ХОЛШАРИФ (сар ҷунбонда). Ҳай-ҳай… Шавҳаратро пеш аз ҳамсоя шудан ман хуб мешинохтам. Агар шавҳар бовафо шавад – ҳамин қадар мешавад, духтарам.
ЧАҲОНГУЛ (нохост). Умеда-апа! Аз Сафарбек гумони бад набаред. Ин кас ғайр аз Шумо ба каси дигар нигоҳ карда наметавонанд. Агар мабодо нигоҳ кунанд – ман чашмонашонро канда ба дасти худатон медиҳам.
САФАРБЕК (хандида). Раҳмат, Ҷаҳонгул! Аммо апаат одами бечашмро ба сараш мезанад-мӣ?
ҶАҲОНГУЛ (табассум карда). Дӯст доранд – ба сарашон нею ба дилашон мезананд! (Тозон баромада меравад).
САФАРБЕК (ба занаш). Шунидед?
УМЕДА (бепарво). Шунидам.
ХОЛШАРИФ. Гапи хуб гуфта рафт. "Дӯст доранд – ба сарашон нею ба дилашон мезананд!"
УМЕДА. Гуфтан мегирад-дия… Гапе, ки ман бо гӯши худам шунидам, вай нашунидааст. Агар мешунид – чунин намегуфт!..
САФАРБЕК (ҷиддӣ шуда). Магар инсон ба ҳар гапи шунидааш насанҷида бовар мекунад, баҳори ман?
УМЕДА. "Хар аз хар қафо монад, гӯшашро мебурранд" – гуфтаанд… Зарбулмасалҳои халқиро беҳуда набофтаанд.
ХОЛШАРИФ (ҳайрон шуда). Ту ба чӣ ишора мекунӣ, духтарам?
САФАРБЕК. Ман гумон намекардам, ки ин кас саҳар бо дасти чап аз хоб хестаанд…
УМЕДА. Афсӯс, ки бо дасти рост хеста будаму боз ин гапҳоро шунида мондам.
ХОЛШАРИФ (бетоқат шуда). Кадом гапҳоро. Агар мумкин бошад, гӯй, ки фаҳмида мулоҳиза кунем?!
УМЕДА. Дар замони мо аз ҷиҳати иқтисодӣ зан мӯҳтоҷи шавҳар нест. аммо дар дунё муҳаббат гуфтанӣ гап ҳаст!..
САФАРБЕК. Меҳрубонам, ин гапҳои болохонадор чӣ маънӣ доранд? Як рӯз берун аз хона мондаму ба сарам чунин фикр наомада буд. Акнун ин гапҳо, зарбулмасалҳо аз куҷо пайдо шуданд?
ХОЛШАРИФ. Ҳа, аз куҷо пайдо шуданд?
УМЕДА (ба Холшариф) Амак, Шумо гӯш кунед, ки ин кас дар саҳни ҳавлии тетар худ ба худ чиҳо гуфтаанд: (Ба як ҳолате даромада нақл мекунад) "Ман аз дасти занам ба танг омадам. Вай маро ҳамеша азият медиҳад. Борҳо беруни дар мондаам… Акнун ягона роҳ дорам – аз вай ҷудо шаваму дар ягон гӯшаи шаҳр иҷора гираму фурсаташ расад, аз нав хонадор шавам! Агар бо ҳамин аҳвол гаштан гирам – корам барор намегирад! Ман бояд ҷудо шавам, ман бояд зан гирам!". Дугонаи ман стенографистка аст. Вай бо коре ба театр омада будаасту ин гапҳои ҷанобро шунида, навишта гирифтааст, амак. Ана дидед?
ХОЛШАРИФ (ба Сафарбек). Рост аст, ки ҳамин тавр гуфтед?
САФАРБЕК (аз нофаҳмии занаш як дараҷа ранҷида). Рост аст.
ХОЛШАРИФ (хаёл намуда). Оҳ, ман бо чӣ хел одам ҳамсоя шудаам?! Ҳаргиз чунин гумон намекардам. Шумо, Сафарбек, барои ман намунаи ибрати ҷавонон будед. Навакак аз ман хоҳиш мекардед, ки миёнарави бахти ду ҷавон шавам. Аммо "рост аст" гуфтанатон тамоми тобу тавони маро бурд. Росташро гӯям, аз Шумо ихлосам гашт… Наход одам чунин занро монда, зани дигар гирад?!
Холшариф баромада рафтанӣ мешавад. Вай як ба Сафарбеку як ба Умеда менигарад. Умеда рӯй гардонда истодааст. Сафарбек аз шӯхиаш пушаймон, ишора мекунад, ки Холшарифу Умеда аз саҳна нараванд. Худаш ба тарафи хонааш тез баромада меравад. Дар саҳна Умеда ва Холшариф мемонанд. Бехабар аз ин воқеа Ҷаҳонгул чой меорад…
ҶАҲОНГУЛ. Амак, чой овардам!
ХОЛШАРИФ. Ташаккур, Ҷаҳонгул!
ЧАҲОНГУЛ. Умеда-апа, гардон-гардони чой аз Шумост!
УМЕДА. Раҳмат, хоҳарам!
ҶАҲОНГУЛ. Ҳозир конфет ҳам меорам…
Ҷаҳонгул баромада меравад. Пйеса дар даст Сафарбек дохили саҳна мешавад. Вай ботинан ғолиб аст, ба Холшариф муроҷиат мекунад.
САФАРБЕК (ба Холшариф). Амак, як вақт ба касби ман баҳои баланд дода будед… Имрӯз Шуморо шинохта наметавонам.
ХОЛШАРИФ. Агар ин гап рост бошад…
САФАРБЕК. Ин гап дурӯғ!
УМЕДА. Ҳа-а, дурӯғ-а? Ман нав кадом зарбулмасалро гӯшрас кардам?
САФАРБЕК. "Хар аз хар қафо монад, гӯшашро мебурранд". Ин ба ман дахл надорад, амак!..
УМЕДА (оташин шуда). Дахл надоштааст! Абдулфайзи ҳамкасбатон занашро сар дода, зани дигар нагирифт?
САФАРБЕК. Гирифт.
ХОЛШАРИФ. Маро зану шӯ хотирпарешон кардетон!
САФАРБЕК. Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар, гуфтаанд… Абдулфайз зани дигар гирифт. Аммо ин ҳодиса ба ман чӣ муносибат дорад?!
УМЕДА. Ба вай тақлид карданӣ ҳастед. Одами ҳамон гапҳоро гуфтагӣ…
САФАРБЕК (механдаду ба асари дар дасташ будагӣ ишора мекунад). Мана, он гапҳо аз куҷоянд!.. (Ба роли қаҳрамонаш даромада, такрор мекунад). "Имрӯзҳо баҳор ҳам дар назарам беранг менамояд… Ман аз дасти занам ба танг омадам. Вай маро ҳамеша азият медиҳад. Намедонам, чӣ кор кунам… Борҳо беруни дар мондаам. Акнун ягона роҳ дорам – аз вай ҷудо шаваму дар ягон гӯшаи шаҳр иҷора гираму фурсаташ расад, аз нав хонадор шавам! Агар бо ҳамин аҳвол гаштан гирам – корам барор намегирад. Ман бояд ҷудо шавам!.. Ман бояд зан гирам!.."
ХОЛШАРИФ (кушодатар шуда). Ин аз ролатон-ку?!
САФАРБЕК. Бале! Бояд зани артист фаҳмида тавонад…
УМЕДА (шарм дошта). Охир, вай ҳамин хел гуфт!
САФАРБЕК. Ин гапҳо аз асари нави саҳнавӣ аст. Ман онро дар саҳни ҳавлии театр ёд мекардам. Дугонаи бетамизи Шумо онро дигар хел гумон карда, бароятон "тӯҳфа" бурдааст. Агар бовар накунед, мана аз ин ҷо хонед, меҳрубонам! (Асари дар дасташ бударо нишон медиҳад).
ХОЛШАРИФ. Зани артист бояд мефаҳмиду ба гапи дугонаи стеногарфаш бовар намекард. Росташ, ман ҳам каме ба шӯр омада будам…
УМЕДА (хиҷолатманд). Шуд… Ман рафтам!
ХОЛШАРИФ. Истед! Ман кадоматонро гунаҳгор ҳисоб кунам.
УМЕДА. Намедонам, амак. Ҳамин қадарашро дарк кардам, ки ман бояд дар ҳамаи намоишҳои театр бошам…
ХОЛШАРИФ. Офарин, духтарам! Акнун як либоси нағз дӯхта додан ба гардани ман аст!
САФАРБЕК. Барои ман ҳам, амак!
ХОЛШАРИФ. Барои ҳардуятон.
УМЕДА (ба Холшариф). Амак, ин соддалавҳии маро ба ҷое овоза накунед. Аз Шумо илтимос!..
САФАРБЕК (бо писханд). Ман дигар дар беруни дар намемондагистам?!
УМЕДА. Намемонед. Ман фақат шому саҳаратонро табрик кардан медароям! Кас агар дил дода бошад, ҳама чиз ба назараш шубҳаомез метобад! Бубахшед, амак! Бахти Ҷаҳонгул бояд ба дасти каси шоиста афтад! (Ба Сафарбек муроҷиат мекунад). Дӯстам, дар хона ҳама чиз ҳаст. Метавонед, дӯстонро зиёфат кунед! Аммо ман сад ҳазор афсӯс мехӯрам, ки шавҳари ман артист аст! Вай рол бозӣ мекунаду ман рашк мебарам…
ХОЛШАРИФ (болида). Ҳаргиз дард набинетон!.. Акнун ҳамаамон назди Мирфозил меравем!
САФАРБЕК. Ташаккур, амак! Меравем!
Холшариф, Сафарбек ва Умеда аз саҳна баромада мераванд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Ҷаҳонгул меояд, ки чойникро барад. Дар ҳамин вақт беҷуръатона Рашид дохили саҳна мешаваду Ҷаҳонгулро танҳо дида меболад. Худаш ботинан хурсанд аст. Ҷаҳонгул чойникро дар даст мегираду рафтанӣ мешавад. Чашмаш ба чашми Рашид бармехӯрад…
РАШИД (месарояд).
Ғунча хандид ё ту хандидӣ?
Хандаи беғуборро дидам.
Аз нигоҳат дилат бузург намуд,
Шавкати кӯҳсорро дидам.
Тинатат софу талъатат соф аст,
Софии чашмасорро дидам.
Лаб кушодию шуд аён ақлат,
Оламе ифтихорро дидам.
Оҳ, ҷонам даруни сина зи ту
Шодии беканорро дидам.
Баҳри дилро баҳор бикшояд,
Дар ту ман он баҳорро дидам!
Ассалом, Ҷаҳонгул!..
ҶАҲОНГУЛ. Салом, Рашид! Шер омадӣ ё рӯбоҳ?
РАШИД. Мобайни ҳарду… аз Сурудам нафаҳмидӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Яъне, чор?
РАШИД. Бале чор шуд…
ҶАҲОНГУЛ. Ба назарам, акнун қабул мешавӣ, Рашид!
РАШИД. Шояд…
ҶАҲОНГУЛ (месарояд):
Бишнав ту саҳар зи пайғоми дилам,
Аз дурии ту нест саранҷоми дилам!
РАШИД.
Мемираму лек мешавам зинда, агар
Боре биситонам аз лабат коми дилам!
ҶАҲОНГУЛ.
Боре назаре ҷониби дилсӯхтаат,
Бар шахси забони ишқ омӯхтаат!
Лутфе бинамо, оташи ҳиҷрон мафурӯз
Бо мардуми шамъи меҳр афрӯхтаат!
РАШИД.
Ҳар нолаи дил – нолаи беовоз аст.
ҶАҲОНГУЛ.
Нашнида биё, ки ҳоли мо носоз аст!
РАШИД.
Зуд ой, ки тоқате намондаст маро,
Ҳар пардаи чашм бар ту пойандоз аст.
ҶАҲОНГУЛ.
Тори дили мо даме, ки тор аст, навоз,
Ҳар нағмаи он зи ҳиҷри ёр аст, навоз!
РАШИД.
Вақте ки ба айшу ишрате биншинем, –
Боде, ки дар он бӯи баҳор аст, навоз!
ҲАРДУ:
Ёрон, чу накӯед – накӯкор шавед,
Дидед, ки ғам дид касе, – ёр шавед!
Лофе назанед ҳаргиз аз мардии хеш,
Бар шахси ҷафодида парастор шавед!..
ҶАҲОНГУЛ. То имрӯз аз овозат бехабар будам…
РАШИД. Магар туро одами беовоз дӯст дошта метавонад? Ту худат суруд ҳастӣ, Ҷаҳонгул!..
ҶАҲОНГУЛ. Ташаккур, Рашид!.. Ман ҳамаи ин се сол бо ёди ту мезистам. Ҳатто, боре, ҳамсояамон ҳазл карданд. Хайрият, ки имсол ту қабул мешавӣ...
РАШИД. Холам мерасида бошад?.. Агар қабул нашавам ҳам, бо ёди ту меравам. Дили туро намедонаму ҳаминашро медонам, ки ман бе ту хушбахт шуда наметавонам!..
ҶАҲОНГУЛ. Ин қадар нанол, Рашид!.. Тарафдорони ту зиёданд ва онҳо метавонанд, ки падару модари маро розӣ кунонанд. Ҳатто амаки Холшариф дар миёна. Ман фақат аз он метарсам, ки он тараф одами наздики падарам будагист. Худат медонӣ, ки ман зидди хоҳиши падару модар баромада наметавонам!
РАШИД (хавотир). Агар он тараф зӯр барояд, ту маро партофта, ба вай мерасӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Падару модарам соҳибихтиёранд.
РАШИД. Ҷаҳонгул, ман фақат бо умеди ту кӯшиши ба мактаби олӣ даромадан кардам. Агар ту маро дӯст надорӣ – ба институт қабул нашавам ҳам мешавад. Ҳозир обрӯи механизатор хело баланд аст. Ман ин касбро хуб медонам…
ҶАҲОНГУЛ. Медонам, коре кунетону падару модарамро розӣ намоетон…. Ба ҳар ҳол, умедатро аз ман накан, Рашид! Ту қабул мешавӣ. Ҳаждаҳ хол аз чор имтиҳон…
РАШИД (каме асабонӣ). Ман мехостам акои Сафарбекро бинам.
ҶАҲОНГУЛ. Он кас дар хонаи моён. Ман ҳозир рафта ба гӯши он кас аз омадани ту дарак медиҳам…
Ҷаҳонгул меравад. Рашид дар саҳна танҳо мемонад. Вай хаёл мекунад. Мусиқӣ баланд мешаваду Рашид беихтиёр месарояд.
Суруди Рашид:
Асоси бахти комил офариданд,
Ҳазорон боғу манзил офариданд.
Барои зисти инсон – хона карданд,
Барои ишқи мо – дил офариданд.
Табиат зиндагии тоза сар кард,
Ки инсон ҳусни онро тозатар кард.
Зиҳӣ, иқболи беамсоли халқам,
Насибатро замон фатҳу зафар кард!
Тамоми тори дилро соз кардем,
Суруди бахтро оғоз кардем!
Гирифт ишқи дили мо чун пару бол,
Ба истиқболи худ парвоз кардем.
РАШИД. Он тараф кӣ бошад?.. Ё гирифта гурезам?! "Падару модарамро розӣ кунетон!" мегӯяд… Акои Сафарбекро миёнарав карда будам. Ҳавои ишқи ин духтар буд, ки ман дар осмони шаҳр болу пар задам… Ҳаждаҳ хол дорам. Шояд қабул шавам!.. Падарам маро ҳимоят намекунанд. Модарам ашк мерезанд. Ман ҳамин духтарро нағз дида мондам. Ҳаждаҳ хол дораму аммо дилам дар ташвиш… Лаҷоми ибтидои муҳаббат дар дастам, аммо интиҳояш чӣ мешуда бошад-а?
Сафарбек меояд. Вай ба тарафи Рашид ҳаракат мекунад.
РАШИД. Ассалому алайкум, ако!
САФАРБЕК. Салом, Абдулрашид! Аз чеҳраи кушодаат мебинам, ки баҳои нағз гирифтаӣ!?
РАШИД. "Хуб" шуд, ако.
САФАРБЕК. Итминон дорам, ки мегузарӣ. Ҳаждаҳ хол… Ба заммаш баҳои шаҳодатномаат… Мегузарӣ! Ду панҷу ду чор… Гапи ҳазл не, додарам. Ман ҳам дар вақташ айнан ҳамин хел имтиҳон супурда будам. Дилатро васеъ гир, додарам!
РАШИД. Гуфта намешавад-дия, ако. Бачаҳои аз ман пурқувваттар ҳам бисёранд.
САФАРБЕК. Ғам нахӯр! Ин тарафи корат ҳал мешаваду аммо амаки Мирфозил…
РАШИД. Чӣ гуфтанд?
САФАРБЕК (андеша карда) Надонам… як рафиқашон будааст. Вай писар доштааст. Ба ҳамон қавлдорам шудаанд. Паллаи тарозуи туро секаса зер кардему… Ҳоло амаки Холшарифу янгаат дар он ҷоянд… Дили Ҷаҳонгул ба ту кашол. Парво накун, ин ҳам як имтиҳони дигар…
РАШИД (шармгинона). Ако, агар ин масъала ҳал нашавад, хондани ман ҳам хаскаду шуда мемонад…
САФАРБЕК. Канӣ, фармон барояд… Дили духтар дар дасти туст. Ҳа, воқеан, барои чӣ падару модарат намеоянд?
РАШИД. Падарам баъди ҳар як имтиҳонам меомаданд…
САФАРБЕК. Не, назди инҳо омаданашон лозим буд.
РАШИД. Онҳо интизори қабул шудани мананд. Ман Ҷаҳонгулро бениҳоят ҳурмат мекунам, ако!
САФАРБЕК. Медонам, додарам. Ту ҳозир хонаи мо рафта, андаке дам гир. Ман назди онҳо меравам.
РАШИД. Лозим набудагист.
САФАРБЕК. Не, не рав! (Калидро бароварда медиҳад).
Аз пушти саҳна овозҳо ба гӯш мерасанд. Рашид ноилоҷ калидро мегирад ва омодаи рафтан аст…
Овози МИРФОЗИЛ. Вай дар хонаи пештараамон омаду рафт дошт. Ман ба вай қавл додаам…
Овози УМЕДА. Амак, ба ин манзилатон ягон маротиба наомадааст-ку?!
Овози ХОЛШАРИФ. Ҳӯй, ҳамсоя, ба дили духтаратон равед!
Сафарбек ба Рашид ишора мекунад, ки равад. Рашид баромада меравад. Ба саҳна Мирфозил, Холшариф ва Умеда дохил мешаванд. Ҷаҳонгул аз як канор мепояд. Вай гоҳо пайдо мешаваду гоҳо ғоиб мегардад…
САФАРБЕК. Хӯш, ба чӣ хулоса омадетон?
ХОЛШАРИФ. Кор бе Шумо намепухтагӣ барин…
МИРФОЗИЛ. Бо ин кас ҳам намепазад.
УМЕДА. Барои чӣ, амак? Моён магар барои духтари Шумо рӯзи бадро мехоҳем?
МИРФОЗИЛ. Духтарам аввал мактаби олиро тамом карданаш шарт. Баъд, ман бояд аз назди он бародарам гузарам. То ҳамон вақт ягон ҷавоби мусбат дода наметавонам…
САФАРБЕК. Амаки Миршоҳмот, э, мебахшед, амаки Мирфозил, домоди мо арзандаписар аст.
УМЕДА. Вай ба хироҷи мамлакат меарзад. Барои Ҷаҳонгул шуда, соли сеюм имтиҳонсупорӣ меояд…
ХОЛШАРИФ. Ман барои вай либоси шинам дӯхта медиҳам.
САФАРБЕК. Имтиҳонашро нағз супурд. Акнун студент шуд гуфтан гиред!..
МИРФОЗИЛ. Гапи ман як. То аз назди он бародар нагузарам, ҳамсояҳои меҳрубон, ба шумоён ягон ҳарфи умедбахш зада наметавонам!
ХОЛШАРИФ. Тоза худатон ҳам будаед-да!..
МИРФОЗИЛ. Одама лафзаш ҳалол, гуфтаанд бузургон. Шумоён одами мефаҳмидагӣ-ку… Ҷаҳонгул амак дорад…
САФАРБЕК. Амакаш Нурмуҳаммадро розӣ мекунем!
НУР (даромада). Ман кайҳо розӣ! Ассалому алайкум, дӯстони азиз ва ҳамсояҳои меҳрубони акоям!..
ХОЛШАРИФ. Салом! Хайрият, ки омадед, Нурмуҳаммад!
НУР. Фурсат, ки пайдо шуд, акоро хабар мегирем, амак. Як матои хуб ёфтам, дӯхтанаш тани Шумо, амак!
ХОЛШАРИФ. Ба ҷонам… Аммо акоятонро ба гап дароварда натавониста истодаем…
НУР (ҳамаро аз пеши назар гузаронда). Аҷоиб… Як артисти номӣ, як хайёти машҳур ва як муаллимаи тавоно натавонетон, ки акои маро ба гап дароретон?! Масъалаи Ҷаҳонгул бошад, ман он дафъа ба акоям гуфта будам. Хоҳиши худаш. (Ба Мирфозил муроҷиат мекунад) Ако, як мард Шуморо ҷустуҷӯ дорад. Аммо ман сир надода омадам. Сафарбек, он бозиатон ба тамоми аҳли хонаводаи мо писанд омад. Ҳаргиз рӯи дардро набинед!
МИРФОЗИЛ. Вай мард канӣ, додарам?
НУР. Назди дӯкон, ако!
Мирфозил тозон баромада меравад. Сафарбек аз паҳлӯи Нур дошта, ӯро мешинонад.
САФАРБЕК. Дӯстам, як бачаи фурӯтани хоксор ҳаст. Додарзодаи Шуморо нағз дида мондааст…
НУР. Медонам. Он дафъа ба акоям гуфта будам.
УМЕДА. Рафиқ доцент, илтимос мекунам, ки тарафи мо шавед!
ХОЛШАРИФ. Агар тарафи мо нашавед, либосатон аз таги мошина нағз намебарояд.
НУР (хандида) Ман ба ҳунарнамоии Шумо қоил, амак! Орзу дорам, ки бахти додарзодаам дурахшон бошад. Ман шумоёнро ҳурмат мекунам ва боварӣ дорам. Ҳар чиз, ки шумо мегӯед, барои ман қонун аст!..
Ҳама ба якдигар саволомез менигаранд. Холшарифу Сафарбек ба Нурмуҳаммад бо диққат нигоҳ мекунанд. Умеда ҳайрони рафтори онҳост. Дар ҳамин фурсат Мирфозил Роҳгузарро оғӯшкунон ба саҳна дохил мешавад. Сафарбеку Холшариф ба ҳамдигар маънидор нигоҳ мекунанд.
МИРФОЗИЛ. Мана, он дӯсти мегуфтагии ман!
НУР. Ако, Шумо бо ҳамсояҳо дар як иморат зиндагӣ мекунед…
ХОЛШАРИФ (ба тарафи роҳгузар). Марҳамат, меҳмон! (Роҳгузарро гузаронда мешинонад). Мебахшед, ҳавлии моён серғавғост…
РОҲГУЗАР. Ҳеҷ гап не. Сафарбек Камолов бо оилаашон дар ҳамин ҷоянд-ку!..
УМЕДА (бо тааҷҷуб). Моро Шумо мешиносед?
САФАРБЕК. Амакам мешиносанд. Маро дида буданду Шуморо…
РОҲГУЗАР. Пурсида дониста будам. Ғайр аз ин, дар албоми писарам сурати шумоён ҳаст…
ХОЛШАРИФ (кунҷкобона). Маро ҳам мешинохтагистед?
РОҲГУЗАР (табассум карда). Ҳарчанд, ки либос надӯзонем, хуб мешиносем Шуморо!.. (Ба Мирфозил ишора карда) Ман адреси ин касро гум карда будам. Хайрият, ки бо мадади як ошно иморати шуморо дарёфтам.
САФАРБЕК. Ман дар назди Шумо хиҷолатманд ҳастам. Ба назарам, амаки Холшариф ҳам ҳамин хел… Писаратон қабул шуд, амак?
РОҲГУЗАР (хандида). Ҳанӯз намедонам. Аммо барои мадад назди Шумо ва амаки Холшариф омада будам. Ҳамон ду гӯсфанд ҳанӯз ҳам интизори шумоён аст. Ман ба касе пора доданӣ нестам…
САФАРБЕК (бепарво). Амак, дар айни замон мову Шумо рақиб ҳастем. Амаки Мирфозил Шуморо гуфта, гапи моро зери по карданд.
НУР. Ман дар ҳайрат мондам. Акоям пештар гапи маро гӯш мекарданд… Ҳоло Шуморо гуфтанду гапи додар як пул шуда монд…
ХОЛШАРИФ (ҷиддӣ шуда). Мирфозил, ҳамсоя, як шарт. Биёед, ман аз баҳри қимобӣ мегузарам. Ҳарду бозӣ мекунем. Ҳар кас барад, гапи ҳамон мешавад.
РОҲГУЗАР (ҳамаро аз пеши назар гузаронда). Ин иморат одамони халқ мешинохтагиро дар оғӯш гирифтааст. Мо бо акои Мирфозил қавл дода будем…
МИРФОЗИЛ. Ҳамон қавламон.
НУР. Бо ҳамсояҳо ногап мешавед-дия…
МИРФОЗИЛ. Бахти духтарам шукуфад, парвои ҳамсояҳо надорам…
САФАРБЕК. Акаҷон, духтаратон каси дигарро дӯст медорад. Мо миёнарав шудем – нашуд. Амаки меҳмон дили Шуморо рабудаанд. Аммо худи Ҷаҳонгул чӣ мегуфта бошад?!
РОҲГУЗАР. Сафарбек Камолов, Шумо одами аҷоиб ҳастед. Маротибаи аввалин омаданам гапҳои пасту боло ҳам гуфтед. Ман падаратонро хуб мешиносам. Ҳурмати он касро ҳам накардед…
САФАРБЕК. Бубахшед, амак. Дар ин маврид калимаи "ҳурмати падар" чӣ дахл дорад? Мо – фарзандон падаронамонро дӯст медорему аммо гуфта наметавонем!.. Ман ҳамеша ҳамдиёронамро ҳурмат мекунам. Мана, яктааш се сол ин ҷониб ба мактаби олӣ қабул шуда натавонист. Имрӯз ба ман мужда овард, ки "чор" гирифтааст.
ХОЛШАРИФ. Меҳмон, мо барои вай шуда назди Мирфозил рафтем.
МИРФОЗИЛ. Бубахшед, Холшариф, ман бо ин кас қавлдорам будам.
ХОЛШАРИФ. Абдулрашиди мо аз ягон ҷавони ҳозиразамон монданӣ надорад…
НУР. Ман тарафдори вай ҳастам.
МИРФОЗИЛ. Ту, додарам, дам ист!
САФАРБЕК! (ба занаш). Мо, Умеда, хато кардем… Ту ҳозир ба хона раву он одами дар хона будагиро ин ҷо фиристон!
Умеда меравад. Сафарбек ғарқи хаёли худаш. Роҳгузар зери лаб табассум карда меистад. Холшариф ин ҳолати ӯро мебинаду чизеро пай бурдагӣ барин мешавад…
РОҲГУЗАР. Сафарбек, маро мебахшед! Нофаҳмии ман асар карда будааст. Аммо ҳардуямон ҳам дар бораи як одам гап мезадаем…
САФАРБЕК. Чӣ хел дар бораи як одам?
МИРФОЗИЛ (дар ҳайрат). Дӯстам, чӣ хел шумоён дар бораи як одам гап мезадаед?
ХОЛШАРИФ. Аз рафтори меҳмон чизеро пай бурдам.
НУР. Шумо чӣ пай бурдед, амак?!
Дар ин фурсат аз як канори саҳна Рашид пайдо мешаваду каме истода, ба тарафи Роҳгузар медавад ва ҳарду оғӯшкунон мулоқот мекунанд…
РАШИД. Дадаҷон, салом, хуш омадед!
РОҲГУЗАР (навозиш карда). Салом писарам! Шунидам, ки қабул мешудаӣ… Модарат орзуҳои нек карда фиристод.
РАШИД. Саломат бошанд! Падар Шумо аз инҳо миннатдор шавед. Ҳарчанд назди муаллимон нарафтанд, аммо дардкаши ман буданд, ки имтиҳоноти ман бад нагузашт.
РОҲГУЗАР. Сад ҳазорон ташаккур!
САФАРБЕК. Рашид, ман нақшаҳои зиёдеро дар саҳнаи театр бозӣ кардаму аммо ту барин шайтонро дучор нашуда будам…
ХОЛШАРИФ (хандида). Дучор шудед, ки шабу рӯз аз дур ғамашро мехӯрдед. Қариб буд, ки мурғони атрофи ҳавлӣ баробари Шумо Абдулрашид мегуфтанд…
НУР. Ман ҳамеша тарафдори ҳамин ҷавон будам. (Ба Мирфозил) Ако, дидед, ки ман ва ҳамсояҳои меҳрубонатон хато накарда будаем.
МИРФОЗИЛ. Ман мазҳакаро дӯст намедорам… Аммо ин саҳна як мазҳака шуда монд. Инаш аз тарафи яке, инаш аз тарафи дигаре… Ҳоло маълум шуд, ки гап дар бораи як одам мерафтааст. Лекин тӯй фақат баъди тамом кардани Ҷаҳонгул!
РОҲГУЗАР. Ман ҳам розӣ. Одамон ба хонаи Шумо бисёр меомадаанд. Мо фақат мехостем, ки пеши роҳро гирем!
Ҳамаи ҳозирон ба ҳамдигар маънодор нигоҳ мекунанд. Умеда ва Ҷаҳонгул дар як гӯша пайдо шуда, табассум карда меистанд…
МИРФОЗИЛ (дасти Роҳгузарро гирифта). Саломат бошед, қудо!
РОҲГУЗАР (хушҳол). Ташаккур! Ду гӯсфанд интизори Шумост…
САФАРБЕК (андешаманд). Гӯё мо мазҳакае бозидем. Ҳамаатон саломат бошед.
ПАРДА.
19