Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ДУ ПАЛЛАИ ЯК ТАРОЗУ - ҚИСМИ ДУЮМ

Намоиши дуюм



Манзараи намоиши якум. Саҳаргоҳ. Мирфозил дар даст ҷомадончае аз саҳна гузашта меравад. Аз паи падараш Ҷаҳонгул ба саҳна мебарояд. Дар ҳамин фурсат аз тарафи дигар саросема Умеда ба саҳна дохил мешавад ва ба саломи Ҷаҳонгул бо ишораи сар ҷавоб мегардонаду гузашта меравад. Аз паи ӯ Ҷаҳонгул бо ҳайрат нигоҳ карда мемонад… Оҳанги мусиқӣ. Ҷаҳонгул месарояд:

Қатраи шабнам саҳаргоҳе ба рӯи гул нишаст,
Лоф зад, ки "манзили ман чеҳраи садбарги тар!"
Чун шуои офтоб онро зи тори сар гузашт, –
Шуд бухореву ҳамоно рафт аз пеши назар.
Эй дили ман, ҳарф аз кибру таманное нагӯй,
Покиро аз чашмасорон гиру дар оғӯш зан.
Хоҳишат бошад, ки бошӣ дар ҷаҳон бообрӯй,
Қатраи шабнам набошу мисли дарё ҷӯш зан!

ҶАҲОНГУЛ (худ ба худ). Умеда зани нозанин аст. Мегӯянд, ки ақлаш ҳам расост. Мувофиқ афтодаанд. Сафарбек Камолов ҳам одами назаррабо, дилкаш, хушкалом… Дар саҳна нағз асту дар ҳаёт беҳтар ба назар метобад. Умеда зани хуштолеъ аст, ки чунин шавҳар дорад. Табиати инсон аҷоиб аст. Мардуми дурро ба худ наздик мешумораду каси дар паҳлӯяш бударо писанд намекунад. Саволи дирӯз додаи ин артисти ҳунарманд маро ранҷонд… Аммо пай мебарам, ки ин тоифа одамон аз муҳаббати бемислашон ба мардум ҳар гуна савол медиҳанд. Бахшидан мумкин аст! Падарам кори хуб накарданд. Сафарбек метавонад, ки дар ҳар қадам он касро боиси хандаи мардум гардонад. Садди ин роҳро гирифтан лозим меояд. Ба табиати Сафарбек амакам бешубҳа маъқул мешаванд.

Умеда баргашта меояду мушаввашхотир назди Ҷаҳонгул меистад ва хомӯшона панҷа мешиканад. Аз чӣ гап сар карданашро намедонад. Ҷаҳонгул дар ҳайрат.

УМЕДА. Ҷаҳонгул!
ҶАҲОНГУЛ. Лаббай!.. Чӣ мефармоед?
УМЕДА. Чизе намефармоям. Фақат ба ман гӯед, ки бегоҳ Сафарбекро дида будед?
ҶАҲОНГУЛ. Дида будам. Бо ёди Шумо дар атрофи ҳавлӣ парубол мезаданд. Ҳатто гумон мекунам, ки ба манзили падаратон рафта омаданд…
УМЕДА. Рафтанашро медонам. Аммо ман фармудам, ки ӯро намонанд. Вай аз дар надаромада, қафо гашт. Дар дасташ калиди хона набуд. Ман гумон кардам, ки дарро шикаста медарояд. Аммо дар ҳам дар ҷояшу вай ҳам нест. Вай дина аз он ҷо баргашту баногоҳ дар дилам хавотирӣ пайдо шуд. Ҷаҳонгул, ӯро аз куҷо ҷӯям-а?!
ҶАҲОНГУЛ (табассум карда). Дӯст медоред?
УМЕДА. Ҷои гап набудагист.
ҶАҲОНГУЛ. Калидро монда мерафтед, олам чаппа намешуду замин боз бо роҳи худаш ҳаракат мекард… Воқеан, ба қавли кайҳоннавардон замини мо аз боло хеле дилкаш ба назар менамудааст… Кураи арзи мо дар гардиш аст!
УМЕДА. Бале, дар гардиш… Хоҳарам, баъзе лаҳзаҳои ҳаёт аст, ки онро Шумо тасаввур карда наметавонед. Агар ин хел мардҳоро ба ихтиёри худашон монед, занро ба як пули пуччак намегирифтагӣ мешаванд.
ҶАҲОНГУЛ (хандида). Шавҳари шумо, Умеда-апа, одами кори эҷодӣ… Агар дар ҳолати ба образ даромаданаш ҳамсараш аз вай қаҳр карда равад, ҳаёт ба назар бемаъно ва беобуранг метобад… Ман гумон мекунам, ки Шумо рашк бурдаед!..
УМЕДА. Рашки чӣ?! Рӯзи пеш каме гапамон гурехта буд… Оила… Зиндагӣ… Мешудааст-дия. Дишаб вақте маро кофта омад, амр кардам, ки маро "нест" гӯянд… Аммо тамоми шаб хобҳои парешон дида баромадам. Чашми рӯз кафиду ба ин тараф тохтам.
ҶАҲОНГУЛ. Аз дур ба гӯшам расид, ки ба амаки Холшариф "калидам нест" мегуфтанд…
УМЕДА (аз кардааш пушаймон). Дарро шикаста медаромад. Хонаи худаш… Ё тавба! Акнун ӯро аз куҷо кобам?! Ин бегоҳ намоишнома дорад. Бояд каме дар хона дам мегирифт…
ҶАҲОНГУЛ. Ғамхории андаке дермонда… Умеда-апа!
УМЕДА. Чӣ, Ҷаҳонгул?
ҶАҲОНГУЛ. Нағз дида расида будед?
УМЕДА (гаранг). Аҷоиб савол медиҳӣ… Агар нағз намедидам – магар мерасидам?
ҶАҲОНГУЛ. Чаро калидро намонда рафтед?
УМЕДА. Гуфтам-ку!
ҶАҲОНГУЛ (бо хаёл). Шуморо кофта рафтаанду амр кардаед, ки намонанд… Ақаллан бо касе калиди хонаро медодед…
УМЕДА (гунаҳгорона) Ҳамин тавр шуда монд… Ин гуна пасту фарозро баъди тӯй шуданат мефаҳмӣ, Ҷаҳонгул!.. Сафарбекро акнун аз куҷо ёбам? Калид дар дасти ман. Ба корам дер мешавад. Чӣ илоҷ кунам. Ягон маслиҳат бидеҳ, Ҷаҳонгул!
ҶАҲОНГУЛ. Магар ман метавонам, ки маслиҳат диҳам?
УМЕДА (хаста). Метавонӣ!
ҶАҲОНГУЛ. Калидро ба ҳамсоя монеду вақти танаффусатон омада хабар гиред.
УМЕДА. Ин маслиҳати сара… Калидро ба ту монда равам-чӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Он кас аз куҷо мефаҳманд, ки калидро ба ман дода рафтаед?.. Беҳтараш ба амаки Холшариф монеду ба даратон хатчае часпонед!..
УМЕДА. Ин фикрат ҳам дуруст, хоҳарам!.. Ман ба корам дер мемонам. Роҳ дур. Аз ту илтимос мекунам, ки ҳамин хизмати хурдакакро иҷро намо. Ҳамсоягӣ… Ҳозир давраи таътили туст. (Калидро бароварда ба Ҷаҳонгул медиҳад).
ҶАҲОНГУЛ (калидро гирифта). Як маротиба барои хотири Шумо ин вазифаро иҷро мекунам. Ба шарте бори дигар чунин ҳолат рӯй надиҳад, Умеда-апа!
УМЕДА (табассум карда). Раҳмат барои маслиҳат, ман кӯшиш мекунам. Аммо ваъда дода наметавонам. Чунки ин кашокаши дохилии оила аст!..

Умеда меравад. Ҷаҳонгул калидро бозӣ доронда, дар ҷояш рост мемонад. Вай хаёл мекунад. Як баромада рафтанӣ мешаваду боз ба калид нигоҳ карда, аз роҳаш бармегардад.

ҶАҲОНГУЛ (худ ба худ). Ин кас дар институти хокшиносӣ кор мекунанд. Решаҳоро меомӯзанд. Одами маълумоти олидор… Магар шавҳарашонро дар кӯча монданашон дуруст аст?! Агар бесавод мебуданд, дар ҷамъияти мо ва дар хоки мо бесавод нест-ку, агар чаласавод мебуданд, кас ҳеҷ чиз ҳам намегуфт. Лекин ин рафторашон… Боз хобҳои парешон дидам гуфта, саҳари бармаҳал омадаанд… Ин корашон дуруст! Кӣ медонад, ки Сафарбек дар театр хоб карда бошанд… Ҳамаи тахту бахти мард аз зан вобаста аст… Хайр, рафта хоҳиши Умеда-апаро иҷро мекунам. (Як-ду қадам мегузораду меистад). Агар ман ба шавҳар бароям, ҳаргиз хатои дигаронро такрор намекунам. Кошкӣ вай имсол шаҳрӣ мешуду ман тез-тез медидамаш. Аз мактубу телефон ҳаваси кас намешиканад!..

Ҷаҳонгул меравад. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Холшариф ва Сафарбек гапзанон дохили саҳна мешаванд. Холшариф ба соати дасташ нигоҳ мекунад…

ХОЛШАРИФ. Ҳӯ, касофате!.. Тезтар ҳаракат кун, мегӯяд, ин мегӯяд, ки мабодо аз кор дер монӣ, роҳбаронат одамони бадҷаҳланд.
САФАРБЕК. Хайр, Шумо равед, амак! Барои ҷои хоб ва сӯҳбати боб ташаккур! Агар аҳли байтатон дар хона мебуданд – ман намедаромадам. Хайрият, ба бахти ман онҳо ба меҳмонӣ рафта будаанд.
ХОЛШАРИФ. Агар онҳо мебуданд ҳам, ман Шуморо дар кӯча монда намерафтам…
САФАРБЕК (андешаманд). Дарро шикаста медаромадаму аз моҷарои навбатии зани азизам андеша мекардам. Ман медонам, ки вай зуд аз ҷаҳлаш мефарояд. Аз ҷаҳл фаромада ба манзил ояду дарро шикаста бинад?.. Ман аз моҷарои дигар метарсам… Ба корам халал мерасад…
ХОЛШАРИФ (ҳамдард шуда). Агар ин бегоҳ ҳам келин наояд, ман дар хона танҳо… Авлоди ман чанд рӯза рафтагӣ…
САФАРБЕК. Ташаккур!
ХОЛШАРИФ. Ё калидро ба Шумо монда равам?
САФАРБЕК. Ташаккур, амак! Ман каме дар айвонча менишинаму агар калидро нафиристонад – ба театр меравам. Имшаб намоишнома дорам, ба он тайёрӣ мебинам…
ХОЛШАРИФ. Худатон бинед… агар хоҳед, – калидро монда меравам. Бегоҳ аз театр рафта мегирам.
САФАРБЕК. Ташвиш накашед, амак… Аз театр, ки омадам, даратонро мекӯбам… (Табассум мекунад).
ХОЛШАРИФ (хандида). Ихтиёр дар дасти соҳибкор! Хайр, саломат монед!..

Холшариф даст афшонда меравад. Сафарбек ҷавобан даст меафшонаду баъди аз саҳна баромадани Холшариф тарафи айвонча равон мешавад. Дар ҳамин фурсат Ҷаҳонгул дар даст коғази навишта ва калид дохили саҳна мешавад. Сафарбекро дида, хушҳолӣ изҳор мекунад. Аммо Сафарбек ӯро намебинад.

ҶАҲОНГУЛ. Субҳатон нек бошад, ҳамсояи дар беруни хонаи худ мондаи ман!
САФАРБЕК (нигоҳ карда). Салом!.. Шумо аз куҷо донистед, ки ҳамсояатон аз хонаи худ берун мондаанд?
ҶАҲОНГУЛ (калид ва коғази навиштаро нишон дода) Шоҳид дорам!!!
САФАРБЕК (хушҳол шуда). Шумо, Ҷаҳонгул, одами берун аз андоза дилбардор ҳастед. Магар вай омада буд?
ҶАҲОНГУЛ. Омада буданд. Барои Шумо азияти бисёре кашидаанд. Аммо ба корашон шитофтанд.
САФАРБЕК. Омаданаш нек…
ҶАҲОНГУЛ. Маро калидбони Шумо карда рафтанд. Ғаматонро мехӯранд. Ҳатто гуфтанд, ки имшаб намоишнома доштаеду дам гирифтанатон лозим будааст.
САФАРБЕК (бо хаёли ботинӣ). Хело хуб, ки вай мефаҳмад.
ҶАҲОНГУЛ. Ман бегоҳ ба тамошои Шумо меоям. Падарамро, модарамро ҳам меорам!
САФАРБЕК (табассум намуда). Ташаккур мегӯям!.. Агар шумоён биёетон, кӯшиш мекунам, ки беҳтар бозӣ намоям. Сӯҳбати ману Шумо, Ҷаҳонгули азиз, ба рӯзи дигар мемонад. Ҳоло ман аз Шумо калидро мегираму рафта дар хона кор мекунам… То тамошобини арҷманд аз ман наранҷад.

Сафарбек калидро гирифта, зуд ба тарафи хонааш меравад. Ҷаҳонгул дар саҳна танҳо мемонад. Коғази навиштаашро пора карда мепартояд…

ҶАҲОНГУЛ (ба тарафи Сафарбек рафтагӣ нигоҳ карда). Давраи таътили ман вазнин мегузарад. Он студентоне, ки дар сохтмон ҳастанд – хушбахтанд. Барои чӣ ман нарафтам?! Одам аз бекорӣ хаста мешавад… Агар амакам дар курорт намебуданд – наздашон мерафтам. Он кас саволу ҷавобро дӯст медоранд. Ҳоло чӣ кор кунам?.. Вазифаи калидбониам ҳам адо шуд… Баъди чанде имтиҳоноти қабул сар мешаванд. Дилхостаи ман иштирок мекарда бошад?! Вай намедонад, ки ҳамроҳаш тайёрам, хонданро тарк намуда, ба ҷаҳаннам равам… Падарам маро "Жаннаҷон" гӯён, завқе вонамуд мекунанд, ки ба писари дӯсташон расам… Ман ҳам вонамуд мекунам, ки розӣ ҳастам. Аммо ин дурӯғ!.. Агар қавлаш рост бошад, маро ба осмон мебардорад. Мактубҳояш ба ҳамин гувоҳ аст. Ман агар дастур мегирифтам, наздаш парвозкунон мерафтам. Афсӯс, ки интизорӣ насиби ман шудааст. Давраи таътил… Куҷо равам?! Ӯро интизор мешавам. Бовафо будан нигини бебаҳои ангуштарини ҳаёт аст!.. Ҳозир мераваму мактуби охирини ӯро мехонам!

Ҷаҳонгул аз саҳна баромада меравад. Дар бағал китоби бисёре Рашид ба саҳна дохил мешавад, вай ба айвонча гузашта менишинад. Китобҳояшро болои стол мегузорад… Бо муҳаббат ба ҳар тараф менигарад. Оҳ мекашад…

РАШИД (худ ба худ). Ин иморат муқаддас аст. Барои ман муқаддас аст… Чӣ хел раваму дари ӯро кӯбам?.. Рафту падару модараш дар хона бошанд?! Аз атрофи маконаш гузаштам – шуд!.. Падарам ва модарам розӣ ҳастанд-ку… Кош, аз қавлаш нагашта бошад… Кош, ман имтиҳоноти қабулро нағз супорам… Ба қадри даркорӣ тайёр шудаам-ку… Фақат аз иншо метарсам!.. Агар Сафарбек Камолов ба муаллим як даҳан гап мезаданд…
Ман намедонам, ки кадом мавзӯъ меомада бошад… Агар ҳамин сол ҳам қабул нашавам, ба вай хушомад мезанам, ки ҳамроҳи ман ба деҳа равад… Оҳ, ҷони ман! (Оҳанги лирикӣ навохта мешаваду Рашид месарояд).

Ҷони ман, меҳри туро дар дили худ ҷо кардам,
Ҷой бинмудаму аз ҷону ҷигар парвардам.
Ман на инсонам агар аз ту даме дур шавам,
Буд ишқи ту, ки дилро ба хурӯш овардам!
Ҳар гаҳ аз синаи ман оташи пинҳон хезад,
Оби сарде ғазабу хашми ту бар он резад.
Лек хомӯш нагардида, ба дил месӯзам,
То шамоли ғами ту хоки танамро безад!
Ман бидонам, ки ҳунар нест чунин сӯхтанам,
Ту ҳаётиву бувад лаҳзаи афрӯхтанам.
Гар ту мақсуди маро пай набарӣ, нест илоҷ,
Чист маънии чунин дида ба раҳ дӯхтанам?
Бохабар шав ту даме аз дилу оҳи сардам,
Нагурез аз ману бинмо ту давои дардам.
Рӯзҳо даргузаранду ту гузар ҷониби ман,
Ростӣ, меҳри туро дар дили худ ҷо кардам!..

Рашид яке аз китобҳояшро гирифта, варақ мезанад. Дар як саҳифа таваққуф карда мемонад. Баъди лаҳзае аз китоб сар мебардораду ба атрофаш менигарад. Гӯё касе ӯро таъқиб мекарда бошад. Дар ҳамин фурсат дафтарчае дар даст Сафарбек дохили саҳна мешавад. Вай касеро намебинад, хаёлаш ба ёд кардани суханони қаҳрамонаш банд аст. Рашид гӯш мекунаду халал намерасонад…

САФАРБЕК (худ ба худ). Офтобо, нури худро аз мо дареғ надор! Ҳидояти ту заминро гулпӯш мекунад. Бе ту замин намешукуфад… Обҳо ҷорӣ намешаванд… Ман бо тамоми вуҷудам туро дӯст медорам, зеро ҳастии ман аз ту вобаста аст! То даме туро шинохтам, шӯълаҳоятро бо орзую ҳавас ба сарам чун ҳавас печондаам. Ҳамаи шукӯҳу зебоии айём ту ҳастӣ! Вақте дар пушти абр пинҳон мешавӣ, зиндагӣ дар назари ман тира метобад… Офтобо! Аз марҳамати худ моро ҳамеша шод гардон! (Дафтарчаро ба кисааш меандозад). Ба хаёлам, ягон калимаи муаллифро напартофтам… Бовар дорам, ки шаб тамошобинон қарсак мезананд.

Сафарбек рафтанӣ мешавад. Рашид беихтиёр қарсак зада мемонад. Сафарбек ба тарафи айвонча менигарад.

РАШИД. Офарин, Сафарбек-ако! Ман ҳатман шаб ба театр меоям!
САФАРБЕК (бо ҳайрат). Абдулрашид?!
РАШИД. Ҳа, ман… Ассалом, ако!
САФАРБЕК. Салом! Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
РАШИД (худро гум карда). Шуморо мехостам зиёрат кунам… Овозатонро шунидан хостам, ки шунидам…
САФАРБЕК (табассум карда). Дурӯғ мегӯӣ, бачча! Ту ягон гап дорӣ…
РАШИД. Ако, ман ба ҳар кас дурӯғ гӯям ҳам, ба артисти номӣ, ба ҳамдиёри худ дурӯғ намегӯям. Ман ин бегоҳ ҳатман ба театр меоям.
САФАРБЕК (кунҷкобона). Як худат?
РАШИД. Ҳанӯз инашро намедонам. Омадани худам берун аз шубҳа, ако. "Офтобо! Нури худро аз мо дареғ надор!". Мехоҳам давоми бозиатонро бинам…
САФАРБЕК. Ташаккур, уко! Росташро гӯй, ки ту назди ман омадӣ?
РАШИД. Албатта!
САФАРБЕК (калидро бароварда). Абдулрашид, мана ин калиди хона дар ихтиёри ту… Ман бояд ба театр равам. Мебахшӣ, ки меҳмондорӣ карда натавонистам. Янгаат ба кор рафтагӣ…
РАШИД. Раҳмат, ако! (Калидро рад мекунад). Барои ман дидоратон кифоя… Шумо фахри диёри мо ҳастед!.. Ман ба китобхона меравам. Даср тайёр карданам лозим.
САФАРБЕК. Дар хона касе нест. Дарсатро тайёр кардан мегирӣ…
РАШИД (табассум карда). Китобҳои ба ман даркорӣ дар китобхонаи Шумо набудагист. Ман имтиҳони санъат намесупорам-ку?!
САФАРБЕК (хандида). Ин гапат дуруст. Хайр, Абдулрашид, фардо биё! Ман рӯзи истироҳат дорам, ҳар ду каме шоҳмот мебозем.
РАШИД. Ман бозӣ карда наметавонам.
САФАРБЕК. Ёд медиҳам. Ҳозир ман бояд ба театр равам…
РАШИД. Равед, ако! Ман каме дар ин айвонча дарс тайёр мекунам. Чунки касе нест ва ин оромӣ маро қаноат кунонида метавонад. Ҳамин ки одамон ҷамъ шуданд – меравам…
САФАРБЕК. Ихтиёрат… Абдулрашид!
РАШИД. Лаббай, ако!
САФАРБЕК. Метавонӣ, баъди намоиши ман ба хона биёӣ!.. Ҳарду сӯҳбат мекунем…

Сафарбек баромада меравад. Дар саҳна Рашид танҳо мемонад. Вай як оҳ мекашаду ба тарафи Сафарбек рафтагӣ нигоҳ карда мегирад… Баъди фурсате худ ба худ гап мезанад.

РАШИД. Сафарбек одами бениҳоят нағз будаанд… Барои чӣ падарам наҳ заданд?! Он кас калиди хонаашонро ба ман таклиф карданд. Рафту ман чизу чораашонро дуздида равам?! Он кас одамшинос будаанд. Фаҳмиданд, ки чунин кори паст аз дасти ман намеояд. Сари ман ба хаёли имтиҳон банд. Агар ин дафъа ҳам имтиҳон супорида натавонам, вай маро мепартояд… Ман намехоҳам, ки чунин шавад!.. Кӯшиш карда истодаам, ки баҳои нағз гирам. Аз имтиҳоноти даҳонӣ наметарсам. Аммо иншо…

Рашид боз китобҳояшро варақ мегардонад. Ҳис карда мешавад, ки вай касеро интизор аст. Ҷаҳонгул аз як гӯша мебарояду Рашидро мебинад. Хушҳол мешавад. Дар дасташ мактуб… Каме нигоҳ карда меистад. Аммо Рашид аз китоб сар намебардорад.

ҶАҲОНГУЛ. Салом, ҷаноби қабулшаванда.
РАШИД (як қад парида). Салом!
ҶАҲОНГУЛ. Ин мактуби Шумост?
РАШИД. Шояд…
ҶАҲОНГУЛ. Маро бениҳоят интизор кардед!
РАШИД. Омадам, ки қабул шавам.
ҶАҲОНГУЛ. Агар қабул нашавед?!
РАШИД. Ба Шумо хушомад мезанам.
ҶАҲОНГУЛ. Хушомадатон қабул нашавад-чӣ?
РАШИД. Ба зону афтода, саҷда мекунам!
ҶАҲОНГУЛ. Рашид!
РАШИД. Лаббай, азизам!
ҶАҲОНГУЛ. Ту наметарсӣ?
РАШИД. Аз чӣ?
ҶАҲОНГУЛ. Аз гирудори рӯзгор…
РАШИД. Ин саволатон бемавқеъ, Ҷаҳонгул! Ман азм кардаам, ки тамоми умр Шуморо дӯст дораму фикри дигареро ба сарам роҳ надиҳам. Агар бори аввал Шуморо намедидам, шояд хаёли хондан дигар ба калаам намеомад… Ман пеш аз Шуморо дидан Сафарбекакоро дида мондам. Хело хиҷолат кашидам, ки он кас маро дар ин ҳавлӣ диданд…
ҶАҲОНГУЛ. Суруди он кас ҳанӯз дар кӯҳсор акси садо надодааст. Бозиашонро фақат барои худашон мекунанд.
РАШИД (худро ба даст гирифта). Ҷаҳонгул!
ҶАҲОНГУЛ. Лаббай, Рашид!
РАШИД. Ба Шумо ду савол дорам…
ҶАҲОНГУЛ (табассум карда). Ман се саволро бардошта метавонам.
РАШИД. Фақат ду савол…
ҶАҲОНГУЛ. Марҳамат, шунавем!
РАШИД. Шумо театрро дӯст медоред?
ҶАҲОНГУЛ. Нағз мебинам.
РАШИД. Наметавонистед, ки бегоҳ ҳамроҳи ман ба театр равед?!
ҶАҲОНГУЛ. Метавонам. Ба падару модарам мегӯям, ки "ман ба хонаи дугонаам барои дарстайёркунӣ рафтам!"
РАШИД. Ман ба ақли Шумо қоил шудам.
ҶАҲОНГУЛ. Рашид! Умеди ман аз Шумо калон аст. Ба муҳаббати Шумо бовар мекунам. Фақат мехоҳам, ки имсол қабул шавед…
РАШИД. Ишқ барои ман пару бол додааст. Дар хона ҳазоруякта иншо навиштам. Худамро санҷидам. Шояд яке аз онҳо ояду ман сарбаланд гузарам. Ҳамааш барои муҳаббати Ҷаҳонгул ном духтар аст!
ҶАҲОНГУЛ. Муболиға мекунед.
РАШИД. Рост мегӯям. Ман панҷ моҳ аз Шумо калонам. Ба гапи ман бовар кунед.
ҶАҲОНГУЛ. Ман калониву хурдии Шуморо ҳатто хаёл ҳам накарда будам. Хайрият, ки худатон гуфтед. Фақат фаҳмида будам, ки падаратон раис будаанд.
РАШИД. Вақте колхозҳо хурд буданд, падарам раисӣ доштанд. Ҳоло бригадир…
ҶАҲОНГУЛ. Ман нияти ба писари раис расидан надорам… Фақат ҷавони хушсиморо интихоб кардам, ки он ҳам Шумоед… Метавонам бо Шумо ба он гӯшаи дунё ҳам равам… Забони англисии ман ҳатто ба гӯсфандон мефорад…
РАШИД. Воҳима кардед, азизам!
ҶАҲОНГУЛ. Агар падару модари ман розӣ шаванд – воҳима ҳам аз байн бардошта мешавад. Рашид!
РАШИД. Лаббай, ҷонам!.. Ман Шуморо дӯст доштам. Бояд ягон садди роҳ набошад.
ҶАҲОНГУЛ. Ҳаст.
РАШИД. Нест!
ҶАҲОНГУЛ. Агар падарам розӣ шаванд – ман ҳамроҳи Шумо ба он гӯшаи дунё меравам… Фақат як тарс дорам…
РАШИД. Падари ман розӣ. Ягона тарси ман ҳамин аст, ки қабул шавам. Ин ҳам барои хотири Шумост!
ҶАҲОНГУЛ (хаёл карда). Ибтидои муҳаббат ширину интиҳояш талх… Бовар мекунам, ки Шумо одами хушахлоқ ҳастед. Меҳри ману Шумо хунукшавӣ надорад. Бегоҳ ба театр меравему баъди намоишнома мулоҳиза мекунем… (Оҳанги мусиқӣ, дуэти Рашид ва Ҷаҳонгул сар мешавад)
РАШИД
Дар сина чу ҳиссиёт дорам,
Субҳи сараи ҳаёт дорам!
ҶАҲОНГУЛ.
Фархунда диле асир кардам,
К-онро ба каф эҳтиёт дорам!
РАШИД.
Дар шому сабоҳи зиндагонӣ
Бо номи ту ман нишот дорам.
ҶАҲОНГУЛ
Бовар бикунам, ту бовафоӣ, –
Парвоз ба коинот дорам.
РАШИД.
Фархунда диле асири ман шуд,
Онро ба дил эҳтиёт дорам!
ҶАҲОНГУЛ.
Ман дар дили худ ҳаёт дорам,
Бо меҳри ту ҳиссиёт дорам!

РАШИД. Агар офтоб ҳарорати худро фақат ба саҳро намепошиду имдод мекард, ки ман ба хондан қабул шавам…
ҶАҲОНГУЛ. Бори аввал дида, ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки барои чӣ ба Шумо меҳр бастам?! Ман қабул шудаму Шумо баргашта рафтед… Он қадар барои ман аламангез буд, ки…
РАШИД. Соли дигараш ҳам баргашта рафтам.
ҶАҲОНГУЛ. Ибтидову интиҳои муҳаббат ҳаст.
РАШИД. Дурӯғ!
ҶАҲОНГУЛ. Албатта, ба фаҳмиши Шумо дурӯғ менамояд. Ман бовар дорам, ки Шумо одами ҳидоятнок ҳастед, Рашид!..
РАШИД. "Дурӯғ" – гуфтани ман сабаб дорад. Дар китобҳо хондаам, дар ҳаёт дидаам, ки муҳаббат ибтидо дораду интиҳояшро касе аз ошиқон надидаанд!..
ҶАҲОНГУЛ. Дар гирумони ҳаёт санҷида мебинем!.. Бегоҳ ба театр рафтан шарт аст. Ман дар назди даромадгоҳ ба Шумо интизор мешавам. (Рафтанӣ мешавад).
РАШИД. Бубахшед, ман интизор мешавам!

Ҷаҳонгул ва Рашид ба ҳамдигар бо меҳр нигоҳ карда мемонанд. Саҳна торик мешавад…

Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »