Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

ДУ ПАЛЛАИ ЯК ТАРОЗУ - ҚИСМИ ЯКУМ

Намоиши якум



Як гӯшаи саҳни ҳавлии иморати на чандон хурд. Сокинони он иморат одамони касбу кори гуногунанд. Дар он гӯша айвончае барои истироҳати муқимони ҳавлӣ сохта шудааст. Мухлисони бозии бегоҳирӯзӣ ба он айвонча гирд меоянд. Дар паспарда намуди як маҳаллаи шаҳри сераҳолӣ акс ёфтааст. Айвончаро буттагулҳо печондаанд. Ҳоло дар он айвонча се нафар; ду нафарашон шоҳмот мебозанд, ки онҳо дар либоси хонагианд… Аммо саввумин, ки бозии онҳоро тамошо мекунад – ё аз кӯча омадааст, ё ба ҷое равон аст…

ХОЛШАРИФ (Худ ба худ). Ҳӯ, касофате…
МИРФОЗИЛ. Лаббай, чӣ гуфтед?
ХОЛШАРИФ. Аспатонро мегӯям…
САФАРБЕК. Шумо рухро гиред.
МИРФОЗИЛ. Ҳой, ошно! Монед, ки худамон бозӣ кунем!?
САФАРБЕК. Хуб шудааст.
ХОЛШАРИФ. Кишт!
МИРФОЗИЛ. Дӯғ назанед, мо наметарсем, мо гурдакалонем…
САФАРБЕК (ба Холшариф). Бо фарзин зада гиред, бозӣ ҳаст.
МИРФОЗИЛ (норозӣ) Ҳой, ошно?!
САФАРБЕК. Хуб, хуб… Ман дигар гунг шудам.
МИРФОЗИЛ (тарафи Сафарбек норозиёна нигоҳ карда). Гунг нашаведу аз худатон калонро каме ҳурмарт кунед!
ХОЛШАРИФ. Ҳамсоя, Сафарбек аз ҷавонҳои қадима… Ҳурматро медонанд… Агар Шумо бозии ин касро дар саҳна медидед… Афсӯс, ки ҳамсояҳои азизи мо ба театр кам мераванд.
МИРФОЗИЛ (бо киноя). Шумо бисёр меравед.
ХОЛШАРИФ. Ман як марди хайётам. Аммо ягон асари нави театрамонро надида намондаам… Телевизор ҳам хубу нафаси гарми актёронро дар зал нишаста ҳис намудан ба инсон чӣ ҳаловате мебахшад! (Сафарбек табассум мекунад). Оё шумо тасаввур карда метавонед?
МИРФОЗИЛ. Шумо тасаввур кунед – ба мо ҳам мерасад. Зеро ҳамсояем…
САФАРБЕК (Ба Мирфозил). Бозии шоҳмот ба ҳурмат чӣ алоқа дорад, амак?
ХОЛШАРИФ. Сафарбек, наход то ҳол фикратон бо гапи ин кас банд бошад?! Ман кайҳо фаромӯш кардам.
МИРФОЗИЛ (аз тахтаи шоҳмот сар набардошта). Ҳамту гуфтем-да… Кишт!

Сафарбек музтар монд мемонад. Ҳолати ӯро Холшариф пай мебарад… Дар ҳамин вақт овози "Папа-а! Шуморо ба телефон!..." шунида мешавад. Мирфозил хеста меравад. Холшариф ва Сафарбек ба ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд…

САФАРБЕК. "Дада" гӯяд намешавад?!
ХОЛШАРИФ. Ин ширушакар, додарам.
САФАРБЕК. Ширушакар дар шеъри шоирон зеб дорад. Забони гуфтугӯй тоза бошад беҳтар, амаки Холшариф.
ХОЛШАРИФ. Дила хун накунед, додарам. Номи духтарашон Жанна.
САФАРБЕК. Амакаш фақат "Ҷаҳонгул" гуфта ном мебаранд-ку?!
ХОЛШАРИФ. Рост. Он кас духтур. Ба тозагии забон риоя кардани он кас шарт…
САФАРБЕК (хандида). Куштед, амак!.. муаллим ба забон риоя накунаду духтур риоя кунад.
ХОЛШАРИФ. Духтур ҳам назди муаллим хондагӣ. Воқеан, ин кас як замонҳое муаллим будаанд. Шумо…
САФАРБЕК. Ман таслим шудам.
ХОЛШАРИФ. Шумо барои чӣ либосатонро иваз намекунед? Ё ягон ҷо равонед? Ба назарам, аз кӯча омадед…
САФАРБЕК:

Дар ба рӯям ёр баста,
Номае мондааст дар даста…

ХОЛШАРИФ. Аз кадом ролатон?
САФАРБЕК (табассум карда). Аҷиб аст, ки ман чӣ нагӯям, Шумо аз ролам мепиндоред… Магар ман одами зинда нестам, амак?
ХОЛШАРИФ. Оҳо, "аз зиндаҳо ҳам зиндатар!" Сафарбек. Ман ба Шумо ҳасад мебарам. Додарам, касби хуб доред. Дар саҳна ба ҳазор қиёфа баромада метавонед. Фош мекунед, таълим медиҳед, огоҳ менамоед, ҳам месӯзед, ҳам месозед!..
САФАРБЕК (ботинан аз касбаш ифтихор намуда). Ман ба касби Шумо ҳасад мебарам, амак! Хислати инсон аҷиб… Яке ба дигаре ҳасад мебарад.
ХОЛШАРИФ. Ман як касб дорам, аммо Шумо ҳазор касб доред.
САФАРБЕК. Фақат дар саҳна, амак!.. Касби Шумо ба одамон ҳусни иловагӣ ато мекунад. Агар як фардро зебо пӯшонед, худи ҳамин як ҷаҳон гап аст.
ХОЛШАРИФ (бо нигоҳи одами ҷаҳондида). Шумо, додарам, бо касби худ ба мардум ғизои рӯҳӣ мебахшед. Кадомаш беҳтар? Либос баданро оро медиҳад, на майнаро. Ман барои ҳама либос медӯзам. Ман фармонбардорам. Аммо Шумо метавонед ҳукм бароред! Касби Шумо барои пеш бурдани ҷамъияти мо беҳамтост… Санъат!!!
САФАРБЕК (чашмонашро молида) Амакҷон, имрӯз ин қадар касби маро таъриф кардед?
ХОЛШАРИФ. Чунки дирӯз ба воситаи телевизиони марказӣ як асари хубро тамошо кардам. Пандомӯз буд он асар. Ҳамкасбони Шумо, умрашон дароз бод, хуб бозиданд…
САФАРБЕК. Ташаккур!.. На ҳама ба касби мо чунин баҳои баланд медиҳад. Худатон медонед, ки агар духтаре ба артист расиданӣ шавад, хешу ақрабо бо ҳар баҳона зиддият нишон медиҳанд. Албатта, ман шароити худамонро дар назар дорам…
ХОЛШАРИФ (оҳ кашида). Ин кори маълум… Биёед, бозии он касро давом диҳед! Мирфозил телефон шуда рафтанд.
САФАРБЕК (андешаманд). Мабодо қаҳрашон наояд?
ХОЛШАРИФ. Қаҳрашон ояд, донаҳоро чун пештара мечинем.

Сафарбек ба сари тахтаи шоҳмот менишинад. Ду тараф андаке хомӯшона дона меронанд. Мирфозил оташин меояду гап назада шоҳмотро чаппа карда, донаҳоро меғундораду меравад.
Холшариф ва Сафарбек аз ин кори ногаҳонии Мирфозил дар ҳайрат монда, ба ҳамдигар саволомез менигаранд…

САФАРБЕК. Ана ғизои рӯҳӣ!..
ХОЛШАРИФ. Не, ин ҳусни иловагии одам.
САФАРБЕК. Амак, ман шоҳмоти худамро меорам. (Аз ҷо ҷаста мехезад). Воқеан, калидам нест-ку…
ХОЛШАРИФ. Ташвиш накашед. Бозӣ карда шудем. Ман як ҳафта пеш барояш либоси зебо дӯхта дода будам… Ин чӣ кори кардагиаш буд. Ҳӯ, касофате!.. Бе дона маро мот кард.
САФАРБЕК (чизеро ба хаёлаш оварда). Ҳа-а фаҳмидам…
ХОЛШАРИФ. Чиро фаҳмидед, додарам?
САФАРБЕК. Ман имрӯз дар як вохӯрӣ саҳначае бозӣ карда будам.
ХОЛШАРИФ. Ман бозӣ накардаам-ку?! О, худаш маро аз сари корам хезонда овард. Ҳӯ, касофате… Истед… (Хеста меравад).
САФАРБЕК (ғазаболуд, худ ба худ). Одамон аҷоиб-а?! Аллакай хабар расонданд. Агар гуноҳаш набошад, маро як шаппотӣ мезад. Амаки Холшариф чӣ бадӣ доштанд? Гӯё он касро як шатта зада рафт, не-е, ман ин корашро ҳамин тавр намемонам! Агар давраи дуэл мебуд…

Сафарбек хеста меравад. Аммо баъди лаҳзае ҳамроҳи Ҷаҳонгул (Жанна) бармегардад. Равшан аст, ки ӯро Ҷаҳонгул аз роҳаш гардондааст.

ҶАҲОНГУЛ. Шумо ба он ҷо наравед!
САФАРБЕК. Барои чӣ?.. Падаратон моро таҳқир карданд… Магар ҳамсоягарӣ ҳамин тавр мешавад? Тахтаи шоҳмот аз кӣ зиёд?!
Ман ҳам дар хона дорам, беҳтаринашро дорам. Аммо ҳоло ба хонаам даромада наметавонам. Назди амаки Холдшариф ман дар хиҷолат мондам…
ҶАҲОНГУЛ. Айби ман. Медонистам, ба телефон даъват намекардам.
САФАРБЕК. Чӣ гап шуд? Дар телефон чӣ гап шуд?!
ҶАҲОНГУЛ. Гапи он тарафро ман нашунидаам… Хайрият, ки тахтаро ба саратон назадаанд. Бо ҳамин ният омада буданд.
САФАРБЕК (механдад). Оҳ, ҳамсояи меҳрубон!.. Мегӯянд, ки касби ман ба мардум ғизои рӯҳӣ мебахшад…
ҶАҲОНГУЛ. Шӯхӣ нафаҳмед. Магар Шумо ба касе дар хусуси падарам гап задед?
САФАРБЕК. Дар хусуси падаратон?
ҶАҲОНГУЛ. Бале. Дар бораи падари ман.
САФАРБЕК. Ҳаргиз не... Фақат имрӯз дар як вохӯрӣ ман саҳнае бозидам. Номи падаратон набуд. Шояд кадоме аз ҳозирон сурати ин касро дида бошаду занг зада бошад… Ман ба ҳамсояҳои меҳрубони худ ҳеҷ вақт бадӣ намехоҳам. Ман артист. Дар ҳама ҷо неку бади ҳаётро ба назари мардум муоина мекунам. Ин вазифаи ман аст…
ҶАҲОНГУЛ. Шумо ҳамсояҳоро писанд намекунед.
САФАРБЕК (чашмонашро калон кушода). Кӣ гуфт?
ҶАҲОНГУЛ. Ҳама мегӯянд. Ҳама мебинанд, ки Шумо баъзан ба касе нигоҳ накарда, ба роҳраватон даромада меравед.
САФАРБЕК (хандида). Ман ба худам тақлид мекунам. Вақте сари одам бо фикри осмон банд бошад, чашми вай заминро дида наметавонад… Ҳамсояҳои меҳрубони ман ҳам дар заминанд. Агар надида гузарам, ман Сафарбек нею ягон одами дигарам!
ҶАҲОНГУЛ. Шумо боз шӯхӣ мекунед?
САФАРБЕК. Ин ҳаргиз шӯхӣ нест… Амаки Холшариф ҳаргиз аз ман гила намекунанд. Зеро ҳаёти ҳамкасбони маро нағз тасаввур карда метавонанд… Афсӯс, ки навакак падаратон он касро барои ду донаи чӯб ранҷонданд…
ҶАҲОНГУЛ. Ҳоло он кас дар назди падарам.
САФАРБЕК. Мехоҳам, ки дар ин иморат осоиш бардавом бошад!.. Ҷаҳонгул!
ҶАҲОНГУЛ. Лаббай!
САФАРБЕК. Шумо кай тӯй мешавед?
ҶАҲОНГУЛ (даме хомӯш монда) Оё барои ҳамсояатон домод ёфтед?
САФАРБЕК. Накофтаам… Умуман донистан мехостам.
ҶАҲОНГУЛ (хаёл карда). Росташро гӯям, ин саволатон аз рӯи одоб набуд, ҳамсоя!..

Ҷаҳонгул ранҷида, ба тарафи дигар баромада меравад. Сафарбек аз паи вай нигоҳ карда мемонад. Ба назар мерасад, ки вай аз саволи додааш пушаймон аст.

САФАРБЕК (худ ба худ). Чаро ман чунин савол додам?.. Тӯй шудан ё нашудани вай ба ман чӣ дахл дошт… Афандӣ. Хайр, тири аз камон ҷаста барнамеояд! Барои чӣ Мирфозил ҳавлии дабдабаноке сохтаасту намекӯчад. Шояд барои ҳамин пурсида бошам…

Дар ба рӯям ёр баста,
Номае мондааст дар даста.
Кай шавад, ин тараф фитад гузараш?
Меравам ман ба хонаи падараш!

Сафарбек баромада меравад. Холшариф меояд. Вай чор тарафро аз пеши назар мегузаронад, касеро меҷӯяд. Қафои айвончаро хабар мегирад.

ХОЛШАРИФ. Сафарбек рафта мондаанд-ку… Як телефон сабаб шуд, ки ин шабамон ҳаром шавад. Ман дигар рӯи тахтаи шоҳмотро набинам!.. Худамро қимоб эълон мекунаму мегардам… Лаббай?! Хӯш-э…

Холшариф аз саҳна рафтанӣ мешавад. Дар ҳамин фурсат як марди роҳгузар пайдо мешаваду ба Холшариф муроҷиат мекунад.

РОҲГУЗАР. Домулло!
ХОЛШАРИФ. Лаббай?
РОҲГУЗАР. Мехостам, ки як гапро аз Шумо пурсам.
ХОЛШАРИФ. Марҳамат, сад гапро пурсед.
РОҲГУЗАР. Сафарбек Камоловро мешиносед?
ХОЛШАРИФ. Рақами хонаашон 23
РОҲГУЗАР. Ташаккур!
ХОЛШАРИФ. Биёед, ман нишон диҳам.

Роҳгузар ва Холшариф мераванд. Ҷаҳонгул дар даст китоб сурудхонон ба саҳна бармегардад.

ҶАҲОНГУЛ (Суруд):

Лабони ёри мо ғарқи табассум,
Нигоҳаш, гӯӣ, оташпора бошад.
Даруни ин дили овора бошад –
Шуда сӯрох аз барқи табассум!
Табассум ин қадар зебо шавад-мӣ?
Ба ҷонам, то кунун мислаш надидам.
Ба ёдаш меҳри поке парваридам,
Дами васле насиби мо шавад-мӣ?
Замину осмон ғарқи табассум,
Табассум мекунад моҳу ситора.
Вале чун ёр бинмояд назора –
Аён гардад ба мо фарқи табассум!

Оҳ табассум!.. (Оҳ мекашад). То пагоҳ ин китобро бояд хонаму ба соҳибаш гардонам… Оҳ, табассум!..

Ҷаҳонгул ба тарафи хонаашон мегузарад. Холшариф ва роҳгузар гапзанон баргашта меоянд.

ХОЛШАРИФ. Калидам нест гуфта буду ман гумон кардам, ки занаш омада бошад. Чунки нав ҳамроҳ будем…
РОҲГУЗАР. Кай меомада бошанд?
ХОЛШАРИФ. Намедонам… Биёед, дар айвонча нишаста меистем. Агар дер оянд, меҳмони ман мешавед!
РОҲГУЗАР. Камтар интизор мешаваму агар наоянд, меравам!

Холшариф ва роҳгузар дар айвонча рӯ ба рӯ менишинанд.

ХОЛШАРИФ. Ба Сафарбек хеш ҳастед?
РОҲГУЗАР. Не. Ман ошнои қадрдони падарашон. Умуман, мо аз як диёр ҳастем…
ХОЛШАРИФ. Аз падарашон салом овардед?!
РОҲГУЗАР. Бо як илтимос наздашон омадам. Албатта, салом ҳам овардам… Худи ман дар ин шаҳр касеро намешиносам…
ХОЛШАРИФ. Тасаввур кунед, ки як шиносатон манам…
РОҲГУЗАР. Ташаккур! Сафарбек одами машҳур. Он кас метавонанд, ки маро бо як одами даркорӣ шиносонанд.
ХОЛШАРИФ. Кӣ будааст он одам?
РОҲГУЗАР. Холшарифи самарқандӣ. Дӯзанда…
ХОЛШАРИФ (худро ба нофаҳмӣ зада). Ҳа-а… Либос медӯзонед?
РОҲГУЗАР (табассум карда). Дар ҷои худамон ҳам либос дӯзондан мумкин аст. Аммо…
ХОЛШАРИФ (шавқманд). Хуб, чӣ хизмат доштед?
РОҲГУЗАР (бо ҳасрат). Дар бисотам як писар дорам. Молу давлат ҳаст. Колхозҳои мо бой. Ҳавлии курорт дорем… Дар соҳили дарё. Ҳамин писари ягона соли гузашта ба мактаби олӣ қабул шуда натавонист.
ХОЛШАРИФ. Хайр?
РОҲГУЗАР. Соли пешаш ҳам қабул шуда натавониста буд.
ХОЛШАРИФ (ҳазломез). Соли пешаш чӣ?
РОҲГУЗАР. Дар мактаб мехонд.
ХОЛШАРИФ. Агар ду сол қабул шуда натавониста бошад, монед, ки дар колхоз кор кунад.
РОҲГУЗАР. Дар колхоз кор мекунаду… аммо талаби замона хондан будааст.
ХОЛШАРИФ. Боз қабул шуда натавонад, ягон ҳунар омӯзад… Ҳозир обрӯи механизатор аз обрӯи олим ҳам баланд шуда мондагӣ.
РОҲГУЗАР. Гапатон рост. Аммо духтарҳои шаҳр ба нохонда намерасанд.
ХОЛШАРИФ. Аз қишлоқ зан мегирад.
РОҲГУЗАР. Ба қавли модараш, писарамон аз шаҳр зан гирифтанӣ будааст. Ман намедонам… Вай яккаписар. Барои вай як ҳавлӣ ҳам созонда мондаем. Ҳоло писархолаам зиндагӣ мекунад.
ХОЛШАРИФ. Дар ин шаҳр касеро намешиносам, гуфтед-ку?!
РОҲГУЗАР. Аз дасти вай ягон кор намеояд.
ХОЛШАРИФ. Ҳо, ин тавр гӯед?! Ҳӯ, касофате…
РОҲГУЗАР. Гуфтанд, ки додарзодаи ҳамон Холшарифи дӯзанда иншо мегирифтааст. Бо умеди шиносшавӣ ба назди Сафарбек омада будам. Он кас ҳам ҳаял карданд…
ХОЛШАРИФ. Меҳмон, агар Шумо либос дӯзонданӣ мебудед, мегуфтам, ки ҳамон одам манам. Аммо…
РОҲГУЗАР (хушҳол шуда). Шумоед?
ХОЛШАРИФ. Не, ман нестам… Додарзодаи ман се сол пеш писари амаки худашро гардонд. Восита нашудам. Писаратонро ба имтиҳони қабул агар хубтар тайёр кунонед – мегузарад. Бовар кунед, ки ман аз таҷрибаи худам мегӯям. Маслиҳати ман ҳамин аст, меҳмон! Ҳар вақте барои худатон ё писаратон либос дӯзондан хоҳед, назди ман биёед. Бе ҳеҷ хел воситачӣ дӯхта медиҳам. Рақами хонаи ман 24.

Холшариф ба қафояш нигоҳ накарда меравад. Роҳгузар дар ҷояш беҳаракат мемонад. Сафарбек аз дур шеър ёд карда меояд. Вай "Дар ҳаҷви Султон Маҳмуд"-и Фирдавсиро мехонад. Баъди дохили саҳна шуданаш хомӯш хаёл карда мемонад. Роҳгузар аз ҷояш мехезад, аммо ҳаракат намекунад.

РОҲГУЗАР. Сафарбек!
САФАРБЕК (нигоҳ мекунад). Кист он ҷо?
РОҲГУЗАР. Ман!.. Дӯсти падаратон. (Назди Сафарбек меояд).
САФАРБЕК. Салом, амак! Лекин бубахшед, ки Шуморо нашинохтам.
РОҲГУЗАР. Салом! Ман Шуморо мешиносам. Шумо хурд будед…
САФАРБЕК. Ҳама ҳам дар вақташ хурд буданд… Ҳатто Фирдавсии бузург хурд буд. Ба хона таклиф карда наметавонам, зеро худам дар берун мондаам.
РОҲГУЗАР. Лозим не.
САФАРБЕК. Писаратонро овардед?
РОҲГУЗАР. Чӣ хел донистед?
САФАРБЕК (бо киноя). Вақте дӯсти падар дар арафаи имтиҳони қабул туро кофта меояд, ҳамааш маълум!.. Восита шуда наметавонам!
РОҲГУЗАР. Ҳамсояатон одами…
САФАРБЕК. Амаки Холшариф одами хубанд. Аммо он кас восита намешаванд. Ман хислати он касро хуб медонам. Писари худаш бори аввал "ду" гирифта буд. Аз додарзодаашон наранҷиданд…
РОҲГУЗАР. Бо нияти нек ду гӯсфанд поида гашта будам. Падаратон ҳам медонанд, Сафарбек!
САФАРБЕК. Пора медиҳед?! Ба кӣ?
РОҲГУЗАР. Сафарбек! Ман пора доданӣ нестам. Агар аз иншо "чор" гирад, як зиёфатча-дия…
САФАРБЕК. Оҳ, аз фаҳми баъзеҳо мурдем-ку?! Агар писаратон савод дошта бошад, ҳоҷати зиёфат нест. Ба макатби олӣ босаводонро қабул мекунанд, амак!
РОҲГУЗАР (бо умед). Қабул шавад – он тарафаш мехонад, додарам.
САФАРБЕК. Ман ҳам мехоҳам, ки қабул шавад. Бо каллаи худаш қабул шавад. Гапе, ки ман аз Шумо шунидам, каси дигар нашунавад... Агар Шуморо падарам назди ман фиристода бошанд…
РОҲГУЗАР. Не, не… Ман худам омадам. Баъзеҳо мегӯянд, ки…
САФАРБЕК. Хато мегӯянд. Як падари давлатдор ва як муаллимчаи беор сохтакорие карда буданд. Қонуни одилонаи мо, қурбонаш шавам, ҳардуро ҳам ба дорулахлоқ роҳӣ кард. Ман артист… Оё Шумо мехоҳед, ки ман Сафарбек Камолов, писари дӯсти Шумо, шаби душанбе гӯсфандҳоятонро ба воситаи телевизион андаке "таъриф" карда монам?
РОҲГУЗАР (ба ваҳм афтода). Ин кор аз дасти Шумо намеояд, додарам. Шӯхӣ мекунед. Наход, ки…
САФАРБЕК (ҷиддӣ). Шӯхӣ намекунам! Фамилияатон чӣ буд?
РОҲГУЗАР (боварӣ ҳосил намуда). Ташаккур! Ман фамилия надорам…

Роҳгузар зуд баромада меравад. Сафарбек баланд механдад. Хандаи вай артистона аст… Дар ҳамин фурсат Холшариф як чойнаку як пиёла бардошта меояд. Вай ҳолати Сафарбекро дида, дар як гӯша бо ҳайрат меистад. Ҳамин ки хандаи Сафарбек басанда шуд, сӯи айвонча равон шуда, гап мезанад.

ХОЛШАРИФ. Ҳа, Сафарбек?!
САФАРБЕК. Э, амак, э, амак!.. Шумо надидед, ки вай чӣ хел гурехта рафт?!
ХОЛШАРИФ. Ошнои падаратонро мегӯед… Биёед, чой менӯшем. Хона гармӣ кард…
САФАРБЕК. Вай бо Шумо вохӯрда буд?
ХОЛШАРИФ. Бале!.. Ҳӯ, касофате…

Сафарбек ва Холшариф ба айвонча гузашта менишинанду саҳна торик мешавад.
Охири намоиш.





МУНДАРИҶА | Идома »