Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

СУРУДИ ҶОВИДОН АСТ Ӯ

Ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ

Ҳайдар Қосимов


Ҳамин марди наҷиб,
Ин одами бас меҳрубонеро,
Зафаровар далереро,
Далери қаҳрамонеро,
Ки дорад корҳои хуб дар саҳрои колхозӣ,
Ба азму ғайраташ қоил намояд ӯ ҷаҳонеро,
Бидидам дар канори Вахш,
Диёри номдори Вахш,
Дар оғӯши баҳори Вахш!
Ба вай зебанда афтодаст, мебинед, мӯи лаб,
Ба монанди ду абрӯяш, ки мебошад мисоли шаб.

Ду рӯяш чун анори сарзаминаш сурх мебошад.
Ду чашмони дурахшонаш,
Дурахшонанд чун кавкаб.
Замину осмон аст ӯ,
На одам, балки ҷон аст ӯ,
Суруди ҷовидон аст ӯ!
Даме хасми ҷаҳонсӯзе биёмад бар сари кишвар,
Ба хоки поки мо бинмуд зулми бениҳоят сар,
Ба майдони набард аз водии зархез роҳӣ шуд,
Ки то бинмояд аз хасми башар пок ин Ватан-модар!

Ҷасоратро ҳувайдо кард,
Ғазаб гирдоби дарё кард,
Нагун вай ҷисми аъдо кард!
Гирифт ӯ интиқоми дӯстони меҳрубонашро,
Ба пеши чашм оварда диёри зарфишонашро,
Барои шӯҳрати шахсии худ ҳаргиз намекӯшид,
Барои ҷӯраҳояш рӯи каф бигрифт ҷонашро.
Қасоси дӯстон бигрифт,
Дар оғӯшаш ҷаҳон бигрифт,
Ҳаёти ҷовидон бигрифт!

Пас аз он ҳарбу зарби беамон баргашт бар водӣ,
Паи кори наҷиби худ миёнро баст бо шодӣ.
Ба шахсе ҳам даҳон накшод ӯ аз қаҳрамониаш,
Тамоми кор дар колхоз мекард ӯ ба устодӣ.
Чӣ марди хоксоре ӯст,
Фақат аз пушти коре ӯст,
Шукӯҳи навбаҳоре ӯст!

Гузашт аз байн чандин моҳу сол,
Обод шуд водӣ,
Зи қайди нотавониҳои ҷанг
Озод шуд водӣ!
Касе, ки зинда монд аз мардҳои рафтааш бар ҷанг,
Биёмад, Аз паи кораш шитобид,
Шод шуд водӣ!
Китоби сидқро хонданд,
Ба меҳнат диққате монданд,
Гулу гулдаста рӯёнданд!
Гузашт аз байн чандин моҳу солу
Хушхабар омад,
Ки як тоҷики вахшӣ қаҳрамони пурҳунар омад,
Худи соҳибҳунар аз ин хабар дар изтиробе монд,
Ки номи қаҳрамонӣ аз паи ӯ назди дар омад,
Бишуд маҷлис дар колхоз,
Ситора буд беҳад соз,
Ҳама буданд сарафроз.

Шуданд аз ин хабар дилшод мардони наҷиби Вахш,
Бишуд, як қаҳрамони некноме ҳам насиби Вахш.
Ҳама аз хоксории чунин фарзанд болиданд,
Гулу ҳам офтобе тӯҳфа шуд бар ин ҳабиби Вахш.
Гузашт аз байн чандин сол,
Туӣ марди накӯиқбол,
Қадам монӣ ба истиқбол!

Ҳамин марди наҷиб,
Ин одами бас меҳрубонеро,
Зафаровар далереро,
Далери қаҳрамонеро,
Ки дорад корҳои хуб дар саҳрои колхозӣ,
Ба азму ғайраташ қоил намояд ӯ ҷаҳонеро,
Бидидам дар канори Вахш,
Диёри номдори Вахш,
Дар оғӯши баҳори Вахш!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »