Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ПАЙҒОМИ БАҲОР




Оташи дил,
Оташи рӯҳи равон –Мефурӯзад,
Мефурӯзад бегумон.
Ин гиёҳи мурда эҳё мешавад,
Ки асоси шодии мо мешавад!
Хонаро ҳамчун баҳор оростӣ,
Ин саҳар омад баҳор, аз ростӣ!
Омаду дар дидаи ман ҷо гирифт,
Тоҷикистон ҳусни беҳамто гирифт.
Он қадар дил ҷуст айёми баҳор,
Ки ҳама шодон зи пайғоми баҳор.
Инчунин пайғом –Ҳар як коргар
Мекунад дар корҳои худ зафар!
Инчунин пайғом –Ҳар як пахтакор
Пахта мекорад ба уммеди баҳор.
Инчунин пайғом –Ҳар як раҳгузар
Сӯи истиқболи худ дорад назар.
Инчунин пайғом:Ҳар як ошиқе
Дӯст медорад, бидуни ташвиқе!
Ман ҳам ошиқ будаму Рӯзи баҳор
Ранги дигарро гирифт ишқу қарор.
Рафт аз ман он нигори нозанин,
Гуфт бар ман:


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »