Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

АНЗАРАИ БЕГОҲ



Дилҷӯии кӯҳу дараи деҳаи ман
Арзанда барои заҳмати рассомон.
Зебост аҷаб манзараи деҳаи ман
Ҳангоми ғуруби офтоби тобон.

Аз мӯрии ҳар хона бипечад ба фазо
Дуде, ки аз он бӯи таоме ояд.
Гову бузу гӯсфанди мардум зи чаро
Бигрифта барои шаб ғизо, меояд.

Ҳар ҷой, ба боми оғиле ё каҳдон
Бинӣ ғарами бедаю хошок чу кӯҳ,
Ин аз тирамоҳи деҳаи мост нишон,
К-ин ҳам ба шукӯҳи деҳа як хел шукӯҳ.

Оранд гурӯҳи духтарон об аз руд,
Дар тори сари хеш сатил бинҳода.
Ҷо-ҷо дую се ба ҳам ҷавонҳо хушнуд
Дар сӯҳбату гуфтугузор истода.

Аз кӯчаю боғу хона бӯи тирамоҳ
Ҳоло ба ҳавои деҳа омехта аст.
Афрӯхта шуд чароғ, гӯӣ, зи фазо
Борони ситора бар замин рехта аст.

Бинед басе, то асар иншо кардан,
Бо дидаву бо нигоҳи дил, рассомон!
Зебост аҷаб манзараи деҳаи ман
Ҳангоми ғуруби офтоби тобон.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »