Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

РӮЗИ ИД ОМАД...



Рӯзи ид омад, азизам, рӯзи ид,
Дар дилам аз шавқ тобад офтоб.
Ман ба роҳи меҳмонҳо интизор
Дар лаби дарёчаи шӯхи пуроб.

Ин ҳамон дарёчае, ки мову ту
Борҳо дар соҳилаш вохӯрдаем...
Мавҷи шӯхашро тамошо карда, мо
Дода дил, аз ҳамдигар дил бурдаем.

Меҳмонҳо омаданду ҷои ту
Холӣ аст ин дафъа, ёри меҳрубон.
Чунки шаҳр имсол меҳмонат намуд,
Карда даъват дар қатори ғолибон.

Кӯчаҳои шаҳр дарё мешаванд,
Мавҷ-мавҷи рафтуои одамон.
Бигзарӣ имрӯз бо он мавҷи шӯх,
Назди минбарҳо ту ҳам қарсакзанон.

Радиоро монда дар қишлоқ ман,
Мешиносам қарсаки дасти туро.
Радиоро аз фараҳ созам баланд,
Кӯҳҳо ҳам то диҳанд акси садо!

Рӯзи ид омад, азизам, рӯзи ид,
Дар дилам метобад аз шавқ офтоб.
Мекунам табрик, гӯё, ман туро
Дар лаби дарёчаи шӯхи пуроб.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »